Миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар ҳама давру замон аз худ кардани илму донишро яке аз роҳҳои рушди маънавиёт медонистанд. Шароити пуртазоди ҷаҳони муосир собит месозад, ки илму дониш аҳамияти ҳаётиро дар зиндагии сокинони сайёра доро мебошанд. Сатҳи илму дониш нишони пешрафти ҷомеа маҳсуб мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити беҳтарини таълиму тарбияи наслҳои ояндасози миллат ва омода намудани кадрҳои бозоргир то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардониданд.
Чун дигар анъанаҳо дар рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. 1-уми сентябр дар ҳамаи мактабҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олии касбӣ Рӯзи Дониш таҷлил гардида, бо садои баланди занги аввали зангула соли нави хониш эълон карда мешавад. Бо ибораи дигар, Дарси Сулҳ ин шинохти сулҳ, дустӣ, ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои таърихӣ мебошад. Мафҳуми дониш ва сулҳ бо ҳам робитаи зич дошта, маҳз бо пойдории сулҳ мо метавонем донишҳоро аз худ намоем.
Имсол чун солҳои қаблӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи дониш якчанд мактабу муассисаҳои таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи ин муасссисаҳо бори дигар аз тавваҷуҳи хоссаи роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф дарак медиҳад.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти томактабиро ифтитоҳ намуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53, гимназияи хусусии “Қалам” дар ноҳияи Фирдавсӣ, бинои нави гимназияи хусусии “Саидумар”, гимназияи хусусии ба номи “Марям Зиёева”, муассисаи давлатии томактабии №15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои мазкур муҳассилин гуруҳҳои забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият менамоянд. Мавҷуд будани чунин гурӯҳҳо дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки насли оянда аз хурдӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ тарбия меёбанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави таълимии Донишгоҳи тиббии Хатлонро кушода мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳамзамон дар ин бино вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи вилояти Хатлон ва оғози дарси сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Лозим ба зикр аст, ки ба истифода додани ин бино дар рушди соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда мегузорад.
Чӣ тавре, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Дониш 1 сентябри соли 2023 қайд гардид: «Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст».
Дар баробари ин ҳамарӯза ба талаботи замон мувофиқ намудани барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ низ аз қабили тадбирҳои саривақтии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Ҳамин нукта дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш садо дод: «Илова бар ин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як миллион нусха аз чоп баромадааст».
Соҳаи маориф ва рушди он барои ҳар мамлакат дар мадди аввал қарор дорад, ки аз ҷумла дар кишвари мо ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағҳои зиёде ба ин соҳа равона мегардад.
Имсол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон бахшида ба Рӯзи Дониш иброз доштанд, ки «Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад».
Хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ҷавобан ба ин ғамхориҳои пешвои миллат дар навбати худ бо иштирок дар озмун ва олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гашта, бо медалу ифтихорномаҳои сатҳи байналмилӣ ба ватан бармегарданд.
Ҳамин тариқ, омӯзгорон бо ҳисси баланди миллӣ, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми мамлакат, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба хонандагон аз рӯзи аввал омӯзонида, онҳоро дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва саҳмгузории минбаъда барои давлатдории пояндаи миллати тоҷик тарбия менамоянд.
Таварова Моҳира Шарифхоновна,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон