Дар ягон давраи рушди давлат ба монанди замони имрӯз нақши иттилоот ҳамчун воситаи амалинамоии сиёсати хориҷӣ то ба ин андоза зиёд, муҳим ва ҳалкунанда набуд. Дар гузашта, масалан, аз ибтидои пайдоиши аввалин давлатҳо то асрҳои миёна табиати сиёсати берунии кишварҳоро иқтидори ҳарбӣ муайян мекард ва дар баробари инкишоф ёфтани низоми муносибатҳои сармоядорӣ, захираҳои иқтисодӣ муайянкунандаи нуфузу эътибори давлат дар сиёсати ҷаҳонӣ шуданд. Дар замони муосир бошад, ба ин ду унсури анъанавии қудрат воситаҳои навини иттилоотию иртиботӣ зам шуданд, ки акнун бидуни истифодаи онҳо сиёсатгузории дурусти дохилӣ ва хориҷию байналмилалии кишварҳои ҷаҳон аз имкони воқеӣ берун мебошад.

Кишварҳои ҷаҳон дар заминаи дарки неруи афзояндаи иттилоот ва воситаҳои иттилоотӣ тули ду-се даҳсолаи охир ба истифодаи интернет ва технологияи иттилоотию иртиботӣ дар сиёсати дохилию хориҷӣ ҷиддан рӯ оварданд, ки тадриҷан ба як унсури ҳатмии рушди тамоми соҳаҳо табдил ёфт. Маҳз дар партави истифодаи васеи технологияи рақамӣ ҷиҳати анҷом додани вазифаҳои гуногуни сиёсати хориҷӣ номгӯи зиёди истилоҳоти нав ба монанди “дипломатияи иттилоотӣ”, “дипломатияи интернетӣ”, “дипломатияи рақамӣ”, “дипломатияи шабакавӣ”, “дипломатияи электронӣ”, “онлайн-дипломатия”, “веб-дипломатия” ва ғайраҳо дар гуфторҳои сиёсӣ серистеъмол гардида, ба гардиши васеи иттилоотӣ ва матнҳои илмию оммавӣ ворид шуданд.

Ҳамзамон, вобаста ба рушди бесобиқа ва зиёд шудани сафи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии “Twitter”, “Facebook” ва “YouTube” истифодаи мафҳумҳои шабеҳ, аз ҷумла “Твитпломатия”, «Facebook-дипломатия» ва «YouTube-дипломатия» низ тадриҷан маъмул шуданд, ки бевосита аҳаммияти ин шабакаҳоро дар дипломатия ифода менамоянд.

Соли 2019 ҷаҳонро якбора пандемияи COVID-19 фаро гирифт ва он ба кулли соҳаҳои ҳаёти аҳолии сайёра, тамоми самтҳои муносиботи байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ расонид. Бесарусомонии глобалӣ дар баробари соҳаҳои дигари фаъолият ҷаҳони дипломатияро низ дар канор нагузошт ва боиси бавуҷудоии таҳаввулоти ғайричашмдошт дар ин бахш шуд. Вале ҳолати мазкур чандон тӯл накашид ва бо шарофати дастовардҳои техникӣ, хусусан, мавҷудияти платформаҳои иттилоотию рақамӣ, дипломатия ба фазои маҷозӣ интиқол ёфт. Кишварҳо, сохторҳои дипломатӣ  ва созмонҳои байналамилалӣ дар шароити маҳдудиятҳои эпидемиологӣ ба усули онлайнии баргузории нишастҳои сатҳи баланд, мулоқоти расмӣ, форумҳо, конфронсҳо тариқи барномаҳои иртиботӣ, асосан “Zoom” руй оварданд ва ба вазъи бавуҷудомада зуд масуният пайдо карданд. Тариқи “Zoom” баргузор шудани нишастҳои дипломатии сатҳи гуногун тадриҷан ба ҳукми анъана даромада, бо ин васила набзи дипломатияи сайёравӣ ҳифз шуд ва сабаби пайдоиши боз як вожаи нав – “зумпломатия” (Zoomplomacy), яъне “дипломатия тавассути Zoom” гардид.

Ҳам аз лиҳози мазмун ва ҳам дар амалия истилоҳоте, ки дар боло оварда шуданд, якдигарро пурра намуда, дар маҷмӯъ кӯшиши давлатҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои дипломатӣ бо истифода аз Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои махсуси иртиботӣ ва технологияҳои коммуникатсионӣ ифода мекунанд. Ин падидаҳо вазифаҳои асосии дипломатияро тағир надодааст, аммо имкон фароҳам овард, ки ин вазифаҳо бо ёрии воситаҳои  нав татбиқ карда шаванд.

Ба андешаи мо дар мақолаи мазкур истифода намудани истилоҳи “дипломатияи иттилоотӣ” нисбатан мувофиқ мебошад. Зеро ҳам аз лиҳози мазмун “дипломатияи иттилоотӣ” нисбатан фарогир аст ва ҳам дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан истилоҳи “дипломатияи иттилоотӣ”  истифода шуда, он яке аз  самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷӣ шумурда шудааст. Дар консепсияи мазкур ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳадафи асосии дипломатияи иттилоотӣ мусоидат ба таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дарвоқеъ, вақте масъалаҳои глобалӣ миллӣ ва масъалаҳои миллӣ глобалӣ мешаванд, аз қабили эпидемия ва пандемия ва марзи ҷуғрофии давлатҳо ба руйи ҳам баста мешавад, ба ҷойи интизори рафъи вазъият шудан, истифодаи усулҳои иттилоотию шабакавии ба роҳ мондани иртиботи дипломатӣ аҳаммияти хоса касб мекунад.

Нуктаи болозикр ҳақиқати худро вақте собит намуд, ки тамоми ҷаҳонро пандемияи каронавирус  фаро гирифта, боиси мушкилоти зиёди кишварҳои сайёра шуд. Пандемияи мазкур  бисёре аз фарзияҳои классикии башарро оид ба беҳдошту саломатӣ ва робитаҳои ҷамъиятӣ дигар кард. Шаклҳои зиёди иртиботи физикии одамон дар тамоми ҷаҳон маҳдуд шуд ва дар натиҷа фаъолияти интернитию иттилоотӣ ҳамчун воситаи  асосии муошират ва иртиботи байнишахсӣ, байниидоравӣ ва байнидавлатӣ афзалият пайдо кард.

Рӯйдодҳое дар даврони пандемия ба назар расиданд, ки қаблан тасаввурашон хеле мушкил буд. Масалан, тавассути видеоконфронс эътимодномаи худро ба ҳукумати хориҷӣ пешниҳод намудани сафирон, ба ҷои сафарҳои физикӣ дар кишвари хориҷа, сайри маҷозӣ (виртуалӣ) намудани дипломате, ки нав таъин шудааст ва ғайра. Ҳатто “хуроки шом” ҳамчун ҷузъи дигари ташрифоти дипломатии дипломатҳо тариқи интернет баргузор гардид ва дар чунин мулоқот барномаи Zoom  ҳамчун платформаи маҷозии муошират барои дипломатияи бисёрҷониба хизмат кард. Дар умум, бӯҳронии бавуҷудомада нишон дод, ки як беморӣ то чӣ ҳад метавонад ба муносибатҳои байналмилалӣ таъсир расонад ва равандҳои муқаррарии ҷаҳониро тағйир диҳад.

Ҳамин тавр, бӯҳрони ҳамагири  COVID-19  шаклу мазмуни муносиботи ҷомеаи башариро бесобиқа тағйир дод ва боиси бавуҷудоии андешаҳои нав, фарзияву хулосаҳои мухталиф оид ба дурнамои равандҳои глобалӣ: “ҷаҳони пеш аз пандемия” ва “ҷаҳони баъди пандемия” шуд.

Тағироти шадиди вазъи сиёсию иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон боиси афзудани талабот ба таҳлили мушкилоти нав ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо шуда, ҳама мавзӯъҳои дигари сиёсати ҷаҳонӣ бо сабабҳои маълум имрӯз ба зинаи дуюм мегузаранд.

Дар пасманзари хислати ҷаҳонӣ пайдо кардани каронавирус фикру андешаҳо атрофи шакл гирфтани як навъ низоми нави олам зиёд шуданд. Баъзе аз мутахассисон нисбат ба арзёбии ояндаи башарият мавқеи писсимистонаро касб намуда, қисмати дигар нигоҳи нисбатан нармро роҷеъ ба масъала баён намуданд. Гурўҳи аввал ба ин андешааанд, ки ҷаҳонро низоми комилан нав интизор хоҳад буд. Аз ҷумла, мушвирони дипломатии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Николас Хотон ва Шахрох Шакерян дар ибтидои паҳншавии пандемия зикр намуда буданд, ки “Ҳатто агар ваксине кашф карда шавад ва вазъияти эпедимиологӣ пурра таҳти назорат қарор гирад ҳам, эҳтимоли он ҷой дорад, ки мо тарзи ҳаёти қабл аз пандемияро дигар баргардонида наметавонем”. Ба андешаи онҳо ҷаҳон ба таври бебозгашт дигар шудааст.

Сарфи назар аз андешаҳои боло, қисми дигари муҳаққиқон дар бораи шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ ҳарф заданро ҳанӯз барвақт медонанд, зеро тибқи анешаи онҳо ин бӯҳрон бовуҷуди ҳама бадбахтиҳое, ки ба сари инсоният овард, он қадар харобиовар нест, ки пас аз он дар харобаҳои сохти кӯҳнаи низоми байналмилалӣ низоми нави дигаре офарида шавад. Ин нуктаро Маҳдӣ Саноӣ, роҳбари Маркази тадқиқоти Эрон ва АвруОсиё, ҷонибдорӣ менамояд. Бовуҷуди ин, андешаи мазкур маънои онро надорад, ки нисбат ба пайомадҳои ҷиддии каронавирус дар оянда бетаваҷҷуҳӣ намуд. Хусусан, дар раванди афзоиши нақши байналмилалии дипломатия иттилоотӣ мавзўи зарфият, самаранокӣ, аҳаммият, ҷанбаъҳои мусбат ва манфии он, аз ҷумла масоили амнияти иттилоотӣ, ҳассосияти бештар пайдо мекунад. Дар ин мавзўъ, яъне самаранокии дипломатияи иттилоотӣ дар шароити пандемия алакай аз ҷониби чандин институтҳои таҳлилӣ тадқиқоти гуногун анҷом дода шудааст, ки натиҷаҳои ин тадқиқот барои дарки масъала муҳим мебошанд.

Тадқиқоти анҷомдодаи П.Вимон, ходими илмии маркази КарнегиЕвропа пас аз хурӯҷи пандемия оид ба таъсири вазъ ба диломатия бисёр ҷолиб аст. Ӯ миёни дипломатҳои зиёд тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида, ба хулосае меояд, ки истифодабарии технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти дипломатҳо дар давраи пандемия боиси баъзе натиҷаҳои мусбат шуданд. Аз ҷумла, сафарҳои мустақими хориҷӣ маҳдуд шуда, имкон фароҳам омад, ки вақт – ҳамчун манбаи қимматбаҳо захира гардад. Яъне, соатҳои зиёде, ки дар қатора ва ҳавопаймо барои дидору мулоқоти дипломатӣ сипарӣ мешуданд, акнун баҳри иҷрои вазифаҳои муҳимми дигар ва анҷом додани нишастҳои зиёди маҷозӣ сарф карда мешаванд.

Зимни пурсиши сотсиологии П.Вимон аксари дипломатҳо эътироф карданд, ки дипломатияи иттилоотӣ наметавонад тамоми қудрати дипломатияи воқеиро фаро гирад. Тариқи он метавон муколамаро таъмин намуд, мубодилаи иттилоот ва ибрози андеша кард, аммо анҷом додани гуфтушунидҳои муҳим ё ҳалли пурраи масъала номумкин аст. Ба мазмуни дигар, музокироти воқеӣ ва анҷом додани баҳсҳо атрофи масоили тақдирсози байнидавлатӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ чандон самаранок нахоҳанд буд.

Дар навбати худ, Академияи дипломатии Аморот (Emirates Diplomatic Academy) дар байни дипломатҳои амалкунанда ва собиқадорон дар қитъаҳои Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико пурсиш гузаронида, онҳоро даъват намуд, ки таҷрибаи худро дар роҳи рафъи бӯҳрони пандемия иброз доранд. Пурсиши анҷомдодашуда муайян кард, ки дипломатияи “техникӣ” дар дарозмуддат дипломатияи анъанавии “инсонӣ”-ро иваз карда наметавонад. Ба андешаи дипломатҳо “мулоқоти ҳузурӣ барои дипломатия ҳамчунон муассир боқӣ хоҳад монд, зеро усули онлайн, ки бидуни иртиботи ҳузурӣ, сӯҳбатҳои сарироҳӣ ва гуфтугӯ дар сари як пиёла қаҳва анҷом дода мешавад, имкони ба таври пурра амалишавии ҳамаи санъату маҳорати дипломатӣ ва раванди созиши мақсаднокро фароҳам оварда наметавонад”. Аксарияти пурсидашудагон усули маҷозии нишастҳои расмиро барои гузаронидани дипломатияи бисёрҷониба номувофиқ шумурданд. Бо вуҷуди ин, қисми зиёди онҳо зикр намуданд, ки намунаи гибридии дипломатия (маҷозӣ-ҳузурӣ) пас аз коронавирус дар ҷаҳон идома хоҳад ёфт, аммо ба таври тез ва самаранок пайвастан ба ин раванд пеш аз ҳама инфрасохтор, сармоягузории калон ва равона намудани таваҷҷуҳи бештар ба амнияти иттилоотиро  тақозо мекунад.

Тавре дар қисматҳои аввали мақола зикр шуд, усули фосилавии дипломатия, ки дар давраи пандемия мавриди истифода қарор гирифт, дар марҳилаи бисёр мураккабу ҳассоси пандемия як навъ “наҷот”-и муносибатҳо ва иртибототи дипломатӣ шуд ва ҳамин худ исботи муҳиммият ва нақши бузурги дипломатияи иттилоотӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.  Бо вуҷуди ин, чун анаъана, вақте ки як падида ба воқеияти ҳаёти сиёсӣ табдил меёбад, дар баробари афзалиятҳояш, паҳлӯҳои заъфи худро низ дорад. Шояд қаблан ба ин нукта кам таваҷҷуҳ зоҳир мешуд, вале чорабиниҳои зиёде, ки  тули се соли охир дар формати онлайн баргузор шуданд, дар баробари афзалиятҳо инчунин баъзе норасоиҳои дипломтияи иттилоотиро низ нишон доданд. Аз ҷумла:

Якум, таҳдидҳо ба бехатарии иттилоотӣ. Дар низоми коммуникатсия ва мубодилаи иттилоот ба ҷуз аз навовариҳои хеле зиёд, таҳдиду хавфҳои иттилоотӣ низ бисёр мебошанд. Амнияти барномаҳо ва раванди муоширати онлайниро кӣ назорат мекунад? Оё воситаи ҳуқуқии гирифтани пеши роҳи таҳдидҳо ҳаст? Барномаҳои иртиботии маҷозӣ оё амнияту маҳрамияти нишастҳои пӯшидаро таъмин карда метавонанд? Ҳамаи инҳо аз ҷумлаи саволҳое мебошанд, ки дар шароити босуръат афзалият пайдо намудани фазои маҷозии дипломатия ё ин ки дипломатияи иттилоотӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ муҳим мегардад.

Дар давраи карантини соли 2020, ки боиси гузаштан ба шаклҳои фосилавии фаъолият гардид, бисёре аз иштирокчиёни конфронсҳои онлайн, аз ҷумла дипломатҳо, ба чунин як падидаи ғайриоддӣ, “меҳмони нохонда” дучор шуданд. Чунин ҳолат ҳатто ҳангоми музокироти вазирони дифои Иттиҳоди Аврупо дар моҳи ноябри соли 2020 ба чашм расиданд. Рӯзноманигори Ҳолланд ба нишасти махфии вазирони дифоъи 27 кишвари Иттиҳодияи Аврупо, ки тариқи платформаи Zoom  мегузашт, ба таври ногаҳонӣ ҳамроҳ шуд.

Дар ин нишаст лоиҳаи махфии консепсияи ояндаи низомии ИА таҳти унвони “Қутбнамои стратегӣ”-и Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешуд. Лоиҳаи мазкур дар асоси маълумоти муштараки хадамоти иктишофии ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо таҳия шуда, хусусияти комилан махфӣ дошт ва матну муҳтавои он барои интишор пешбинӣ нагардида буд. Аз ин як мисоли возеҳ хулоса кардан мумкин аст, ки дар дипломатияи иттилоотӣ фаврият (фаврияти тамос, мулоқот ва гуфтугў) бошад ҳам, вале амнияти комил нест. Яъне ҳарчанд дар ҷаҳони маҷозӣ имкони анҷом додани табодули бештари афкор мавҷуд аст, аммо нисбати маҳрамияту махфияти онҳо мушкилоти муайян пеш хоҳанд омад. Бинобар ин, дар баробари рушди дипломатияи иттилоотӣ масоили тактикию техникии ҳифзи амнияти иттилоотӣ низ бисёр муҳим мебошад.

Дуюм, адами эҳсоси мутақобила. Тавре аз таҷриба маълум аст, муоширати дипломатие, ки тариқи экранҳо анҷом дода мешавад, аз гуфтугӯи рӯбарӯи дипломатӣ тафовут дорад. Гуфтугӯи рӯбарӯ, ки яке аз унсурҳои асосии он “забони бадан” (язык тела) мебошад, дар дипломатия бисёр муҳим аст, зеро “забони бадан”, ё унсурҳои рамзии рафтор, аз ҷумла аксуламалҳо, имову ишора, ҳиссиёт, ҳатто хомӯшӣ дар дипломатия маъноҳои хос дорад. Дар дипломатияи иттилоотӣ бошад, атмосфераи сӯҳбати кушоду равшан нисбатан маҳдуд буда, аз тариқи он “забони бадан” чандон барҷаста ифода намеёбад. Вақте сухан дар бораи муоширати онлайнии ду нафар ва ё онлайн- конфронсҳо меравад, чунин норасоӣ чандон эҳсос намешавад, аммо  агар зарурати ҳалли низоъ ё гуфтушунидҳои бисёрҷониба пеш оянд, дар ин ҳолат алоқаи ҳузурӣ муҳим мегардад.

Таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо ин воқеиятро дар давраи бӯҳрони коронавирус ба таври комил нишон дод. Нимаи дуюми соли 2020 миёни раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо оид ба нақшаи барқарорсозии молиявию иқтисодии  пас аз каронавирус тариқи онлайн мубодилаи афкори дуҷониба ва бисёрҷониба сурат гирифтанд,  ки ин мулоқот марҳилаи омодагӣ ҳисобида мешуданд. Аммо вақте баррасии лоиҳа ниҳоӣ шуд сарони кишварҳо  маҷбур шуданд, ки бовуҷуди вазъи мураккаби эпидемиологӣ барои қабули қарори хотимавӣ аз наздик мулоқот кунанд. Дар натиҷа 17 июли 2020, дар Брюссел саммити сарони кишварҳо доир гардид ва ҳатто ба далели ихтилофоти ҳалнашуда бар сари бастаи кумакҳо барои барқарор кардани иқтисоди кишварҳои аз коронавирус осебдида саммит то се рўз тамдид шуд.

Барои тасдиқи андеша мисоли дигарро низ метавон овард. Санаи 15 июни соли 2021 дар Женева ва дар шароити мураккаби эпедимиологӣ мулоқоти сарони ду кишвари абарқудрат ва дар айни замон ба ҳам рақиб В.В.Путин ва Ҷо Байден доир гардид, ки ба баррасии масоили байналмилалӣ ва мушкилоти зиёди ҳалталаби миёни ду кишвар бахшида шуда буд.

Дар шароити ҳассоси санитарии глобалӣ чунин масофаи тулониро тай намуда, ба мулоқоти ҳамдигар шитофтани сарони ду кишвари бузурги ИМА ва Федерастсияи Русия, дар ҳоле, ки имкон буд онро аз тариқи нишасти маҷозӣ анҷом диҳанд, худ шаҳодати афзалият додан ба мулоқоти ҳузурӣ мебошад.

Баргузор шудани Бозиҳои тобистонаву зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин санаи 4 феврали соли 2022, ки дар маросими ифтитоҳи он беш аз 20 сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, новобаста аз “маркази пандемия” шинохта шудани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳузури шахсӣ намуданд, боз як намунаи возеҳи ҷойгоҳи балани дипломтаия ҳузурӣ  мебошад.

Сеюм, тағйири макони вохӯрӣ ва таъсири он ба сатҳи мулоқоти дипломатӣ. Пурра асоснок шудааст, ки вохӯрии рӯ ба рӯ аз ҳама воситаи самараноктарини дипломатия мебошад, вале ин таҷриба тадриҷан иваз мешавад. Акнун минбарҳо ва долонҳои дипломатиро утоқи корӣ иваз мекунад ва аксари мулоқоти расмӣ аз утоқи корӣ берун нарафта, тариқи маҷозӣ анҷом дода мешавад. Ҳарчанд дар мулоқоти рӯ ба рӯ қаҳвахона ва роҳравҳо макони ғайрирасмии гуфтугӯ ба шумор мераванд, вале дар баробари ин, дар аксар маврид дипломатҳо оид ба масъалаҳои мавриди баҳс маҳз дар чунин ҷойҳо ба созиш мерасанд. Аз ин рў, тағйири макони мулоқоту нишастҳо ва ба низоми маҷозӣ гузаштани онҳо имкони чунин гуфтугӯҳои ғайрирасмии дипломатҳоро маҳдуд мекунад.

Масалан, дар як нишасти бисёрҷониба тафсилоти ниҳоии бисёр созишномаҳо аксар вақт тавассути дипломатияи шахсии роҳбарон ба даст оварда мешавад, ки баҳсҳои ғайрирасмӣ ва хусусиро талаб мекунад. Ин ҷиҳатҳоро дар интернет амалӣ кардан, душвор аст.

Музокироти мустақими рӯ ба рӯ ҳамеша беҳтарин роҳи таъмини наздикшавии мавқеи ҷонибҳо дар ҳолатҳои муноқишавӣ мебошад. Дур рафтан лозим нест. Қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар натиҷаи қариб чор соли талошҳои бетанаффус, ҳашт даври музокирот, бисту як мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ ба амал омад, тариқи мулоқоти онлайнӣ (ҳатто дар замони муосир) анҷом додан комилан ғайриимкон мебуд. Бештари шоҳидони раванди сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон ва муҳаққиқони ватанӣ, ҳангоми тақиқиқи мавзӯи ваҳдати миллӣ ба ин хулоса расидаанд, ки дар баробари омилҳои дигар, ҳузури шахсӣ, маҳорати пешбурди музокирот ва нақши сифатҳои шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон меҳварӣ буданд.

Ҳамин тавр, дипломатияи иттилоотӣ дар шароити пандемия иртиботи байналмилалиро ҳифз намуда бошад ҳам, вале масоили амнияти иттилоотӣ ва таҳдиду хатарҳои шабакавӣ барои рушди ҳамаҷонибаи он  монеа хоҳад шуд. Яъне фазои ба омма дастраси шабакавӣ барои ҳама гуна форматҳои дипломатия, хусусан нишастҳои пӯшида созгор нест. Аз ин рӯ, дипломатияи ҳузурӣ аҳаммияти худро гум нахоҳад кард ва қарорҳои воқеӣ дур аз форматҳои онлайн қабул хоҳанд шуд. Яъне омехташавӣ (гибридизатсия)-и дипломатия дар дурнамо тавсеа хоҳад ёфт.

Мутобиқан, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар оянда руйи даст гирифтани иқдомҳои муассири рушди дипломатияи иттилоотӣ бисёр зарур мегардад. Дар ин самт амалӣ намудани якчанд ташаббусҳои соҳавӣ муҳим ба назар мерасад. Аз ҷумла:

Якум, дар солҳои охир кишварҳои пешрафта аз имкониятҳои дипломатияи иттилоотӣ фаъолона истифода мебаранд. Масалан, дар Вазорати корҳои хориҷии Бритонияи Кабир Дафтари дипломатияи рақамӣ фаъолият дорад, ки дар пешбурди масоили сиёсати хориҷӣ аз тариқи воситаҳои рақамӣ фаъолона амал мекунад. Вобаста ба ин, ва бо дарназардошти маҳдудиятҳои шаклгиранда дар оянда, таъсиси чунин зерсохтор дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ муҳим ба назар мерасад.

Дуюм, дар шароити муосир роҳбарони кишварҳои ҷаҳон батадриҷ саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ – ҳамчун воситаи муфиди иртиботи интерактивӣ ва таъмини фаврияти нашри иттилооти расмӣ  боз мекунанд. Онҳо саҳфиаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоии маъмул ба монанди Twitter  ва Facebook боз намуда, ба ин васила шаффофияти фаъолияти худро таъмин месозанд.  Масалан, дар кишварҳои Аврупо ва Русия Twiplomacy ҳамчун қисми таркибии дипломатияи иттилоотӣ дар баробари дигар василаҳо ва усулҳои дипломатияи иттилоотӣ рушд мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии ин кишварҳо бо ин васила ба ҳама имкон медиҳад, ки тавассути Facebook ва Twitter рӯйдодҳои ҷории сиёсати хориҷиро пайгирӣ кунанд. Ин таҷриба дар ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон низ босуръат амалӣ мешавад ва ҷомеаи шаҳрвандӣ онро хеле хуб истиқбол намудааст.

Вобаста ба ин, муҳим шуморида мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳифаҳои расмии марбут ба Президенти кишвар, вазирон, сафирон ва дигар шахсони расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он ҷумла Facebook боз карда шавад. Он набояд фақат ҷанбаи  иттилоотию хабарӣ, балки хусусияти интерактивӣ дошта бошад, ки ҳангоми паҳншавии ҳангомаҳо ва овозаҳо ё дигар раванду вазъияти муҳимми сиёсӣ дар кишвар ин шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муътамад барои ифодаи мавқеи Ҳукумати кишвар хизмат кунанд.

Абдуҷабборов Маъруф,
сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии МТС
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед