Дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ падидаи ҷаҳонишавӣ сабабгори наздикӣ ва тавсеаи бесобиқаи муносибат миёни миллатҳо ва давлатҳо гардида, омили дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсонӣ барои аҳли башар мешавад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархӯрди тамаддунҳо мешавад. Аз тарафи дигар, таъсири равандҳои гуногуни асри нав аз қабили таҳоҷумҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ, дастрасии бесобиқаи инсонҳо ба иттилоот ва аз байн рафтани сарҳадҳо дар низоми иттилооти давлатҳо бо дарназардошти пешрафти технология аз кишварҳои олам роҳу усулҳои самарабахшро дар муносибат бо онҳоро тақозо менамояд.
Имрӯз дипломатияи фарҳангӣ беш аз пеш ба майдони мубориза барои тафаккур ва қалби мардумони гӯшаву канори гуногуни дунё табдил меёбад. Дар шароити муноқишаҳо ва ноустувориҳо нақши фарҳангро ҳамчун афзори “неруи нарм” набояд нодида гирифт. Ин сарчашмаи муҳими дипломатия мебошад, ки барои пешрафти манфиатҳои давлат, беҳтар гаштани ҳусни тафоҳум миёни зиёиён ва халқҳо истифода мешавад.
Ќобили зикр аст, ки имрӯз нақши фарҳанг дар муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам боло рафта истодааст. Бо падид омадани мафҳуми “неруи нарм” фарҳанг сарчашмаи муҳими дипломатия гардида, омили пешбурди манофеи давлатҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳо ва мардумони олам шудааст.
Муҳаққиқони дипломатияи фарҳангӣ бар он назаранд, ки дар шароити муосир дар баробари дипломатия табақаи зиёӣ (сиёсатмадорон, сафирон ва кормандони ҷамъиятӣ) таваҷҷуҳи асосиро ба дипломатияи мардумӣ, ба маънои мубодилаи васеи фарҳангӣ байни мардуми одӣ равона месозанд. Бо ин роҳ дар дунёи ҷаҳонишаванда фарҳанг ҷузъи таркибии сиёсати байналмилалӣ ва “неруи нарм”-и кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки муҳаққиқи англис Марк Леонард дар китоби худ “Дипломатия ба маънои дигар” ҳадафҳои асосии дипломатияи ҷамъиятиро дар асри XXI муайян месозад, ки тамоми онҳо ба рушди сиёсати фарҳангӣ равона гардидаанд:
- боло бурдани огоҳӣ оид ба кишвар;
- ташаккули симои мусбати кишвар ва арзишҳои он, таъмини нуқоти назари мусбат ва нигоҳи онҳо;
- ҷалби мардум ба сайёҳӣ ва таҳсилот ва ҳаракат додани маҳсулоти он ба хориҷ;
- ҷалби сармоя ва шарикони хориҷӣ.
Метавон гуфт, ки дипломатияи фарҳангӣ дар навбати худ меҳвари дипломатияи ҷамъиятиро ташкил дода, маҳз тавассути фарҳанг миллат ба ҷаҳониён ҳувият ва арзишу ақоиди худро муаррифӣ месозад.
Якчанд омилҳое, ки ба дипломатияи мардумӣ таъсир мерасонанд чунинанд:
- авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ;
- кӯшиши ташаккули имиҷи мусбат;
- сарчашмаҳо ва сармоягузории сиёсати фарҳангӣ;
- густариш ва маъруфияти забони давлатӣ дар кишварҳои дигари олам;
- манофеи тиҷоратии давлат.
Омилҳои мазкур аз таваҷҷуҳи давлат нисбат ба дипломатияи фарҳангӣ далолат мекунанд.
Дар робита бо ин яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона аст, ки ҳадафҳои он дар бахши 3-юм, зербахши 3,5-уми Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар шаш банд оварда шудааст. Он бо дарназардошти тамоюлҳои мазкури мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва истифодаи он бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он равона гардидааст. Чунин ҳадаф гузорӣ дар ИМА, Фаронса, Италия, кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва ғайра низ ба назар мерасад.
Расидан ба ҳадафҳои мазкури дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати хориҷии кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро тақозо мекунад:
- таҳкими пояҳои шартномавию ҳуқуқии робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ;
- ҳимояи фаъолонаи ҳуқуқ, манфиатҳо ва эътибори шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатии ҳамватанони бурунмарзӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, мусоидат ба иттиҳоди ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳифзи вижагиҳои этнофарҳангӣ, аз ҷумла забони модарӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои кишварҳои будубоши онҳо;
- мусоидат ба фаъолияти созандаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ҷиҳати таҳкими робитаҳои кишвар бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби зарфиятҳои онҳо барои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ;
- мусоидат ба фароҳам овардани шароити фарогиру муносиб барои будубош ва сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати рушди сайёҳии байналмилалӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат;
- мусоидат ба роҳандозии муколамаи байни тамаддунҳо ва динҳо бо такя ба таҷриба ва саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули таҳаммулгароии динӣ ва тамаддунӣ ва ѓ.
Дар ин мақола диққати асосӣ ба банди панҷуми аҳдофи дипломатияи фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистон равона гардидааст, ки он “мусоидат ба фароҳам овардани шароити фарогиру муносиб барои будубош ва сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати рушди туризми байналмилалӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат” ба ҳисоб меравад. Дар асоси зербахши мазкур таваҷҷуҳи асосиро ба рушди сайёҳии байналмилалӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат равона намудаем, ки дарвоқеъ, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии моро дарбар мегирад. Маҳз бо ин хотир, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №1170 дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021 қабул гардидааст, ки мақсади он вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб меравад.
Таваҷҷуҳи сайёҳӣ дар тамоми кишварҳои дунё аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо дода мешавад:
- ҷойҳои тамошобоб дар ҳама шаклҳо (таърихӣ, фарҳангӣ, технологӣ ва ғайра);
- гуногуншаклии манзараҳои табии (мавсимӣ дар тамоми фаслҳо);
- мероси ѓании таърихӣ ва эҷодӣ;
- иқлими муътадил ва дастрасии осон ба нақлиёт;
- хизматрасонии сазовори сайёҳон (меҳмонхонавӣ, паркҳо бо аттраксионҳо–воситаҳои дилхушӣ) ва инфрасохтори нақлиётӣ.
Дар робита ба масоили зикргардида бояд тазаккур дод, ки кишвари биҳиштосои мо дорои тамоми имконоти табиӣ буда, танҳо эҷоди инфрасохтори зарурӣ дар ин самтҳо зарур аст. Гарчанде, ки мо дар баъзе масоил, аз қабили бунёди инфрасохтори роҳҳо ва эҳёи ҷойҳои тамошобоби таърихӣ корҳое анҷом додаем, вале онҳо кофӣ нестанд. Мушкилоти асосӣ дар самти хизматрасонии сазовори сайёҳӣ ва дар маҷмӯъ тамоми нваъҳои хизматрасонӣ буда, он бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода шавад. Имрӯз хизматрасонӣ ҷузъи асосии маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) бузургтарин кишварҳои оламро ташкил медиҳад, ки баъзеи онҳоро ба таври зайл овардан мумкин аст: ММД-и Фаронса $2,856 трлн буда, саҳми хизматрасонӣ дар он 78,8 %-ро дар бар мегирад; Сингапур ММД-и $528,1 млрд дошта саҳми хизматрасониҳо 73,7 %-ро ташкил медиҳад.
Радабандии кишварҳоро вобаста ба созгор будан аз назари сайёҳӣ иқтисодчиён дар асоси нишондодҳои зерин муайян менамоянд:
- сатҳи рушди инфрасохторҳои нақлиётӣ ва меҳмонхонавӣ;
- сатҳи рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- амният (шахсӣ ва умумидавлатӣ);
- пешбурди мувофиќи тиҷорат;
- таъминоти ҳуқуқӣ;
- суботи сиёсӣ;
- иштироки давлат дар рушди соҳаҳои сайёҳӣ;
- рақобатпазирии нархӣ;
- тандурустӣ ва беҳдошт;
- устувории экологӣ;
- ҷалбнамоии сайёҳон;
- иқтидори табиӣ ва инсонии кишвар ва амсоли инҳо.
Аз рӯйи нишондодҳои мазкур низ, аз қабили амният (шахсӣ ва умумидавлатӣ), суботи сиёсӣ, устувории экологӣ, иқтидори табии ва инсонии кишвар Тоҷикистон дорои иқтидори бузургӣ сайёҳӣ буда, имконоти хуби сайёҳии табобатӣ – аз лиҳози растаниҳо ва обҳои шифобахшу табиат низ гуворо мебошад.
Гуногунии наботот аз лиҳози табобатӣ – зиёда аз 4,5 ҳазор навъ, аз ҷумла қариб 1 ҳазор навъи эндемикие мебошад, ки танҳо дар Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамсояи он мерӯянд. Дар Тоҷикистон беш аз 200 чашма ва манбаъҳои обҳои табобатӣ мавҷуд аст, ки дар паҳлуи онҳо истироҳатгоҳҳо бунёд ва ин навъи саёҳат инкишоф ёфтааст. Машҳуртарини онҳо «Хоҷаобигарм», «Шоҳамбарӣ», «Обигарм», «Зумрад», «Ҳавотоғ» мебошанд. Дар чашмаҳои гарми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди «Гармчашма», «Башор» ва «Шохдара» бозмондаҳои оҳакин ва намакин ба вуҷуд меоянд. Фоиданоктарини онҳо махсусан, дар истироҳатгоҳи «Гармчашма» ба назар мерасанд.
Навъҳои муҳимтарини ҳайвонот ва ҷойҳои шоёни диққати табиӣ – бабри барфӣ, бузи пармашох, гӯсфанди куҳии бухороӣ, архар мебошанд. Тоҷикистон–сарзамини қуллаҳои баланд, яхчашмаҳои бузург, дарёҳои гарму ҷӯшони бузург, кӯлҳои такрорнашаванда, ҳайвоноти ғайриодии нодир аст. Асосан куҳҳои ошёнадори ландшафти табиати зебои Тоҷикистонро инъикос мекунанд, боигарии шаклии он, ҷойҳои иқлими гуногунранги ҳаётиро ба вуҷуд меоранд. Дар ҷумҳурӣ дар муддати якуним соат метавон аз водии гарми Вахш ба минтақаи арктикии пурбарфи Помир парвоз кард. Дар асоси 13 парваришгоҳ ва мамнӯъгоҳи давлатии Зоркӯл, Ромит, Мозкӯл, Дашти Ҷум, боғи табиӣ-таърихии Ширкен ва ҳатто Боғи миллии Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ дар қатори аввал меистанд. Дар ин робита самтҳои зерини сайёҳӣ афзалиятнок ҳастанд:
- кӯҳнавардӣ, сайёҳии манотиқи кӯҳӣ ва экологӣ;
- рафтинг, паридан бо парашют ва лижаронии кӯҳӣ;
- шикори омехта;
- сайёҳӣ ба манотиқи таърихӣ ва этнографӣ;
- табобати санаторӣ ва истироҳатӣ.
Ҳунарҳои мардумӣ дар асоси сарватҳои табиат– ҷамъоварии хушкмеваҳо ва гиёҳҳои табобатӣ, сабадҳои бофтагӣ, зарфҳои сафолӣ, ҷавоҳироти заргарӣ аз сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ.
Аммо дар масъалаҳои сатҳи рушди инфрасохторҳои нақлиётӣ ва меҳмонхонавӣ, рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, пешбурди мувофиќи тиҷорат, рақобатпазирии нархӣ, тандурустӣ ва беҳдошт ва ҷалбнамоии сайёҳӣ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастем.
Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва гуманитарӣ ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки ба аҳдофи он дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ созгор мебошад.
Масалан, дар самти муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва истифодаи он бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он корҳои назаррас ба анҷом расидааст.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ ЮНЕСКО низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:
- соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;
- соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
- соли 2006 ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб таҷлил карда шуд, ки яке аз ҷашнҳои бисёр ҳам муҳим барои кишвар буд;
- соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд;
- соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси Табиии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;
- соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Пешвои муаззами миллат–Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;
- соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо доир ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Пешвои миллат–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии “60-солагии ЮНЕСКО” сарфароз гардонид;
- соли 2013 дар шаҳри Париж дар рафти 37-умин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014–2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.
Гузашта аз ин, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ марбут ба об низ дар самти муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дошта, хислати башардӯстона доранд.
Бояз зикр намуд, ки 3-юми октябри соли 2019 дар ҷаласаи 3-юми гурӯҳи кишварҳои сатҳи баланди сайёҳии узви СҲИ пойтахти Тоҷикистан ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ барои солҳои 2020–2021 интихоб гардид.
Инчунин, мутобиқи маълумоти “Портали миллии сайёҳӣ” Тоҷикистон аз ҷониби муҳимтарин оҷонсиҳо ва ниҳодҳои сайёҳии байналмилалӣ радабандӣ шудааст, ки баъзе аз онҳоро зикр менамоем:
- Оҷонсии “Globe Spots”: Тоҷикистонро дар радифи даҳ кишвари ҷолиб ќарор додааст (дар соли 2014);
- Нашриёти русии “National Geographic” (рӯзи 28 феврали соли 2016): Роҳҳои Помир ба қатори даҳ гузаргоҳи кӯҳии зебои ҷаҳонӣ ворид гардид;
- Нашрияи “The Independent”: пойтахти Тоҷикистон Душанберо кишвари бехатартарин аз лиҳози рафтуомади шабона эълон намуд;
- Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози рушди сайёҳӣ дар ҷойи дуюм ќарор дод.
Ба хотири муаррифии бештар ва расидан ба дастовардҳои назаррас, инчунин, ҷалби сайёҳон ба мамлакат амалисозии пешниҳодҳои зерин мусоидат хоҳад намуд:
- Таъсиси шабакаи телевизионии миллӣ ба хотири муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон; а) ҷойҳои зебоманзар дар ҳама шаклҳо, гуногуншаклии манзараҳои табиӣ, иқлими муътадил; б) мероси ѓании таърихӣ ва эҷодӣ.
- Бунёди инфрасохтори сайёҳӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар самти хизматрасонии сазовори сайёҳон (меҳмонхонавӣ) ва дастрасии осон ба нақлиёт дар мавзеъҳои сайёҳӣ.
- Боло бурдани фарҳанги миллии хизматрасонии сайёҳӣ миёни аҳолии мамлакат (вобаста ба меҳмоннавозӣ ва бархӯрди фарҳангии аҳолӣ) дар минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон.
- Эҷоди Консепсияи миллии дипломатияи фарҳангӣ, дар мисоли Фаронса– “Фарҳанг – сиёсат аст”, ки аз сармоягузории мунтазами давлатӣ баҳравар гардад.
- Таваҷҷуҳи асосӣ ба сатҳи тахассусии гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ба муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.
- Ташкили хатсайрҳои сайёҳии миллӣ, дар самти шинохти амалии кишвар аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва бедор намудани ҳисси ватанпарастии онҳо.
Сайҳомид Шарипов, устоди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон