Санаи 29 июни соли 2022 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ дар шароити нави геополитикӣ: таҳдидҳо ва дурнамо” баргузор гардид. Конфронси мазкур дар ҳошияи раванди омодагӣ ба нишасти навбатии машваратии роҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ қарор аст нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад, доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории Конфронсро баррасии вазъи кунунии минтақа, хатару таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ ва таъсири онҳо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, муайян намудани тамоюл ва равандҳои канора, “Буҳрони Афғонистон” ва эҳтимоли афзоиши ҷараёнҳои экстремистӣ дар минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва масъалаҳои рушди тиҷорат, коркарди тарҳ ва намунаи нави ҳамкориҳо дар самти ҳалли мушкилоти вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти минтақавӣ, инчунин, ташаккули дидгоҳи ягона ва муштарак ҷиҳати таъмини рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад.
Аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратеги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур директори Марказ Усмонзода Хайриддин, роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Бахтиёр Холиқов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар кори Конфронс роҳбарони марказҳои зеҳнӣ ва стратегӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои давлатӣ, коршиносону таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва доираи васеъи воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз нуқтаи назари майдони геополитикӣ дар чорроҳаи манфиатҳои абарқудратҳо қарор дорад. Аз ин ҷост, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба минтақа бештар гардидааст. Дигар ин, ки пас аз зуҳури бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон буҳрони иқтисодиро ба вуҷуд овард, ки таъсири манфии онро давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ эҳсос намуданд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳи тамоми давлатҳо ва созмонҳои минтақавиро ба худ ҷалб намудааст, ҳифзи субот ва таъмини амнияти минтақа мебошад. Ба сари ҳукумат омодани ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон нигарониҳои амниятиро дар минтақа бештар намудааст. Ташкилотҳои террористӣ ва ҷараёнҳои экстремистӣ аз ин фурсат истифода намуда, Афғонистонро барои худ паноҳгоҳ ва макони фаъолият интихоб кардаанд. Афғонистон, ки бо қисме аз давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад аст, табиист, ки мушкилоти мавҷуда ва хатару таҳдидҳои ин кишвар ба минтақа таъсиргузор аст. Вобаста ба ин, давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҷонибдоранд, ки дар Афғонистон ҳарчи зудтар сулҳу субот барқарор гардад.
Конфронс аз қисмати ифтитоҳӣ, ҷаласаи пленарӣ ва се бахши алоҳида иборат буд, ки дар ҳар як бахш масъалаҳои мубрами минтақавӣ мавриди баррасӣ, таҳлил ва хулосагирӣ қарор гирифтанд.
Дар қисмати ифтитоҳии Конфронс мушовири давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Карин, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман ва директори Фонди ба номи Конрад Аденауэр дар Қазоқистон Йоханес Д.Рай суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии Конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин оид ба Осиёи Марказӣ дар пасманзари равандҳои ҷаҳонӣ суханронӣ намуд. Усмонзода Хайриддин аз ҷумла иброз дошт, ки вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон то рафт мураккаб гардида истодааст. Ба мураккаб гардидани вазъи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон афзоиши хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, авҷи бемориҳои сироятӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тағйирёбии босуръати иқлим ва ғайра боис гардида истодаанд, ки пешгирӣ, бартараф ва ҳалли мушкилоти мавҷуда амри зарурӣ аст. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии худ масъалаи таҳкими сулҳу субот ва амнияти сартосариро дар минтақа ва ҷаҳон дар авлавият қарор додааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то кунун ҷиҳати бартараф сохтани мушкилоту таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташаббусҳои бузург ва иқдомҳои муҳимро дар якҷоягӣ бо шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ намуда истодааст, ки дар самти таъмини руҳди устувори минтақа нақши фаъоли худро гузошта истодаанд.
Директори Марказ дар идомаи суханронии худ аз хатари тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба об ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об муҳимтарин воситаи ҳалли мушкилоти мавҷуда буда, инсоният ва муҳити зистро аз фоҷиаҳои бузург ва даҳшатбор пешгирӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке кишварҳои пешсаф ва боэътимод дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ аст. Тоҷикистон ҳам дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам дар ҳошияи робитаҳои дипломатӣ бо давлатҳои алоҳида дар масъалаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ шарики боэътимод аст.
Усмонзода Хайриддин дар охири суханронии худ бори дигар аз вазъи мураккаби минтақа ва хатарҳои мавҷуда ёдоварӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар самти муқовимат ва мубориза бо хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ бояд беш аз пеш муттаҳид гарданд. Зеро дар ҳолати пешгирӣ ва баратараф нагардидани таъсири манфии хатарҳо, на танҳо ба як давлат, балки ба ояндаи тамоми минтақа таҳдиди бузург эҷод намуда, монеаи рушди устувори Осиёи Марказӣ мегарданд.
Дар бахши аввали Конфронс таҳти унвони “Дурнамои ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ” сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Бахтиёр Холиқов дар мавзуи “Дурнамои рушди равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ” суханронӣ намуд. Бахтиёр Холиқов иброз дошт, ки таҳкими ҳамгироӣ ва рушди ҳамкориҳо дар минтақа ба манфиати тамоми давлатҳо аст. Таъкид гардид, ки айни ҳол дар минтақа созмонҳои минтақавии СҲШ ва СААД давлатҳоро муттаҳид намуда, дар рушди давлатҳо ва таъмини амнияту субот нақши худро гузошта истодаанд. Зикр шуд, ки раванди зудтағйирёбандии ҷаҳон, бештар гардидани хатару таҳдидҳо, бархурди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо муттаҳидӣ ва ҳамгироии минтақавии талаб доранд. Зеро тақвияти ҳамкориҳо миёни давлатҳо боиси рушди тамоми соҳаҳо гардида, заминаи боэътимоди ҳифзи суботу амниятро дар Осиёи Марказӣ ташаккул медиҳанд.
Дар бахши дуюми Конфронс таҳти унвони “Долонҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ: дурнамо дар шароити нав” роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаи мазкур андешаҳои муҳим иброз дошт.
Дар охир иштирокчиёни Конфронси байналмилалӣ аз мавзуъҳои баррасигардида натиҷагирӣ намуда, баргузории чорабинии мазкурро қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳошияи Конфронси мазкур санаи 30 июни соли 2022 нишасти кории роҳбарони марказҳои тадқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Қарор аст, дар ин ҷаласаи корӣ роҳбарони марказҳои зеҳнӣ тавсия ва пешниҳодҳоро барои рӯзномаи нишасти машваратии Сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул кунанд.
Маркази матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон