Мо ҳама итминони комил дорем, ки шиддати душвориҳои имрӯз бо сабаби паҳншавии коронавирус дар кишвари мо ба вуҷуд омада аллакай хеле паст гардида, ҳатман дар муҳлати наздиктарин пушти сар мешаванд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар баробари ҳалли масъалаҳои ҷорӣ аз ҳоло ба фардои худ низ таваҷҷуҳ карда, нақшаҳои худро барои ояндаи наздик тарҳрезӣ намоем.

Амалия нишон дод, ки дар давраи мубориза бо коронавирус баъзе мушкилот ба миён омаданд, ки назар ба душвориҳои дигар хеле бараъло зуҳур карданд. Чунин мушкилот гуногун буданд, вале сабақ гирифтан аз баъзеи онҳо ва барои оянда омода намудани аҳолии кишвар, ниҳодҳои дахлдори ҷомеа ва давлат дар рӯ ба рӯи чунин душвориҳо ҳатман зарур аст.

Инҷо як қатор мушкилотро дар ин самт ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳоро дар оянда зикр менамоем. Албатта, омодагӣ доштани соҳаи тандурустӣ барои чунин вазъҳои фавқулода масъалаи муҳимтарин аст, вале инро ба баррасии мутахассисон вогузошта, танҳо ба баъзе ҷузъиёти умумӣ дар самтҳои дигар дахл мекунем. Аз ҷониби дигар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ аз 20 майи соли 2020 ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ дар мамлакат амалӣ намудани тадбирҳои иловагиро барои кормандони соҳа ва ниҳодҳои дигар аллакай супориш доданд, ки як роҳнамои мушаххасе барои фаъолияти минбаъда дар ин самт хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурии мо як амали неке ҳамасола роҳандозӣ карда мешавад. Чунонки медонем, тамоми ниҳодҳо ҳанӯз аз баҳору тобистони соли ҷорӣ сар карда, нақшаҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли оянда таҳия менамоянд ва тибқи онҳо фаъолияти худро ба роҳ мемонанд. Моро зарур аст, ки бо дарназардошти ҳодисаҳои маълум минбаъд ба чунин нақшаҳо тадбирҳои омодагии сартосариро барои зуҳуру паҳншавии касалиҳои сирояткунандаи мавсимӣ низ ҳамасола ҳатман илова намоем.

Як масъалае, ки дар ин давраи душвор басо баҳсангез буд, ин эълон кардани карантини нарм ё фарогир дар кишвар буд. Вале таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳар ду навъи он ҳам метавонанд ба кор раванд, агарчи карантини фарогир хисоратҳои зиёди молиявию моддӣ ба бор меорад, ки таҳаммул кардани он танҳо ба баъзе давлатҳои пешрафта, ки захираҳои буҷетиашон васеътар аст, имкон дорад. Аз ин рӯ карантини нарм, ки бе эълони расмӣ, довталабона дар кишвари мо пеш гирифта шуд, роҳи дуруст дар ҳалли душвориҳои пешомада буд ва чунонки Пешвои миллат таъкид доштанд, «Дар ҳоле, ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд». Дар баробари ин, таҷриба нишон дод, ки агар минбаъд чунин карантини нарм эълон шавад, он бояд тадриҷан, вобаста ба вазъи соҳаҳо амалӣ карда шавад. Масалан, дар мадди аввал қатъ кардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, баъдан соҳаҳои дигаре, ки имконияти фаъолияти фосилавӣ доранд ва ғайра. Дар баробари ин, карантини нарм бояд дар ҳолати аз он баромадан низ ба таври тадриҷӣ бо дарназардошти вазъ сурат гирад.

Аз касе пӯшида нест, ки як мавзеи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ин нақлиёти ҷамъиятӣ аст. Дар кишвари мо, махсусан дар пойтахти ҷумҳурӣ, нақлиёти маршрутӣ хеле васеъ паҳн шуда аст, ки барои нигаҳдошти фосилаи иҷтимоӣ чандон мутобиқ нест. Аз ин рӯ, бояд дар ҳолатҳои зарурӣ имконият бошад, ки ба ҷойи нақлиёти маршрутӣ шумораи зарурии автобусҳо истифода бурда шавад. Ҳамзамон нақлиёти такси ҳам бояд барои низоми ҷудо кардани мусофирони пушт аз ронанда ва манъи савор кардани мусофирон дар паҳлӯи ронанда омодагӣ дошта бошад. Пешбинии корҳои мунтазами безарарсозии ҳам худи нақлиёт ва ҳам мусофирон низ бояд аз мадди назар дур намонад.

Омодасозии ҷойҳои ҷамъиятие, ки пурра бастани онҳо имкон надорад, барои ҳолатҳои фавқулода хеле муҳим аст. Аз ҷумлаи онҳо бозорҳо, дӯконҳои хурду бузурги маводи хӯрокӣ мебошанд, ки бояд барои таъмини риояи талаботи беҳдоштӣ дар ҳолатҳои паҳншавии касалиҳои сирояткунандаи мавсимӣ ба пуррагӣ омода бошанд ва бехатарии саломатии одамонро ҳам ҳангоми даромад ва ҳам ҳангоми баромад аз онҳо бо роҳи безарарсозӣ таъмин созанд.

Пешбинии маблағҳо аз ҷониби тамому вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилоту созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ барои таъмини мунтазами риояи талаботи беҳдоштӣ дар давраҳои оянда яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки онро бояд қаблан дар сметаи харољот тарҳрезӣ намуда, омодагиро дар сатҳи зарурӣ таъмин созем.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки муассисаҳои таълимӣ ва баъзе вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилоту созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ имкон доранд, ки дар ҳолатҳои фавқулода низоми фаъолияти худро ба таври фосилавӣ ба роҳ монанд. Бо ҳамин сабаб таъмин сохтани чунин ниҳодҳо бо таҷҳизоту воситаҳои техникии зарурӣ як роҳи ҳалли масъала дар давраҳои минбаъда хоҳад буд.

Фаъолгардонии расонаҳои хабарӣ дар шабакаи интернет ва саҳифаҳои иҷтимоӣ дар ҳолатҳои фавқулода як воситаи муҳимми кор бо шаҳрвандон аст, зеро иттилои шаклҳои анъанавии ВАО дар ҳолати мавҷуд будани монеаҳо ба мардум дертар мерасад. Ҳамзамон, бояд ба эътибор гирем, ки дар чунин ҳолатҳо ахбори заруриро дар шакли ҳаҷман хурд расонидан муассиртар аст (ба эътирофи равоншиносон иттилооти зиёдтар аз 130 аломат мавриди таваҷҷуҳи камтари насли имрӯз қарор мегирад). Ҳамзамон, хуб мебуд агар бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи молиявию кадрии расонаҳои хабарии давлатӣ як ниҳоди махсуси давлатӣ дар самти кори иттилоотӣ дар шабакаи интернет ва саҳифаҳои иҷтимоӣ (бо имконияти корбурди итилооти матнӣ, тасвирӣ, овозӣ ва видеоӣ) таъсис меёфт, зеро истифода аз василаҳои ҷангҳои иттилоотию психологӣ, чунонки таҷрибаи аксарияти кишварҳои олам нишон дод, ба яке аз махсусиятҳои даврони душвору фавқулода мубаддал мегардад.

Аз ҷониби хадамоти дахлдори санитарию эпидемиологӣ ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин ниҳодҳои дигари марбута қаблан ва мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни тамоми қишрҳои аҳолӣ, махсусан бо роҳи паҳн намудани маводи таблиғотии айёнӣ ва фаҳмо, тавассути телефонҳои мобилию василаҳои интернетӣ оид ба риояи талаботи беҳдоштӣ дар вазъияти паҳншавии касалиҳои сирояткунандаи мавсимӣ як роҳи хеле муфиди кор бо мардум аст. Аз ҷониби дигар, ин гуна тадбирҳоро қаблан ва мунтазам дар оянда ба роҳ монда, мо бояд ба ташаккули фарҳанги нав – одоби рафтори мардум дар шароити фавқулода заминаҳои устувор гузорем, зеро таҷрибаи инсоният нишон дод, ки маҳз рафтори шаҳрвандон дар оқибати кор раванду натиҷаи ниҳоии зуҳури бемориҳои сироятиро муайян месозад.

Эътирозҳои мардуми кишварҳои мухталифи олам дар нисбати љорӣ сохтани вазъи карантини фарогир ё нарм, худузлатнишинӣ (самоизолятсия), талабот ба пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи иљтимоӣ ва ғайра нишон дод, ки дар ин самт қонунгузории аксарияти кулли кишварҳо номукаммал аст. Ин таљрибаро мавриди баррасиҳои амиқ қарор дода, моро низ зарур аст, ки қонугузории мављуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро ба ин гуна вазъу ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ мутобиқ намоем. Дар баробари ин, ворид намудани тағйироту иловаҳои зарурӣ ба санадҳои дахлдор оид ба масъулияти волидон дар самти назорати рафтори фарзандон дар вазъҳои фавқулода ва танзими назорати зиддинҳисории нарху навои маводи хӯрока, доруворӣ ва маводи дигари тиббию фармасевтӣ дар чунин ҳолатҳо муҳим аст.

Дар интиҳо таъкид месозем, ки паҳншавии коронавирус дар кишвари мо барои ҳама шаҳрвандон ва тамоми ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ таҷрибаи ғание пешниҳод кард. Ин таҷрибаи шахсию дастаҷамъӣ талх бошад ҳам, сабақ гирифтан аз он ба мо имкон медиҳад, ки дар оянда барои вазъҳои гуногуни фавқулода омодагии беҳтару бештар дошта бошем. Аз ин рӯ зарур аст, ки дар баробари таваҷҷуҳ ба душвориҳои имрӯз ҳамагон аз ҳоло дар фикри ояндаи хеш бошем, зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти болозикрашон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид доштанд, дар чунин муборизаҳо танҳо «шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад».

Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп кунед