Мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҳуқуқи конститутсионӣ дар муносибат ба дин одатан се шакли асосӣ ё заминавии давлатро зикр мекунанд: 1) давлати теократӣ; 2) давлати клерикалӣ (динбунёд); 3) давлати дунявӣ. Тибқи таърифҳои мавҷуда дар давлати навъи якум – давлати теократӣ ҳокимияти давлатӣ пурра, мутлақан ба дин, масҷид ё калисо мутааллиқ аст. Ҳамчун намунаи чунин давлат коршиносон одатан Ватиканро зикр мекунанд. Давлати клерикалӣ ё динбунёд бошад, аз нуқтаи назари сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ чунин шакли ҳокимияти давлатӣ аст, ки дар он дин ба қонун такя намуда, тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатиро идора мекунад ва дар чунин давлат ягон дин ё мазҳаб ҳамчун таълимоти афзалиятдошта ё дини расмӣ ё давлатӣ, одатан дар конститутсияи ин давлат эълон карда мешавад. Аксарияти мутахассисон ҳамчун намунаи чунин давлат як қатор давлатҳои Шарқи Наздикро мисол меоранд.

Дар тафовут аз давлатҳои теократӣ ва клерикалӣ давлати дунявӣ чунин давлате мебошад, ки дар сохтори он ҳокимияти давлатӣ ва дин аз ҳамдигар ҷудо буда, он ба воситаи меъёрҳои гражданӣ идора карда мешавад, на меъёрҳои динӣ ва қарорҳои ниҳодҳои давлатӣ асосноккунии динӣ дошта наметавонанд. Намунаи чунин давлат аксарияти кулли давлатҳои муосири дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Мутахассисони зиёде бар он ақидаанд, ки давлати дунявӣ шакли олитарини таъмини озодии виҷдон барои шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ, давлати дунявӣ ба ҳеч ваҷҳе давлати атеистӣ набуда, он эътиқоди динӣ доштан ё надоштани шаҳрвандонро идора намекунад. Ҳамзамон, дар давлати дунявӣ дин ба идоракунии давлатӣ, муносибатҳои оммавӣ-ҳокимиятӣ, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқию сиёсӣ дахолат намекунад.

Масъалаи ниҳоят муҳим, вале баҳснок ин муайянсозии нишонаҳои асосии давлати дунявӣ мебошад. Дар таҳқиқоти дастрас мо зикри аз 2 то 12 адад нишонаҳои асосии давлати дунявиро мушоҳида намудем. Баъзе аз ин ақидаҳоро муқоиса ва ҳамоҳанг намуда, аз байни онҳо чунин нишонаҳоро муҳимтарин ҳисобидан имкон дорад:

1) мавҷуд набудани ягон дини расмӣ ё давлатӣ;

2) ягон намуди дин ё мазҳаб ҳатмӣ ё афзалиятнок ҳисобида намешавад;

3) қоидаву меъёрҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ хизмат намекунанд;

4) низоми таълиму тарбияи давлатӣ характери дунявӣ дошта, ҳадафи ташаккули ин ё он намуди муносибатро ба дин пайгирӣ намекунад;

5) масъалаҳои озодии виҷдон, интихоб ва паҳнсозии эътиқодҳои динӣ ба доираи озодиҳои маънавӣ ва ҳаёти шахсии инсон мансуб буда, ба онҳо давлат ё шахсони алоҳида дахолат намекунанд;

6) таъмини баробарии ҳуқуқии ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ ва ғайра.

Бояд таъкид намуд, ки тибқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо давлати дунявӣ мебошад, ки ба пуррагӣ ба таърифи дар боло овардаи ин мафҳум ва нишонаҳои он мутобиқат мекунад. Аз ин рӯ, тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи ҳеҷ як иттиҳодияи динӣ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф карда шавад. Ҳамзамон, дар давлати мо иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Аз ҷониби дигар, таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки хусумат ва бадбинии мазҳабиро тарғиб мекунанд, инчунин таъсиси ҳизбҳои хусусияти динидошта дар давлати мо манъ карда шудааст.

Дар Конститутсияи давлати дунявии мо тибқи моддаи 26 он ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии виҷдон кафолат дода шуда, ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок кунад ва ё худдорӣ намояд.

Дар баробари Конститутсия моҳияти бунёдии давлати дунявии мо ва хусусиятҳои он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» кушода шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 4 қонуни мазкур ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин пешбинӣ гардидааст, ки чунин муқарраротро фаро мегирад:

1) давлат озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал карданро кафолат медиҳад;

2) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама новобаста аз муносибаташон ба дин ва мансубияти динӣ дар назди қонун баробар мебошанд;

3) дар ҷумҳурии мо ҳеҷ кас ӯҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин маълумот диҳад. Инчунин ҳеч кас ҳангоми муайян кардани муносибати худ ба дин, ба пайравӣ ё дасткашӣ аз пайравии дин, ба иштирок кардан ё накардан дар ибодати динӣ, дигар расму оин ва маросимҳои динӣ, дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, дар таълими дин маҷбур карда намешавад.

4) дар давлати мо монеъшавӣ ба амалӣ гардонидани ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла бо истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахс, бо таҳқири ҳиссиёти шаҳрвандон вобаста ба муносибати онҳо ба дин, бо тарғиби афзалияти динӣ, бо маҳв намудани молу мулк ё осеб расонидан ба он ё бо таҳдиди анҷом додани чунин амалҳо манъ аст;

5) гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ва ҷой додани матну тасвирҳои таҳқиркунандаи ҳиссиёти динии шаҳрвандон дар назди объектҳои мӯътабари динӣ дар кишвари мо манъ карда шуда аст ва ғайра.

Ҳамзамон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба ҳар гуна бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар муносибат ба дин ва эътиқод, барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад. Инчунин, айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ буда, иттиҳодияҳои динӣ дар масъалаҳои вобаста ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ҳуқуқи дахолат ба ҳаёти шахсии инсон ва шаҳрвандро надоранд.

Дар ҳамон моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муқаррар гардидааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба қайди муносибати шаҳрванд ба дин ва эътиқод роҳ дода намешавад.

Дар моддаи 5 ҳамин қонун бошад, муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ муқаррар шудааст, ки чунин меъёрҳоро дар бар мегирад:

1) ҳеҷ як мафкураи динӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ ва умумиҳатмӣ эътироф намешавад;

2) иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба дин ва мансубияти динӣ дахолат намекунад, хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд ва ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.

Тибқи талаботи моддаи зикргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва мутобиқи принсипи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат иттиҳодияи динӣ вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии дигар, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро иҷро накарда, ба фаъолияти онҳо дахолат намекунад ва ғайра.

Дар маҷмӯъ, давлати дунявӣ аз як ҷониб давлати динбунёд (теократӣ ё клерикалӣ) нест ва, аз ҷониби дигар, давлати атеистӣ (бединӣ) ҳам нест. Давлати дунявӣ ин давлате мебошад, ки гуногунандешӣ ва озодии виҷдони ҳар як шахсро дар сатҳи олӣ кафолат дода, ба дин эътиқод доштан ё надоштанро ба ихтиёри худи шахс вогузор мекунад, ба ягон дин ё мазҳаб афзалият намедиҳад ва дар чунин давлатҳо ба дахолати дин ба идоракунии давлатӣ роҳ дода намешавад. Моҳияти бунёдии дунявияти давлати мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз бо ҳамин нишонаҳо ифода меёбад.

Адабиёт

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ».
  3. Филина Н. В. Понятие и признаки светского государства // https://cyberleninka.ru/article/n/ponyatie-i-priznaki-svetskogo-gosudarstva (санаи муроҷиат: 18.06.2021).

 

Зиёӣ Хуршед Махшулзода
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед