Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф намудани як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади Хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва дар тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монда, бо бастани як қатор санадҳои муҳимми ҳамкорӣ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро пайваста тавсеа ва густариш медиҳад. Масалан, дар соли 2024 Сарвари давлат 17 маротиба сафарҳои хориҷиро ба анҷом расонидааст, ки дар байни онҳо, сафарҳои давлатӣ ва расмӣ низ қарор доранд ва дар натиҷаи ин сафарҳо ба Президенти кишвар муяссар гардид, ки бо давлатҳои Қатар, Италия, Озарбойҷон ва Кувайт 41 санадҳои муҳимми ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ба имзо расонад.

Бояд қайд намуд, ки дар миёни санадҳои ба имзорасида, инчунин, Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷой дорад, ки инро метавон ҳамчун рӯйдоди муҳимми таърихӣ арзёбӣ намуд. Умуман, бастани чунин санадҳои ҳамкорӣ, аз қабили Ёддоштҳои тафоҳум, эъломияҳо, барномаҳо, изҳоротҳо ва созишномаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун дастоварди бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, ин ба он мусоидат менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари  рушдкунанда ва пешсаф боз ҳам шинохта шавад. Ҳамчунин, дар асоси санадҳои мазкур ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёт низ густариш меёбад.

Масалан,  мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2023 бо мамлакатҳои ИДМ 19,5 дарсад ё 557,1 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 17,8 дарсад ё 589,4 млн. доллар зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 содироти мол 1547,3 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1,6 дарсад ё 24,2 млн. доллар зиёдтар мебошад ва воридоти мол ба ҷумҳурӣ 5767,8 млн. долларро ташкил кардааст, ки  нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2023-юм 24,2 дарсад ё 1122,3 млн. доллар зиёд мебошад.

Зиёд гардидани гардиши савдои хориҷӣ дар кишварамон гувоҳӣ медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша талош меварзад, ки иқтисодиётӣ миллии худро баланд бардорад ва барои ноил гардидан ба ин пайваста иқдомҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Инчунин, дастоварди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷии кишвар ин аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод гардидани ташаббуси байналмилалӣ дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад, ки иқдоми мазкур давлатҳои ҷаҳонро барои хотима бахшидани ҳаргуна ҷангу низоъҳо ва таъмини сулҳу субот дар тамоми арсаи ҷаҳонӣ даъват менамояд. Пешниҳод намудани ин гуна ташаббус аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дурандешона буда, ҳамчун роҳбари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ  дар байни роҳбарони кишварҳои  ҷаҳон  ва  созмонҳои байналмилалӣ эътироф  гардидааст.

Илова бар ин, дар моҳи июни соли ҷорӣ Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” дар шаҳри Душанбе муваффақона баргузор гардид, ки дар он зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд ва барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ қариб сесад нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки қабул гардидани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” барои баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии он ҳамчун давлати амну субот ва сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиии аҳолии мамлакат дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ нақши муассир мегузорад. Аз ин рӯ, бо итминон вогузор намудани баргузории як чорабинии муҳимми байналмилалӣ бар дӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз фароҳам будани сулҳу субот ва амният дар Тоҷикистон дарак медиҳад.

Ҳамзамон, дар соли равон дар сиёсати фарҳангии кишвар низ якчанд дастовардҳои муҳимми таърихӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, ба хотири муаррифии ҳарчи бештари таъриху фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), инчунин, бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 28.12.2023 зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад, ки онро метавон ҳамчун рӯйдоди муҳимми таърихӣ номид.

Илова бар ин, дар Иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки дар моҳи декабр баргузор гардида буд, номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон “Ҷашни Меҳргон” ва ҳамчунин номинаи дигари муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Эътирофи ин унсур аҳаммияти фарҳангии санъати мусиқии суннатии кишварро таъкид менамояд.

Дастоварди дигари ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ин дар санаи  3 декабри соли 2024 сарфароз гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи сайёҳии «Кишвари дорои манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё» дар чорабинии Top Asia Corporate Ball 2024 ба ҳисоб меравад. Зеро, ин ҷоиза эътирофи байналмилалии манзараҳои афсонавии табиатиро, аз қабили кӯҳҳои Помир ва Фон, кӯлҳои Искандаркӯл ва Қарoкӯл инъикос намуда, аз ҷолибияти рӯзафзуни Тоҷикистон, ҳамчун яке аз самтҳои маъруф барои сайёҳӣ ва аз талошҳои кишвар ҷиҳати тарғиби мероси табиӣ ва фарҳангии он дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тариқ, зикр намудан ба маврид аст, ки бо зиёд гардидани дастовардҳо дар самти сиёсати хориҷии кишвар нуфузи Ҷумҳури Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардида, ҷойгоҳи он боз ҳам устувор гашта истодааст. Бинобар ин, бо ташаббуси сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар солҳои минбаъда дар самти мазкур ба дастовардҳои бештар ноил гардад.

Зарипова Зилола,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии
наздиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед