Санаи 1 июни соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар арафаи сафари расмии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси муштараки байналмилалии илмӣ-амалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалили Осиёи Марказии Ӯзбекистон таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории Конфронси мазкурро тақвияти шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, рушди ҳамкориҳои илмию таҳлилӣ миёни марказҳои зеҳнӣ ва дигар ниҳодҳои илмӣ, таҳлили вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ ва дурнамои он, инчунин, ташккули дидгоҳи муштарак ҷиҳати таъмини рушди устувори минтақа ташкил медиҳад.
Дар Конфронс намояндагони хадамоти дипломатӣ, вазорату идораҳо давлатӣ ва доираи васеъи олимону коршиносон ва таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ иштирок намуданд. Тавре таъкид гардид, баррасии нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар меҳвари Конфронси муштараки байналмилалӣ қарор дошт.
Конфронс аз қисмати ифтитоҳӣ, ҷаласаи пленарӣ ва се бахши алоҳида иборат буд, ки дар ҳар як бахш масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар қисми ифтитоҳии Конфронс Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Носиров директори Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Фурқат Сидиқов, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба зарурат ва аҳамияти чорабинӣ суханронӣ намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни суханронии худ баргузории Конфронси муштаракро як қадами муҳим ва нав дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои ду давлат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи бахшҳо дар роҳи рушди босуръат қарор доранд. Дар ин раванд нақш ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев калидӣ аст. Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ афзоиши хатару таҳдидҳо минтақа ва ҷаҳонро ноором намуда, раванди рушди босуботи давлатҳоро халадор намуда истодаанд ва ин ҳолат давлатҳои моро водор менамояд, ки дар самти ҳифзи суботи сиёсии минтақа, пешгирии хавфу хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ, таъмини рушди устувори ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва тақвияти ҳамкориҳои бисёрсамта бештар талош намоянд. Дар алоқамандӣ ба ин иброз гардид, ки рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва доир гардидани чорабиниҳои гуногуни илмӣ-таҳлилӣ маҳз бо мақсади таъмини рушди устувор баргузор гардида истодаанд.
Директори Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон Анвар Носиров зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки Конфронси байналмилалии муштарак дар рушди ҳамкориҳои илмӣ-тадҳқиқотии марказҳои зеҳнии ду кишвар шароит фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва ташаккули дидгоҳи муштарак вобаста ба таъмини рушди устувор дар минтақа заминагузорӣ намоянд. Анвар Носиров қайд намуд, ки ҷониби Ӯзбекистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз шарикони стратегии боэътимод арзёбӣ намуда, рушди ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳоро дар авлавияти сиёсати худ қарор додааст.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар қисми ифтитоҳии Конфронс суханронӣ намуда, рушди робитаҳои дӯстонаи ду кишварро натиҷаи фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуд. Зимнан, Абдуҷаббор Раҳмонзода аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон барои ташкили Конфронси сатҳи баланд изҳори сипос намуд.
Инчунин, дар қисми ифтитоҳии Конфронс Фурқат Сидиқов муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон суханронӣ намуда, баргузории чорабинии муштаракро иқдоми муҳим муаррифӣ намуд. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд намуд, ки дар марҳалаи кунунӣ минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз пеш ба субот ва рушди устувор ниёз дорад. Иброз гардид, ки маҳз тақвияти шарикии стратегии ду кишвар метавонад рушди устувори минтақаро рушд ва таҳким бахшад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистсон ва Ӯзбекистон ва таҳкими робитаҳои гуногунҷанба ба фоидаи ду давлат, аз ҷумла ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Академик Фарҳод Раҳимӣ қайд намуд, ки ҳамкориҳои илмии дуҷониба дар ҳоли густариш аст ва дар ин самт роҳандозӣ намудани иқдому чорабиниҳои бештар мувофиқи мақсад аст.
Дар ҷаласаи пленарии Конфронс Анвар Носиров дирекори Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон, Парвиз Муҳаммадзода муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Обид Ҳакимов директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба масъалаҳои муҳим суханронӣ намуданд. Аз ҷумла Парвиз Муҳаммадзода муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шароити муосир” суханронӣ намуда, самтҳои афзалиятноки шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар шароити нави рушди минтақавию байналмилалӣ муфассал шарҳ дод. Иброз шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар як муддати кӯтоҳ намунаи муваффақи пешбурди шарикии стратегиро дар муносибатҳои дуҷонибаи худ барои ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Махсусан, зикр гардид, ки сатҳи баланди равобит миёни ду кишвар имкон дод, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсию амниятӣ, илмию таҳлилӣ, иқтисодиёт, тиҷорат ва савдою саноат беш аз пеш таҳким ёбанд. Парвиз Муҳаммадзода густариш ва таҳкими шарикии стратегии ду давлатро дар ҷаҳони муосир муҳим шуморида, тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилиро амри зарурӣ арзбӣ кард.
Инчунин, дар бахшҳои алоҳидаи Конфронс намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Шариф Раҳимзода директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Назар Муъмин директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Гузел Майтдинова, директори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Манзура Рустамова муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳидоятзода Комрон сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Дар охир аз кори Конфронси муштараки байналмиилалӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва дирекори Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ӯзбекистон натиҷагирӣ намуданд. Зикр гардид, ки мавзуъҳои баррасигардида, мубодилаи афкор ва дидгоҳи олимону коршиносон дар тақивияти робитаҳои илмӣ, таҳкими шарикии стратегии ва таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ нақши муҳим доранд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳошияи Конфронси муштараки байналмилалӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар анҷоми Конфронси муштараки байналмилалии илмӣ-амалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти байналмилалили Осиёи Марказии Ӯзбекистон таҳти унвони “Нақши шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ” миёни роҳбарони ҳайатҳои ду ҷониб мубодилаи тӯҳфаҳо сурат гирифт.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон