“Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.”

(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, 28.12.2023)

 

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2023 оғоз шуда, дар он соли сипаришуда барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он боз як соли бобарор арзёбӣ гардид.

Дар иртибот ба масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ ибрози ақида намуданд, ки соли сипаригардида дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 дарсад азоиш ёфта, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Рақамҳои зикргардида бешубҳа гувоҳи он аст, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии “КОВИД–19”, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди кишварро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем.

Ҳамасола дар натиҷаи татбиқи мақсаду вазифа ва дастуру ҳидоятҳои аҳаммияти стратегидоштаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии  малакат, яъне аз Паём то Паём ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида, ба боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум таъсири ҳалкунанда мерасонад.

Аз ин нуқтаи назар, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун як  санади стратегии фарогир, таҳлилу баррасикунандаи амиқу дақиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъминкунандаи дурнамои рушди устувори кишвар унвон намуд.

Дар баробари дигар соҳаҳо, таҳлилу арзёбии вазъи иқтисодии мамлакат ва таъмини дурнамои рушди минбаъдаи он, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамасола яке аз бахшҳои калидии Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин масъала, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ нахуст аз дасовардҳои соҳаи мазкур сухан карда, комёбиҳои ба дастомада дар ин соҳаро чунин хулоса намуданд:

  • дар 7 соли охир дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ беш аз 5,6 маротиба ё 288 ҳазор адад.
  • дар ин давра, таъсиси беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, бунёду азнавсозии 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ;
  • танҳо дар соли 2023 аз ҷониби соҳибкорони мамлакат сохта ба истифода супоридани 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ, соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда ва соҳаи тандурустӣ азнавсозии 139 иншоот.
  • ворид гардидани сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 95 миллиард сомонӣ, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сармояи мустақим ба кишвар дар ҳафт соли охир;
  • дар ин давра, амалӣ гардидани 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳаҷми 36 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ, ки маблағи кам нест;
  • ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст, ки боз ҳам бештар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат холҳад кард.
  • то ба 30 дарсад афзоиш ёфтан ё ба 4,8 миллиард сомонӣ расидани ҳаҷми қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳод гардида, дар давоми солҳои 2022-2023;
  • дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд;
  • ҳоло дар соҳаи нақлиёт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки беҳтар гардидани сатҳу сифати роҳҳо, ва табдили кишвар ба мамалкати транзитӣ мусоидати комил хоҳад кард;
  • дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола шумораи саёҳон ба кишвар тамоюл ба зиёдшавӣ дошта, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст.

Вазифагузориҳои нав ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкориву, сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт.

Дар робита ба ин масъала, Президенти кишвар нахуст ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор намуда, ба масъулини соҳа чунин дастуру супориш ва вазифаҳои нав гузоштанд:

  • То ба 10 дарсад расонидани ҳаҷми ҷалби сармояи мустақим нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ. Дар натиҷаи ҳалли ин масъала, дар соли 2026 ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардида, ба сатҳу сифати зиндагии мардум таъсири ҳалкунанда мерасонад.
  • Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.
  • Ҳукумати малакатро зарур аст, ки доир ба ислоҳоти низоми ҷалби сармоя, таҳияву пешниҳод ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, бахусус, дар бахшҳои саноативу агросаноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Ҳаллу фасли ин масъала натанҳо ба ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя, балки таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши шиддати бекорӣ мусоидат хоҳад кард;
  • Таҳияи стандартҳои миллии экологию иҷтимоӣ ва идоракунӣ дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ. Ҷорӣ намудани чунин стандарт дар баланд  имкониятҳои сармоягузории кишвар боис мегардад.
  • Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон бунёд кардани марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор. Ҳаллу фасли ин масъала дар самти пурра ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидат хоҳад кард.
  • Доир ба бешниҳоди қарзҳои низоми бонкӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки бо вуҷуди он, ки Соли ҷорӣ пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардида бошад, ҳам вале ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар қонеъкунанда нест. Бинбар ин, масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат, дастрас бо фоизи паст, тадбирҳои иловагӣ андешанд. Илова бар ин, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии мамлакатро дастур додани, ки ҳаҷми қарзҳои хурди имтиёзнокро барои рушди хунармандиву косибӣ васеъ ба роҳ монанд.

Дар маҷмуъ ҳамасола, дар натиҷаи татбиқи мақсаду вазифа ва дастуру ҳидоятҳои аҳаммияти стратегидоштаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии  малакат, фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар мунтазам беҳтару хубтар гардида, ба афзоиши ҳаҷми ҷалби сармоя, шумораи соҳибкорон ва дар ин замина, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат заминаҳои мусоидро фароҳам месозад.

Пешбинӣ шудааст, ки соли 2024 дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифаҳои гузошташуда, пеш аз ҳама, дар заминаи истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ,  тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, суръатӣ рушди иқтисодӣ миллӣ  дар сатҳи на камтар аз 8 дарсад таъмин карда шавад.

Дар ин росто, агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар тадбиқи мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар Паём гузошташуда, ҳамчун санади фарогир ва барномаи стратегии воқеан амалишаванда ва амалисозии силсила дастуру ҳидоятҳои қатъию мушаххаси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона назар кунанд, давра ба давра, бахусус дар заминаи рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба ҳадафҳои олии кишвар, аз ҷумла таъмини зиндагии шоистаи мардум, ноил хоҳем шуд.

Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Одианав А.И.

Чоп кунед