Табиати инсон асосан рӯҳияи созандагӣ дошта, баҳри рушду пешрафт талош менамояд. То имрӯз мероси моддӣ ва маънавии инсон дар натиҷаи заҳматҳои софдилона ва содиқона басо ғанию рангин гаштааст. Вале ба вуҷуд омадани ихтилофҳо, даргириҳо, нофаҳмиҳо, муноқишаҳо ва низоъҳо миёни кишварҳо дар шароити муосир нисбат ба гузашта бештар гардида, вазъи ҷаҳонро мураккаб намуда истодааст. Чунин ҳолат ҷомеаи ҷаҳонро водор ба он месозад, ки барои пешгирӣ аз фоҷиаҳои бузург ва низоъҳои азими ҷаҳонӣ, паст кардани сатҳи ҷангҳои эҳтимолӣ ба паҳлуҳои тамаддуниву фарҳангии робитаҳо рӯ биёранд. Моҳияти фарҳанг, ваҳдат, тавофуқ, сулҳ, ҳамзистӣ, созиш ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳали мусолиҳатомез мебошад, аз ҳамин лиҳоз, рӯй овардан ба фарҳанг ва тамаддун ба манфиати ҷомеаи башарӣ аст.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ниёз ба арзишҳои фарҳангӣ бештар эҳсос мегардад. Тавре таъкид гардид, таҳдиду хатарҳои асри нав давлатҳоро водор месозад, барои ҳифзи бақои худ аз имкониятҳои дипломатияи фарҳангӣ бештар истифода намоянд. Имрӯз густариш додани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби фарҳанг ва ба роҳ мондани дипломатияи мардумӣ робитаҳои байни мамлакатҳоро дар асоси муштаракоти фарҳангӣ ва ҳамзистии осоишта қавӣ ва мустаҳкам мегардонад. Бинобар ин, ба миён омадани дипломатияи фарҳангӣ дар шароити кунунӣ як амри зарурӣ гардида, кишварҳо бо такя ба таҷрибаи гузаштаи таърихӣ, анъана ва урфу одат равобитро барқарор ва густариш медиҳанд. Инчунин, дипломатияи фарҳангӣ муносибатҳои мутақобилаи байни давлатҳоро устувор мегардонад. Яъне дар сиёсати байналмилалӣ дипломатияи фарҳангӣ яке аз василаҳои муҳиммии ҳамкориҳои гуногунҷабҳа гардидааст. Дипломатияи фарҳангӣ, агар аз як тараф, ба таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ шароит фароҳам орад, аз тарафи дигар, дар самти ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши бориз мегузорад.
Дипломатияи фарҳангӣ дар солҳои сиюми асри бисти милодӣ пайдо шудааст, имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ ба таври васеъ истифода мегардад, зеро фарҳанг арзишҳои миллатҳоро аз паҳлуҳои гуногун, ба монанди дин, ҳамзистӣ, урфу одат, муҳит, анъана наздик нигоҳ медорад. Сокинони ҷаҳон муддати тӯлонӣ дар паҳлуи ҳам зиндагӣ доранд ва аз диди фарҳанг байни онҳо ҳамеша омиле барои гуфтугӯ ва ҳамкории мутақобила вуҷуд доранд.
Дар ҷаҳони муосир баргузор гардидани чорабиниҳои гуногун, амсоли конфронсҳо, симпозиумҳо ва рӯзҳои фарҳангӣ робитаҳои дипломатии миёни кишварҳоро равнақ медиҳад. Имрӯз ҳар як мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дипломатияи мардумии худро рушду такомул диҳад, фарҳанги хешро дар ҷаҳон муарифӣ созад ва саҳми арзанда дар таъмини суботи ҷаҳонӣ гузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди соҳибистиқлол гардидан, аз дипломатияи мардумӣ ва дипломатияи фарҳангӣ ба таври васеъ истифода менамояд. Дар сиёсати хориҷии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати фарҳангӣ ва башардӯстонаро дар авлавият қарор додааст. Дар ин самт, ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати фарҳангии хеш дар сатҳи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳиммият ва арзишмандии арзишҳои фарҳангӣ таъкиди пайваста карда, аз тамаддуни қадимӣ ва ғаниву рангини тоҷикон ёдоварӣ карда мегӯяд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муарифии фарҳанги миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ талош ва заҳматҳои зиёд ба харҷ додааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат фарҳанги тоҷикон ҷаҳонӣ гашта, арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ мақоми байналмилалиро касб карданд. Аз ҷумла, ҷашнҳои Наврӯз, шашмақом, фалак, чакан мақоми байналмилалӣ гирифта ва ҷашни Саразм дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардида, боз чандин ҷашнвораҳои дигар дар раванди баррасӣ баргузорӣ аст.
Лозим ба зикр аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибтамаддун дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Таъкид кардан зарур аст, ки яке аз масъалаи доғ дар сатҳи байналмилалӣ ҳифзи суботи ҷаҳонӣ буда, зери хатар мондани он бештари кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои гуногуни созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои пойдории субот ва ваҳдат дар ҷаҳон сухан карда, роҳҳои ҳалли сулҳомези мушкилотро пешниҳод карда истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити кунунӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра мамлакатҳо гирифтори низоъҳо ва буҳронҳо гардида, ба бесуботӣ рӯбарӯ гардида истодаанд. Омили асосии чунин равандҳоро пеш аз ҳама бархӯрди манфиатҳо, манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо ташкил медиҳанд. Табиист, ки сар задани низоъу бетартибиҳо дар ин ё он минтақа сари роҳи рушду пешрафтро гирифта, раванди инкишофи давлатҳоро чандин солҳо бозмедорад. Вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии миллатҳоро дар шароити ногувор қарор медиҳад. Мисоли инро дар кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон мушоҳида намудан мумкин аст.
Маҳз дар чунин ҳолат дипломатияи фарҳангӣ ва мардумӣ шароит фароҳам меорад, ки мамлакатҳо миёни ҳамдигар гуфтугӯи созанда дошта бошанд. Барои бардавомии субот талошҳои созгор барои бо роҳи муколама ҳаллу фасл намуданаи проблемаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши дипломатияи фарҳангӣ басо муҳим аст.
Хулоса, башарият барои сари роҳи фоҷиаҳои бузурги инсониро гирифтан, дар тӯли таърих роҳу усулҳои гуногунро истифода намуда, ҳоло ҳам дар ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои нав аст. Ба назари мо дар пойдор будани субот ва шарикиву ҳамсоягии нек миёни кишварҳо дипломатияи фарҳангӣ нақши муҳим дорад. Суботи ҷаҳонӣ заминаи муҳиммии рушди давлатҳост. Барои ҳамин дипломатияи фарҳангӣ равобити байни кишварҳоро дар чаҳорчӯби ахлоқ, эҳтироми тарафайн нигоҳ дошта, муколамаи созандаро миёни тамаддунҳо ба вуҷуд меорад.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон