Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Ҳамасола муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида, яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати кишвар муайян гардидааст.

Масалан, дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» суръати миёнасолонаи рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) тибқи арзёбии воқеъбинона дар соли 2023 ба ҳисоби миёна–7,5 дарсад пешбинӣ шуда буд. Ин нишондиҳандаро Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Авруосиё 6,5 ва  Бонки Осиёии Рушд 7,9 ба андозаи 7,9 дарсад пешгӯйӣ карда буданд.

Акнун савол ба миён меояд, ки давоми соли 2023 ба кадом андоза сатҳи рушди воқеии ММД  таъмин гардид ва дар рушди он кадом омилҳо бештар таъсири мусбат расониданд?

Вобаста ба ин масъала, мо зимни таҳлилҳои худ ошкор сохтем, ки соли 2023 дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар доираи ҳуҷҷатҳои муҳимми стратегӣ муайянгардида, таъмини рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ва дар маҷмуъ,  таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла вусъат гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ҳаҷми истеҳсоли ММД 130 миллиард сомонӣ ва суръати рушди он бошад, дар сатҳи 8,3 дарсад  таъмин гардид, ки ин рақам нисбат ба дурнамо 2 дарсад, пешгӯийҳои Бонки Ҷаҳонӣ,  1,8, Бонки Рушди Авруосиё 1,8 ва Бонки Осиёии Рушд 7,9 ба андозаи 0,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Илова бар ин, баъзе ниҳодҳои молиявии зикргардида, аз ҷумла Бонки Рушди Авруосиё сатҳи таваррумро дар соли 2023-ум бо сабабҳои беқурбшавии сомонӣ нисбат асъорои хориҷӣ, бахус доллари ИМА 6 дарсад пешгӯйӣ карда буд, вале ин нишондиҳанда дар соли гузашта 3,8 дарсадро ташкил дода, нисбат ба арзёбии бонки мазкур 2,2 банди фоизӣ кам мебошад. Татбиқи сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ ва таҳкими қурби асъор яке аз сабабҳои асосии муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар соли 2023 дониста мешавад.

Коршиносони масоили иқтисодии Бонки Рушди Авруосиё дар гузориши худ рушди иқтисодии Тоҷикистонро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин давра баландтарин арзёбӣ намуданд. Масалан, соли 2023-уи суръати рушди ММД дар Беларус 3,9, Қазоқистон 4,8, Русия 3,1 ва Қирғизистон, ки аз бисёр ҷиҳат ба кишвари мо наздикӣ дорад, 4,6 фоизро ташкил намудааст, ки ин рақамҳо нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан 5,8-3,5 банди фоизӣ кам мебошад бешубҳа, метавонад, исботи ин гуфтаҳо бошанд.

Мо зимни таҳлилҳои худ баъзе аз сабабҳо асосии муътадил нигоҳ доштани суръати миёнасолонаи рушди иқтисдиёти кишвар дар соли 2023-умро дар таъсири омилҳои зерин мушаххас ва асоснок намудем:

  • суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд намудани сатҳи рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат;
  • мутобиқшави ба тағйирёбии иқлим, бахусус дар заминаи татбиқи “иқтисодиёти сабз”;
  • татбиқи раванди бемайлони раванди саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини иҷрои самарноки мақсаду вазифаҳои афзалиятнок;
  • васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок, бахусус дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ;
  • дар заминаи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бунёди корхонаи нави аҳаммияти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонидошта;
  • зиёд гардидани ҳаҷми карздиҳии имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин, дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорон;
  • андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати кам кардани таъсири хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар;
  • таъмини самаранокии сатҳи иҷрои мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар барномаву стартегияҳои давлатӣ пешбинигардида.

Тибқи омори расмӣ, соли 2023–ум ҳаҷми қарзҳои додашуда ба рушди иқтисоди кишвар 18,5 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки  нисбат ба соли гузашта 31,7 дарсад, ҳаҷми қарзҳои хурд 32,1 дарсад ва қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда бошад 30 дарсад зиёд бебошад. Дар ин давра ҳаҷми бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ 18,6 миллиард сомониро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли 2022-ум 32 дарсад зиёд мебошад.

Ин раванд, бешубҳа, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, раванди таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши мунтазами маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда дар соли сипаригардида мусоидат намуд. Дар натиҷа соли 2023 бо ташббусҳои бевоситаи  соҳибкорон 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ,  117 иншоот дар соҳаи маориф ва 139 иншоот дар соҳаи тандурустӣ бунёд ва азнавсозӣ карда шуданд.

Гарчанде аз муътадил арзёбӣ гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2023-ум суръати рушди иқтисоди кишвар бо дарназардошти шароити зудтағйирёбанда, вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир ва  сатҳи истифодаи имкониятҳои мавҷуда, ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тақвияти раванди саноатикунонии босурати кишвар, ҷоннок намудани корҳо дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳии  имтиёзнок ба рушди соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар ин замина, таъмини рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад дар соли 2024 ба мақсад мувофиқ дониста мешавад.

Бо ин мақсад ҳоло дар кишвар захираву имкониятҳо барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некуаҳволии мардум, аз ҷумла таввасути амалигардонии раванди саноатикунонии босуръати кишвар, ҳанӯз хеле зиёданд. Захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла филизоти рангаву гаронбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ боз ҳам бештар талош намоем.

Дар маҷмуъ, аз факту рақамҳои овардашуда метавон хулоса намуд, ки  фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷойдошта, мусбат арзёбӣ гардида, пешгӯйии ниҳодҳои молиявии зикргардида дар робита ба коҳиши сурати рушди иқтисодиёти кишвар дар соли 2023–ум  асоси воқеӣ надоранд.

Наҷмуддинов М.С.,
мутаххасиси пешбари Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед