Шоҳӣ талабӣ бирав гадои ҳама бош,
Бегона зи хеш ошнои ҳама бош.
Хоҳӣ, ки туро чу тоҷ бар сар биниҳанд,
Дасти ҳама гиру хоки пойи ҳама бош.
Атоуллоҳ Ҳусайнӣ

Рӯз, моҳ ва солҳо сипарӣ мегарданду бисёр ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ, аз ҷумла, ному насаб ва корнамоиҳою ҳиссагузории шахсиятҳои бузург баҳри рушду ободию осоиштагии диёр тадриҷан зудуда ё қисман фаромӯш мешаванд, ки ин бисёр падидаи номатлуб аст. Насли имрӯзаи моро зарур аст, ки аз гузаштаи худ ва аз гузаштагоне, ки баҳри зиндагии ояндагон ҷонбозиҳо кардаанд, бохабар бошанд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми тоҷик аст, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардум ва хизмату ҷоннисориҳои фарзандони содиқи он муяссар гардид.

Худованди Бузург фардеро барои миллати рӯ ба нестӣ оварда сарварӣ дод, ки наҷотбахши ин халқи куҳанбунёд гашт. Тавонист ин миллати парокандаро ба ҳам орад, дар дилу дидаи мардуми ғамзада ҷо шавад, бо кӯшишу ҳидоятҳояш Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намояд ва баҳри ояндаи дурахшони мардум ҷоннисорӣ кунад.

Ин марди майдон, марди дорои ақлу заковати худодод, сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки вуҷудаш саршор аз садоқату муҳаббат ба халқу ватан аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамон Фарзонамард аст , ки дар дили ҳар яки мо чароғи умед ба фардоро рӯшан нигоҳ дошта, мактаби бузурги сулҳофарию номусу нанг ва инсонпарварию ба пешвози ҳам омаданро асос гузошта, роҳкушои садҳову ҳазорҳо насли баъдии миллат эътироф шуда, маъруфияти бузургро касб намуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар пайравии Пешвои муаззами кишвар садҳо ҷавонмардони банангу номус, ваҳдатсоз, халқпарвару мардумшинос, хештаншиносу фидоии миллати тоҷик ба арсаи сиёсат дохил шуда, манфиати миллиро аз манфиати шахсияшон боло гузошта, дар барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ саҳми боризу намоён гузошта, то ба имрӯз мактаб ва анъанаи неки Пешвои муаззами миллатро бо сари баланд идома медиҳанд.

Сухан дар бораи яке аз дастпарварони мактаби Пешвои миллат Мирзо Ашӯров меравад, ки ҳанӯз солҳои 1990-1994 ҳангоми даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ, масъулияти роҳбарии яке аз корхонаҳои муҳим ва ҳаётии давр корхонаи нонпазии шаҳри Ваҳдатро ба дӯши худ гирифта, дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти онро доимӣ роҳандозӣ намуда, барои аз гуруснагӣ раҳонидани боғча-кудакистонҳо, хонаи пиронсолон, сокинони шаҳр хизмати босазо намуданд. Бале, чӣ қадар мушкил буданд рӯзҳои аввали роҳбарӣ. На ҳама хоҳиши роҳбар шуданро доштанд. Касеро, ки пешниҳод мекардӣ, узрхоҳона хоҳиш менамуд, ки ӯ аз уҳдаи ин вазифа баромада наметавонад.

Давоми солҳои 1994-1998 ҳисси масъулиятшиносӣ, роҳбари ғамхору кордон будан ва қобилияти ташкилотчигияшро ба назар гирифта, роҳбарияти “Тоҷикматлубот”-и ҷумҳурӣ ӯро ба вазифаи бисёр масъул- раиси Раёсати матлуботи Роҳатӣ шаҳри ҳамонвақтаи Кофарниҳон тайин намуданд. Беҳуда ҳам бузургон нафармудаанд; “Беҳтарин ибодат хизмати халқ аст”. Мирзо Ашӯров дар ин вазифаи мураккабу пурмасъулият ҳамеша ба халқ такя карда, пайваста бо маслиҳату пешниҳодҳои онҳо барои таъмин намудани ҳама гуна ниёзҳои мардум пайи кору фаъолият шуда, дар байни халқ эҳтироми хоссаро соҳиб гашт.

Ба қавли мардуми шаҳри Ваҳдат таърихи шаҳр чун ӯ, роҳбареро, ки дар ҳамнишинӣ бо омма, ҳамеша миёни мардум будан назир надошт, ёд надорад. Фаъолияти корӣ, ғояҳои тоза, ҳолатҳои ғайриинтизориву муқаррарии ба пешвози мардум рафтанҳо, қадрдонию меҳрубонӣ нисбати меҳтарону ҷавонон, шахсони эҳтиёҷманди ин марди равшанзамирро агар китобат кунем, достоне мешавад хонданӣ. Ҳар яки мо иродаи зистан, мубориза бурдан, кореро сар кардан, партофтан, шикастан ва боз аз нав сар карданро аз ӯ мебояд омӯзем. Бузургони Аҷам фармудаанд:

Касе,ки боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ ҳар хонаро зебанда мегардад.

Ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки чунин фармудааст. Вагарна сокинони шаҳри Ваҳдат шаш даъват оғоз аз соли 1993 то соли 2020 устод Мирзо Ашӯровро ба ҳайси вакили маҷлиси намояндагони шаҳри Ваҳдат интихоб намекарданд.

Юнониёни қадим ҳикмати бузурге доранд, ки мефармоянд: “Худо ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре–омади кор. Вале он касро ки ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки некуаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ӯ абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад”.

Давраи ба ҳайси коршиноси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карданаш, Мирзо Ашӯров аз худ фаъолияти босамар ва манфиатнокеро дар самти фаъол ва одилона баргузор гаштани интихоботҳои маҷлисҳои вакилони халқ боқӣ гузошта, бо чандин ифтихорномаю сипосномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Ҳамчунин, ба ҳайси нозир-намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон, Узбекистон, Гурҷистон, Арманистон, Озорбойҷон, Молдова, Туркманистон, Қирғизистон кишвари моро муаррифӣ намудааст.

Боиси сарфарозист, ки бо имзои Котиби кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил Сергей Лебедев барои хизматҳои шоистаю одилона оиди баргузории интихоботҳо дар ҳайати гурӯҳи кории нозирони давлатҳои ИДМ бо “Сипоснома” қадрдонӣ карда шудааст.

Давоми фаъолияти корияш ба ҳайси коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Мирзо Ашӯров дар мавзуҳои тарбияи ҷавонон, ватандустӣ, Артиши миллӣ, мақоми волидайн дар тарбияи фарзанд, риояи танзиму ҷашну ананаҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ ва ғайра саҳми намоён дошта, дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаҳои зиёде ба нашр расонидаанд.

Ёд дорам, ки ҳангоми раиси ноҳияи Файзобод буданам, устод Мирзо Ашуров бо як гурӯҳ кормандони Марказ ба сафари хизматӣ омада, дар мавзуи мақоми зан дар ҷомеъа як машварати бисёр ҷолиб ва манфиатбахш доир намуда, иброз дошта буданд, ки “Занон чароғи номуси мардон мебошанд ва бояд онҳоро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт кард. Беҳуда ҳам намегӯянд: “Зани доно ба мард илҳом мебахшад, зани зебо мардро мафтуни хеш месозад, зани меҳрубон мардро соҳибӣ мекунад”. Ба қавли мардуми англис: “На ҳар зани зебо хуб аст, аммо ҳар зани хуб зебост”…

Фаъолияти ҳамарӯзаи устод Мирзо Ашӯров барои ҳамагон ва хусусан ҷавонон, бисёр ибратбахш, намуна, бузург ва омӯхтанист. Дар ҳама ҳолат ба пешвози ҳамкорон омада, маслиҳатбахш ва роҳнамои ҳама кору фаъолияти кормандон ва бавижа ҷавонон аст. Дар маҳалли истиқомат низ ҳамсояҳо ва ҳаммаҳаллаҳо аз маслиҳатҳои ин пири хирад бештар истифода мебаранд, ки бузургдошт ва марди шариф будани устодро бараъло намоён менамояд. Бале, бузургон бамаврид таъкид намудаанд, ки;

То тавонӣ нотавононро ба чашми кам мабин,
Хизмати як ришта иттиҳод диҳад гулдастаро.

Фаъолияти пурсамару содиқона, заҳматҳои созандаву бунёдкоронаи фарзанди бонангу номуси миллат Мирзо Ашӯров, ки то ба имрӯз давом дорад барои хизматҳои махсус бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-08-2009 сол таҳти №687 бахшида ба 17-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва нишони сарисинагӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Фидоии ин Ватану ин миллат будан барои ӯ ифтихор аст. Он коре, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона мешавад, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ шудаву боиси сарфарозист. Ин мукофоти халқ аст. Бо мардум ҳамрозу ҳамақида будан, дар мувофиқа бо ӯ фаъолият намудан, беҳтарин дастовард ва муваффақияту сарват аст, мегӯяд Мирзо Ашӯров. Бале, ҳақ бар ҷониби Шумост, ки ин гуфтаро амалӣ кардаед.

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Фаъолияти пурмаҳсулу самараноки зиёда аз панҷоҳсолаи Шумо дар қалбҳои мардуму шогирдони зиёдатон чунон маъво гирифтааст, ки шарафмандона тавсиф мекунанд;

Набурда ранҷи шогирдӣ, зи устодӣ чӣ мелофӣ?
Муриди кистӣ, эй кӯдаки бепир пират ку?…

 Бо як ҷаҳон орзую умед ҷашни мубораку ифтихорӣ – 70 солагии камолоти умратонро муборакбод гуфта, бароятон ҳама хушиҳои оламро таманно дорем. Ҳамеша тандурусту хушбахт, муваффақу сарбаланд бошед, устоди азизу дӯстдоштанӣ Мирзо Ашӯров!

ИМОМНАЗАРИ Каримиён,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди
соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

R/S. Ҳангоми ба нашр омода шудани маводи мазкур хушхабар расид, ки бахшида ба 30 солагии ҳамкории Ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон бо имзои раиси кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев барои хизматҳои шоён бахшида ба 70 солагии зодрузаш Мирзо Ашӯров бо Грамотаи фахрии ИДМ сарфароз гардонида шудааст. Муборакашон бошад!

Чоп кунед