Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини миллати тоҷик дастоварди бузург ва беназир аст. Даҳҳо асосу восита ва омилу сабабро метавон зикр намуд, ки барои барқароршавии ваҳдат дар Тоҷикистон мусоидат намудаанд. Дар миёни ҳамаи ин, нақшу ҷойгоҳи се унсур – низоми демократӣ, Пешвои миллӣ ва Конститутсия хос ва аз асоситаринҳо будааст. Ин се падида на як сабаби муқаррарӣ, балки дар ҳамон шароити ҳассос фазои вуҷуду амалкарди омилҳои дигаре шуданд, ки давлат аз ҷанги таҳмилӣ раҳо ёфт ва миллат ба ваҳдат расид.

Низоми демократӣ ва назми бенизомӣ

Низоми сиёсӣ, аз ҷумла демократия дар ҳеҷ ҷомеа кафили мутлақи ваҳдат ва оромӣ нест, вале принсипҳои он, муҳимтар аз ҳама, фарҳанги баланди сиёсии омма, шароити таърихии истифода аз он, қонунмеҳварӣ метавонад бӯҳрони ҷиддиро дар давлат ба танзим дарорад.

Дар оғози бавуҷудоии ҷанги шаҳрвандӣ саҳнаи сиёсии кишварро шумораи зиёди ҳизбу ҳаракатҳо фаро гирифтанд, ки тақрибан ҳар кадоми онҳо сохтори ояндаи давлатро ба таври худ шарҳу эзоҳ медоданд. Қувваҳои гуногун – яке аз идеологяи давлати исломӣ пуштибонӣ мекард, яке ба сохти пешинаи шӯравӣ баргаштан мехост. Мушкили дар он буд, ки миёни ин қувваҳо неруи марказгурези шадид амал мекард ва ҳеҷ яке тоби таҳаммули гурӯҳи дигарро надошт.

Дар чунин шароит рӯй овардани роҳбарияти олии кишвар  ба низоми мардумсолорӣ ва ё ба режими демократӣ сабаб шуд, ки  тадриҷан маҷрои ояндаи кишвар аз лиҳози консептуалӣ ва идеологӣ муайян гард ва баҳсҳоро атрофи низоми ояндаи кишвар хотима бахшид.Гуфтан метавон, ки низоми демократӣ дар ситези нерӯҳои коммунизмгарову исломмеҳвар ба ҳайси «мобайнии тиллоӣ» баромад намуд. Зеро ин низом  ҳам ба арзишҳои суннатӣ мухолифат надошт ва ҳам консепсияи адолати иҷтимоӣ ва  ва озодии афкору андеша меъёрҳои меҳвариии он буданд. Ба мазмуни дигар, низоми демократӣ се присипҳеро дар худ муттаҳид мекард, ки қувваҳои вақт ба таври ҷудогона барояш мубориза мебурданд. 

Зуҳури пешвои миллӣ ва хатми бисёрпешвоӣ

Ибтидои солҳои 90-ум равандҳо ва талошҳо то як андоза хусусияти давлатмеҳвар ва ба манфиатҳои миллӣ нигаронидашуда буданд. Аз ҷумлаи мавзӯи забони давлатию озодии афкор ва ғайра, аммо тадриҷан кор ба ҷое расид, ки мавзӯи баҳсу мунозираҳо аз доираи мушкилоти воқеии умумимилливу умумидавлатӣ берун рафта, аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо ва қувваҳо хоҳишу талоши ба даст овардани қудрати сиёсии мамлакат оғоз шуданд. Ҳамзамон бо ин, ҳатто намояндагони миллату халқиятҳои гуногуни маскуни Тоҷикистон ба ташкили созмонҳо ва ҷамъияту иттиҳодияҳои худ пардохтанд ва баррасии мушкилоти сатҳи минтақаву маҳалҳои алоҳида ҳамчун мавзӯи асосии ин гуна маҳфилҳо қарор мегирифт. Ба ибораи дигар, манфиатҳои маҳдуди минтақаву маҳал аз манфиатҳои умумимиллӣ боло гузошта мешуданд, ки ин тамоюл дар оянда вазъиятро мураккабтар намуданд.

Маҳз дар ҳамин давра зуҳури “пешво”ғҳои қавмӣ, минтақавӣ, динӣ, идеологӣ, ҳарбӣ ва маҳаллӣ авҷ гирифтанд. Ҳар яке аз онҳо дар доираи худ «ҳукумат»-и хурду оштинопазир сохта буданд. Ҳамин омил аз таҳдиди бузург ба якпорчагӣ ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон дарак медод.

Бояд зикр намуд, ки таъсири фоҷиабори чунин хатар ҳанӯз дар таҷрибаи солҳои охири давлатдории Сомониён собит шуда буд. Он давра душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд. Ҳангоме ки низову ихтилофот ва ҷудоиву парокандагӣ дар миёни мардум ва аркони давлатӣ падид омад ва қудратталабиву тундравиҳои нерӯҳои алоҳида афзоиш ёфт, давлати қудратманди Сомониён бар асари онҳо гирифтори нотавониву шикаст гардид. Маҳз мухолифату муноқишаи миёни бародарон ва фарзандони як миллат давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷиконро аз байн бурда, марзу буми аҷдодиашонро гирифтори тохтутоз ва қудратёбии душманони дохилӣ ва хориҷӣ карда буд.

Ба ин монанд, солҳои 90-ум низ хатари аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва ба чандин қисм тақсим гардидани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи олам нест шудани Тоҷикистон бо тамоми даҳшати худ ба вуҷуд омада буд.

Дар чунин раванди тезетунди бисёрпешвоӣ, ки кишварро ба тақсимшавӣ оварда расонид, зарурт ба шахсе лозим буд, ки тафаккури миллию давлатӣ дошта, на танҳо пеши роҳи ин тақсимнамоиро гирад, балки ягонагии давлатро таъмин кунад. Ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун пешвои миллӣ роҳи бузургро дар самти ҳамгироии миллӣ боз намуд.

Ҳарчанд муноқишаҳои сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, умуман задухӯрдҳои мусаллаҳона ва таҷрибаи ҳалли онҳо дар таърихи башарият ҳодисаи нав нестанд, вале дар мисоли Тоҷикистон, ки дар он давра бе ин ҳам дар мушкилоти амиқи иқтисодиву системавӣ қарор дошт, модели тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат амалан мавҷуд набуд. Дар вазъияти бавуҷудомада стратегияи хоси амали Пешвои миллат бештар раванди ваҳдатро тезонида, мустақиман ба “модели сулҳ” мубаддал шуд. Ин рад намудани ҷангу зӯроварӣ ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа, пеш гирифтани роҳи осоиштаи музокирот ва гуфтушунид барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ. Бояд зикр намуд, ки инсоният садҳо ҷанги дохилии кишварҳо ва сарзаминҳоро ёд дорад, ки бо оқибатҳои бисёр даҳшатноку вазнин анҷом ёфтаанд. Зеро тарафҳои даргир мушкилоти худро маъмулан бо роҳи зӯрӣ ва истифодаи силоҳ ҳал мекарданд. Аммо дар он айёми тақдирсоз Пешвои миллат дарк намуданд, ки идомаи ҷанг ва муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ва нобудии генофонди миллати тоҷик гардад. Ба таъбири дигар роҳи осоиштаи ҳалли мухолифату низоъ алтернатива надошт.

Конститутсия ва мароми ягонаи миллӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар марҳилаи ҳассос ҳамчун кафили ваҳдат ва субот аз худ дарак дод. Падидаи аз ҳама хатарнок дар он рӯзҳо ин буд, ки адами комили қонунмеҳварӣ ба вуҷуд омада, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ мубаддал шуд. Яке аз сабабҳои асосии ба гирдоби низоъ кашида шудани тоҷикон низ пеш ҳама аз доираи қонун берун баромадани баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ, манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ё ҳизбии худро аз манфиатҳои давлату миллат афзалтар донистани онҳо ба шумор мерафт.

Бинобар ин, дар ҳамон шароити ноором барои ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии давлати навбунёд ва соҳибистиқлол соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Зеро мақсаду мароми ҳар як давлати муосир ва миллати соҳибтамаддун дар заминаи пойдории сулҳу субот сохтани ҷомеае мебошад, ки дар он эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал буда, амалишавии онҳо кафолат дода мешавад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия давоми солҳои минбаъда низ исбот кард, ки халқ пуштибони сиёсат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, ҷонибдори сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Ин санади олии ҳуқуқӣ ҷиҳати аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва ниҳоят ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳро барои сулҳу субот боз намуд.

Инъикос ёфтани принсипҳои асосии давлат дар моддаи якуми Конститутсия- “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявй ва ягона мебошад” эҳтимолияти сарзании ҳар гуна ихтилофи бузурги сиёсиро дар хусуси сохтору, шакли идораи давлат аз байн бурд ва нигоҳи ягонаро дар ин масъала ташаккул дод.

Қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро, сарфи назар аз ҷинс, нажод, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ кафолат дода шавад, низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташаккул ёбад ва асосҳои рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд оварда шаванд. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсия фаҳмиши сатҳии омма, яъне “демократия-озодии беҳудуд” –ро нисбат ба низоми мавҷуда, тағйир дода, фарҳанги “демократия – диктатураи қонун”-ро ташаккул дод.

Ҳамин тавр, арзиши сиёсию таърихӣ ва миллии се падидаи болозикр дар таъмину таҳкими пойдории ваҳдати миллӣ дар кишвар вобаста ба вақту замон боз ҳам муҳимтар мегардад.

Таъмини ваҳдат вазифаи умумимиллист!

Устувории суботу амният дар Тоҷикистон на танҳо баҳои худи сокинони кишвар аст, балки таҳлилҳои васеи ташкилоти бонуфзуи дунё инро нишон додаанд. Аз ин рӯ, дар шароити ҳассоси вазъи сайёра бо беҳтарин намунаҳои олами мутамаддин ҳифзи ин дастовард муҳим ва зарур мебошад. Зеро дар шароити густариши равандҳои глобализатсия бархӯрди манфиатҳои давлатҳо, кӯшишҳои тақсимоти нави минтақаҳои олам ва соҳиб шудан ба захираҳои ашёи хом, сарватҳои табиӣ ва бозори ҷаҳон суръат гирифта истодааст. Сохтори муосири муносибатҳои байналмилалӣ босуръат тағйир меёбад. Дар ибтидои асри XXI миқёси хатарҳои нав, ки инсоният дучори онҳо гардидааст, на танҳо кам, балки торафт зиёд шуда, хусусияти боз ҳам фалокатбор мегирад. Манбаъҳои нави хатар ба амнияти инсоният, пеш аз ҳама терроризм ва экстремизм, ба вуҷуд омада, суботи кишварҳоро зери хатар қарор медиҳанд.

Дар аксари мамлакатҳо чунин гурӯҳу созмонҳои ифротӣ аз тарафи ҷомеаи ин кишварҳо маҳкум шудаанд. Барои ин созмонҳо эҳсоси ватандӯстӣ ва миллӣ бегона аст, онҳо фақат манфиатҳои маҳдуд ва гаразноки иқтисодию сиёсиро мақсади худ қарор додаанд ва пояҳои давлати миллиро заиф сохта, ба пешрафти иҷтимоӣ ва иттиҳоди миллӣ монеа эҷод мекунанд, низои мазҳабию миллиро дар ҷомеа бармеангезанд.

Бинобар ин, пешгирии амалиёти ғайриинсонӣ ва таҳрибкоронаи чунин гурӯҳҳо танҳо бо роҳи муттаҳид сохтани тамоми неруи кишвар, ҳамкории зичи хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори давлат имконпазир аст.

Имрӯз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд. Чӣ тавре ки дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Рӯзи ваҳдат” фармуда буданд: “Ҳамаи камбудиву норасоиҳоро Ҳукумат хуб медонад ва пайваста дар андешаи рафъи онҳо мебошад. Вале бартараф кардани онҳо пеш аз ҳама сулҳу оромӣ, ваҳдат ва сабру таҳаммул мехоҳад. Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки ҳалли мушкилот ва рафъ кардани нуқсонҳои ҷомеа вазифаи танҳо Ҳукумат нест, балки ҳар фарди ҷомеа бояд дар ин кор саҳм гузорад”. 

Маъруф Абдуҷабборов,

корманди МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед