Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иқтисодиёти кишвар таҳлил гардида, раванди иҷрои барномаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, стратегияҳои рушди миллӣ ва самтҳои асосии иқтисодиёти кишвар мусбат арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, қайд гардид, ки бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар соли 2023 соли бобарор гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 дарсад зиёд шуд ва ба 130 миллиард сомонӣ баробар гардид. Албатта, чунин нишондиҳанда дар бештаре аз кишварҳои зудрушёбанда дидан ғайриимкон мебошад.

Бо дарназардошти ин масъалаи бахши молявии кишвар дар ҳолати рушд қарор дошта, ҳамасола сатҳи буҷети кишвар дар самти афзоишёбӣ қарор дорад. Имсол қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 дарсад таъмин гардида, танҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи иқтисодӣ, ҳар як кишваре, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳонӣ рушди нишондиҳандаҳои иқтисодиаш аз 5 дарсад зиёд мебошад, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти иқтисодиёти миллӣ дуруст роҳандозӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 дарсадро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии он ба 1,5 баробар зиёд гардидааст. Ин нишонаи онест, ки дараҷаи зиндагонии аҳолӣ беҳтар гардида истода, дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Навобаста аз тамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ, дараҷаи таваррум дар дилхоҳ кишвар мавҷуд буда метавонад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳолати муътадилии таваррум боиси ҳавасмандии дараҷаи истеҳсолот мегардад. Дар соли 2023 низ сатҳи таваррум дар кишвар муътадил нигоҳ дошта, дар сатҳи 3,8 дарсад қарор дорад. Ногуфта намонад, ки ҳолати девалватсионии асъорӣ мо нисбат ба соли гузашта муътадил мебошад, ки ин раванд бевосита ба дараҷаи даромаднокӣ ва сатҳи зиндагонии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷумла паст гардидани сатҳи фавт дар кишвар, ки дар соли 2023 нисбат ба соли 1991 ду баробар коҳиш ёфтан ва аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидан, яке аз нишондиҳандаи дараҷаи беҳтар гардидани сатҳи зиндагонии аҳолии кишвар мебошад.

Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сарвари давлат супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷавӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз ва аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дарсад зиёд гардад. Ҳамзамон, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки ин яке аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар баҳри шаҳрвандонаш мебошад.

Мусаллам аст, ки рушди иқтисодиёти миллӣ аз мавҷудияти ва дараҷаи камбизоатӣ дар кишвар вобастагии калон дошта метавонад. Хушбахтона, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 дарсад соли 2017 то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш дода шудааст. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 дарсад паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Баҳри беҳдошти ин зарур шуморида шуд, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад таъмин карда шавад.

Албатта, баҳри беҳдошти шароити зиндагонии аҳолии кишвар бояд чораҳои дигар низ андешида шавад,–таъкид намуд дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат,–аз қабили ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус, коғазҳои қиматноки «сабз» ва бозори такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ин замима иброз гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст,–қайд гардид дар Паёми навбатӣ, ки ин хеле мусбат арзёбӣ мегардад.

Ногуфта намонад, ки рушди “иқтисодиёти сабз” боз ҳам талаб менамояд, ки ҷалби сармоягузории зиёд гардад. Дар ин росто, бо иқдомҳои шоистаи Роҳбарияти олии кишвар ва татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аксари корҳо давра ба давра ба сомон расонида шуданд. Хусусан, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои асосии кишвар дар самти «иқтисоди сабз» корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, оғоз аз самаранокии ислоҳоту роҳандозӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва ҷалби сармоягузорӣ то ба таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар бар мегиранд.

Дар шароити имрӯз ҷалби сармоягузорӣ тақозо менамояд, ки ҳамқадами замон бошем ва инро, пеш аз ҳама, сармоягузор баҳогузорӣ менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки кишварҳои ҷаҳон талош бар он меварзанд ҳарчи зудтар тамоми фаъолят ва хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат возеҳу равшан иброз медоранд, ки рушди сармоягузорӣ, пеш аз ҳама, дар занҷираи томи ба якдигар пайванд, яъне рушди рақамикунонӣ ва гузаштан ба ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба таври пурра ва ҷалби сармоягузории хориҷию дохилӣ ба барои татбиқи пурраи “иқтисодиёти сабз” ва ба ин васила гузаштан ба рушди босуботи кишварамон мусоидат менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки паст кардани фоизи қарз ва дастрас гардидани он имкон медиҳад, ки рушди соҳибкорӣ, аз он ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ афзоиш ёфта, рушд намояд. Дар ҳамин радиф гузаштан ба иқтисодиёти рақами имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ ва гардиши он дар раванди иқтисодиёт ҳарчи зудтар амалӣ гардад. Аз ҷумла соҳибкории саноатӣ ҳамчун самти пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ ва омили ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ чун ҳамешагӣ дар марказӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.

Дар умум, тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли 2023 хело ҳам мусбат арзёбӣ мегардад. Дар соли 2024 низ баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани рушди иқтисодӣ иқтисодию иҷтимоии кишвар мебояд зиёдтар талош карда шавад, аммо барои ин мебояд заминаҳои ҳуқуқӣ боз ҳам беҳтар гардонида шавад. Аз ин лиҳо, дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат ин нуктаро гуфта гузаштаанд.

Махсусан қайд гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар пешниҳод намуд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Тавре дида мешавад Паёми навбатии Президенти кишвар ҳамчун дурнамо барои соли 2024 ва татбиқи амалигардии он метавонад марҳалаҳои нави рушди иқтисодию иҷтимои кишварро муайян намояд. Аммо барои рушди бевоситаи ин самтҳо на танҳо Ҳукумати кишвар, балки тамоми шаҳрвандони он, аз қабили ҳамеша ҳифз ва нигоҳ доштани муқадассоти миллӣ, муҳити атроф, баланд бардоштани сатҳи хештаншиносӣ ва ҳуввияти ватандорӣ, таъмини амнияти озуқавории худ (то дараҷаи имконоташон) таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.  Ҳамзамон, барои рушди устувори кишвар иҷрои тамоми барномаҳои қабулгардида на танҳо дар шакли назарявӣ, балки ҳар як нақшаву супоришҳои роҳбарияти олии кишварро дар амал тадбиқ ва мавриди амалия қарор гирад. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат изҳор намудан “Мардуми кишвари моро зарфияти дараҷаи зиндагонияшон то ба сад сол баробар гардидан имкон дорад”. Бинобар ин, мо низ бо боварӣ гуфта метавонем, ки сармашқи худ қарор додани тамоми амру супоришҳои Сарвари кишвар метавонад боиси таъмини рушди иқтисодиёти босуботи мамлакат ва минтақа гардад.

Рустамҷони С.Қ.,
н.и.и. сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто

Чоп кунед