4 октябри соли 2024 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Форуми 3-юми марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таҳти унвони “Иқтисоди насли нав: чолишҳо ва дурнамо” баргузор гардид.

Форуми мазкур ба 60-умин солгарди таъсиси Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ва мизбонии  Ҷумҳурии  Озарбойҷон дар “COP29”- Конфронси СММ оид ба тағирёбии иқлим бахшида шуд.

Дар ҳошияи Форуми 3-юми марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқоти дуҷонибаи муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Ораз Муртазозода ва директори Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин  Содигов  баргузор  гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъият ва дурнамои фаъолияти муштаракро баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи мулоқоти дуҷониба Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ба роҳбарияти Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки ба имзо расидани ин Ёддошти тафоҳум ба густариши робитаҳои илмию таҳлилӣ миёни марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани тадқиқотҳои муштарак оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон мусоидат хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки 22 майи соли 2023 дар ҳошияи нишасти 18-уми Форуми СҲШ дар Душанбе мулоқоти директори Марказ Хайриддин Усмонзода бо собиқ раиси Шурои директорони Институти  илмӣ-тадқиқотии иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Махир Гумбатов баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ оид ба имзои Ёддошти ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти дар боло зикршуда тавофуқ ҳосил шуда буд.

 

Хадамаоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед