Чунонки ба ҳамагон маълум аст,  22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо чорабинӣ таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуда, 230 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуданд. Мақсад аз ин чорабинӣ санҷиши омодабошии ҷангии ин афсарону сарбозон буд.

Баъди ҷамъбасти чорабинӣ Пешвои муаззами миллат дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Аз ин суханронӣ ва аз натиҷаҳои гузаронидани чорабинӣ таҳти унвони «Марз-2021» чанд хулосаи муҳим бармеояд.

Аввалан, чорабинии «Марз-2021» дар сатҳи баланди ташкилию техникӣ гузаронида шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат изҳор намуданд: «Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки чорабинии зикршуда дар сатҳи баланд гузашт. Аз ин лиҳоз, ба роҳбарону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан, ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ сипосу миннатдорӣ баён менамоям”.

Дуюм, чорабинии мазкур нишон дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хуби ҳарбӣ дошта, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла марзу буми кишвар ҳамеша омодаанд. Ин санҷиш ҳамзамон нишон дод, ки артиши ҷумҳурӣ ва афсарону сарбозони он фақат нақшаву ниятҳои сулҳомез дошта, ба касе таҳдид намекунанд. Дар робита бо ин Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки “қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем”.

Сеюм, дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қазияи Афғонистон мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор дода шуда, ҷавҳари сиёсати давлати мо дар ин масъала ба ҳамагон равшан карда шуд. Оид ба ин мавзӯъ Пешвои миллат изҳор намуданд: “Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад. Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ман даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштам. Ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад. Мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих ва арзишҳои бостонии фарҳангӣ буда, сарзамини онҳо ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни башарият эътироф шудааст ва ин мардум ба аҳли башар даҳҳо ва садҳо нафар шахсиятҳои фарзонаро додаанд, бояд тақдири имрӯзу ояндаашонро ба дасти худ гиранд”.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ таҳти унвони «Марз-2021», ки 22-юми июли соли 2021 дар кишвари мо гузаронида шуд, бори дигар исбот намуд, ки халқу давлати Тоҷикистон, Роҳбарияти олии он сиёсати дастгирии сулҳу оромӣ ва таъмини амнияти минтақавию байналмилалиро роҳандозӣ намуда, омодаанд, ки дар ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар самти таъмини сулҳи кул барои ҷомеаи башарӣ талош намоянд.

Зиёӣ Хуршед Махшулзода
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед