ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 16 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа Сарвари давлат зимни таҳлили вазъ вобаста ба шиддат пайдо кардани шароити геосиёсии ҷаҳон, авҷ гирифтани низоъҳои тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, хусусан, маводи озуқаворӣ ва сӯзишворӣ, ҷорӣ гардидани маҳдудият дар шабакаҳои логистикии интиқоли молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дар назди шарикони рушд зарурати такмили барномаву нақшаҳоро ҷиҳати афзоиш додани кумакҳо дар самти кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди мамлакат, дастгирии буҷети давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва маблағгузории ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ба миён гузоштанд.
Ҳамчунин 16 март бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расид, ки дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба ин мавзӯъ ва перомуни роҳҳои эмин мондан аз буҳрони иқтисодии баамаломада бо коршиносон суҳбат намуд.
— Болоравии бошиддати арзиши молу маҳсулот, дастрасӣ ба асъори хориҷӣ ва коҳиши қурби асъори миллию хориҷӣ нигарониҳоро дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон бештар кардааст, ки ҷумҳурии мо низ аз он дар канор нест.
Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин ОДИНАЕВ мегӯяд, ки Федератсияи Русия имконоту захираҳои бузурги иқтисодӣ дорад ва метавонад таҳримҳои ҷоринамудаи мамлакатҳои Ғарбро бо таъсири камтарин паси сар намояд. Яъне Русия барои бартараф намудани пайомадҳои манфии таҳримҳои ҷоригардида муддати тӯлонӣ омодагӣ гирифта, дар ин самт барномаҳои мушаххас таҳия намудааст. Аз ин нуқтаи назар, хулоса намудан мумкин аст, ки маҳдудияти бесобиқа ба бонкҳои Русия ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он зарбаи сахт нахоҳанд овард.
Ба суоли он ки таҳримҳои бар зидди Русия татбиқшуда ба низоми бонкӣ ва дигар бахшҳои иқтисодии мамлакати мо ҳамчун шарики стратегӣ чӣ таъсир хоҳанд расонд, Амин Одинаев посух дод, ки ин маҳдудиятҳо ба баъзе соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакати мо низ бетаъсир нахоҳанд буд. Аз ҷумла, маҳдудият дар самти дастрасии соҳибкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба доллар ва рубли русӣ, инчунин болоравии меъёри фоизи пешниҳоди қарз.
Болоравии қурби асъори хориҷӣ, ҳамчунин коҳиши қурби рубли русӣ ба кору зиндагии сокинони Тоҷикистон бетаъсир намемонад. Ин вазъ аллакай ба фаъолияти соҳибкороне, ки молу маҳсулотро аз хориҷи мамлакат ворид менамоянд, мушкилӣ пеш овардааст.
Вобаста ба ин, баъзе соҳибкороне, ки ба воридоти молу маҳсулот аз хориҷи кишвар машғуланд, ибрози ақида намуданд, ки баъди ҷорӣ гардидани таҳрим ва маҳдудияти шадид бар зидди Русия онҳо дар самти дастрасӣ ба доллар ба мушкилӣ дучор шудаанд.
Ба андешаи онҳо, бо сабаби камчинии доллар чанд рӯз боз онҳо наметавонанд ҳаққи хизматрасонии ширкатеро аз Литва, ки молу маҳсулоти онҳоро аз Олмон ба мамлакат ворид намудааст, пардохт намоянд. Шумораи иштирокчиёни муомилоти иқтисодии берунӣ ва молҳои содиротиву воридотӣ эҳтимол кам шуда, муҳлати таъминкунии саривақтӣ низ метавонад халалдор гардад, ки ин бевосита ба рушди соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ ва раванди саноатикунонии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.
Дар баробари дигар омилҳои манфии таъсиррасон эҳтимоли коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ ба далели таназзули иқтисоди Русия низ ҷой дорад. Аммо ин вазъ на танҳо дар мамлакат мо, балки дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва ҳатто Қазоқистон низ мушоҳида мегардад.
Мувофиқи арзёбии баъзе институтҳои байналмилалии молиявӣ, кишварҳое чун Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон, ки ҳиссаи маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилияшон мутаносибан аз 33 то 30 дарсадро ташкил медиҳад, метавонанд бештар осебпазир бошанд.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф РАҲИМЗОДА низ бар ин назар аст, ки «бо таваҷҷуҳ ба он ки Русия яке аз шарикони тиҷоратию иқтисодии кишвари мост, тағйирот дар вазъи иқтисодии он хоҳу нохоҳ ба иқтисодиёти мо низ таъсир мерасонад”. “Азбаски, — мегӯяд ӯ. — қисме аз шаҳрвандони мамлакати мо дар Русия ба фаъолият машғуланд, тағйири қурби рубли русӣ, болоравии нархҳо ва коҳиши ҷойҳои корӣ боиси камшавии маблағи интиқолҳои пулӣ мегардад. Гузашта аз ин ҳамасола мамлакати мо аз Федератисия Русия миқдори муайяни молҳоро ворид месозад ва боло рафтани нархи онҳо боиси болоравии нархҳо дар бозори мо низ мегардад”.
Аз ин рӯ, профессор Шариф Раҳимзода чунин мешуморад, ки мо бояд аз ҷиҳати психологӣ ба ин тағйирот омода бошем ва донем, ки онҳо аз мо ва ҳукумати мо вобаста нестанд. “Ин бори аввал нест, ки чунин тағйирот ба иқтисодиёти мо таъсир мерасонанд ва мо ҳамеша бо сарбаландӣ аз чунин вазъият баромада будем. Чунин амалҳо хоси ҳамаи мамлакатҳои хурдеанд, ки иқтисодиёташон аз вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ вобаста аст ва ин вобастагӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ боз ҳам меафзояд», — иброз намуд Раҳимзода.
Ба таъкиди Шариф Раҳимзода, мо ҳама бояд маҳсулоти ватаниро харидорӣ намоем, зеро ин яке аз роҳҳои дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад. Аз ҳама муҳим, ин сабаби зиёд шудани истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мегардад. Ҳамаи он бонкҳои дар мамлакати мо фаъолияткунанда, ки дар бонкҳои Русия ҳисобҳои муросилотӣ доштанд, бояд аз пайи кушодани чунин ҳисобҳо дар бонкҳои аврупоӣ ва мамлакатҳои дигар шаванд, то ҳангоми зарурати гузаронидани маблағҳои мизоҷон мушкилӣ эҷод нашавад.
“Таҷриба нишон дод, ки дар чунин ҳолат талабот ба маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ коҳиш меёбад ва корхонаҳои ин соҳа ба мушкилӣ дучор мешаванд. Зарур аст, ки онҳо бо роҳҳои гуногун дастгирӣ ёбанд. Сохторҳои дахлдор бояд пеши роҳи дахолати барзиёд ба фаъолияти соҳибкориро гиранд. Бояд дар назар дошт, ки дар чунин ҳолат мамлакатҳои ҳамсоя ба соҳибкорони чӣ ватанию чӣ хориҷӣ имтиёзҳои бештар медиҳанд ва ин метавонад боиси гурехтани сармоя аз мамлакати мо гардад”, — гуфт дар суҳбат бо мо директори Институти иқтисодиёт вак демографияи АМИТ Ш. Раҳимзода.
Роҷеъ ба ин масъала мо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо муроҷиат намудем ва пурсон шудем, ки дар ин ҷода чӣ тадбире рӯйи даст доранд. Масъулони ин ниҳод изҳор доштанд, ки Нақшаи тадбирҳо оид ба пешгирии хавфи таъсири эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон аллакай қабул гардид.
Дар вазорат инчунин илова намуданд, ки баробари ҷорӣ гардидани бастаи таҳримҳои иқтисодии кишварҳои Ғарб нисбат ба баъзе шарикони асосии тиҷоратӣ Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таъсис дода шуда, рӯзҳои 26 ва 28 феврал, 1, 3 ва 4-уми марти соли 2022 ҷаласаҳои худро бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо, истеҳсолкунандагони ватанӣ, ассосиатсияҳои истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони ғалла ва маҳсулоти нафтӣ, воридкунандагони маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, бахши хусусӣ ва шарикони рушд доир намуда, бо назардошти фикру тавсияҳои онҳо Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таҳия намуда буд.
Нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронии номбурда масъалаҳои таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм, сабзавот, зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо ва пешгирии болоравии беасоси нархҳо, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорӣ, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, пешбинӣ намудани қарзҳо бо фоизи паст ба соҳибкорони истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мавқуф гузоштани санҷишҳои ғайриандозӣ, ҷалби кумакҳои молиявии иловагӣ ва дигар тадбирҳоро дарбар мегирад.
Ҳамзамон ҳангоми вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ омодагии худро барои ҷудо намудани кумаку маблағҳои молиявӣ бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ баён намуданд.
Сенарияҳои гуногуни таъсири эҳтимолии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар бо истифода аз моделҳои эконометрикӣ пайваста баҳодиҳӣ карда шуда, барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувори макроиқтисодӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо заҳмати кишоварзон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ захираи ҳаҷми зарурии маҳсулоти хӯрока дар ҷумҳурӣ мавҷуд мебошад. Танҳо дар соли 2021 ба маблағи умумии қариб 80 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноативу кишоварзӣ истеҳсол гардиданд, аз ҷумла истеҳсоли орд 828 ҳазор тонна, гандум 876 ҳазор тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 415 ҳазор тонна, гӯшти чорво 284 ҳазор тонна, гӯшти паранда 44,1 ҳазор тонна, моҳӣ 4,4 ҳазор тонна, равғани растанӣ 23,5 ҳазор тонна, консерваи меваю сабзавот 65 млн. қуттӣ, шир 1 миллиону 43 ҳазор тонна, тухм 1 миллиарду 54 миллион дона, маҳсулоти қаннодӣ 32,4 ҳазор тонна, макарон 9,5 ҳазор тонна, картошка 1 миллиону 41 ҳазор тонна, биринҷ 18 ҳазор тонна, сабзавот 2,6 млн. тонна, мева 712 ҳазор тонна ва асал 4,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Дар соли 2021 меваю сабзавоти аз талаботи дохилӣ барзиёдатӣ дар ҳаҷми 208 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содирот карда шуд.
Бинобар ин захираву иқтидорҳои ватанӣ талаботи бозори истеъмолиро бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, нон ва маҳсулоти нонӣ, макарон, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, шир, тухми паранда, донагиву лубиёгӣ, биринҷ ва дигарҳо дар сатҳи зарурӣ метавонанд таъмин намоянд.
Дар баробари ин воридоти баъзе ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр ба монанди гандум, зироатҳои равғандеҳ, шакар, маҳсулоти нафтӣ ва дигарҳо барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили ҷумҳурӣ тибқи қарордодҳои амалкунанда аз шарикони тиҷоратӣ бе монеагӣ идома доранд.
Дар ҷумҳурӣ захираву имкониятҳо барои бо асъори хориҷӣ таъмин намудани воридкунандагони маҳсулоти хӯрока ва доруворӣ мавҷуд мебошанд.
Масъалаи пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ зери назорати доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад ва минбаъд низ барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал ва захираи зарурии онҳо, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ ва бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешаванд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»