ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «Раванди ташаккули «буҳрони Афғонистон» ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора дар хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони масоили байналмилалӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Директори Марказ Хайриддин Усмонзода зикр кард, ки Афғонистон яке аз наздиктарин ҳамсояҳои ҷанубии Тоҷикистон мебошад ва аз ин рӯ, кишвари мо наметавонад ба ҳодисаҳо ва равандҳои дар ин давлат ҷойдошта бетафовут бошад. Дар баробари ин, ҳудуди бештари аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, ки ин воқеият ҳамбастагии моро бо ин кишвар бештар мегардонад.
Мавсуф тазаккур дод, ки бо гузашти беш аз даҳ моҳи ҳукумати «Толибон»* дар Афғонистон фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ, шиддатгирии сатҳи фақр ва авҷи буҳрони иқтисодӣ дар кишвар, баста шудани дари муассисаҳои таълимии духтарона, торафт мушкил шудани шароити иҷтимоии мардум вазъ дар ин кишварро боз ҳам печидатар намудааст. Дар шароити имрӯзаи байналмилалӣ бар асари ҳаводиси Украина дар пасманзари таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтани баҳодиҳии вазъи дохилии ин давлат талошҳоро барои мавқеъгирии кишварҳо дар рӯ ба рӯи ин падидаҳо камрангтар сохтааст. Зимнан зуҳури ҳарчӣ бештари ноамниҳо умедвории ҷомеаи ҷаҳониро ба ваъдаи симои сиёсии худро тағйир додани ҳокимияти амалкунанда ва ҳамчун неруи солими бо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳукумат намуданашон камтар мекунад.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи идома ёфтани бесуботии сиёсиву амниятӣ дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористӣ, аз қабили «ДОИШ–Хуросон», «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ» ва монанди инҳо дубора рӯйи майдон омада, муборизаи худро алайҳи толибон фаъол намудаанд. Дар натиҷа, толибон, ки пештар то ҳадде бо ин гурӯҳҳо робита дошта, зидди ҳукумати марказӣ меҷангиданд, айни замон ҳукумати онҳо аз ҷониби ин қувваҳо зери хатар қарор гирифтааст. Ин вазъ ба гурӯҳи «Толибон»* имкон намедиҳад, ки фаъолияти сиёсии худро ба таври муътадил пешбарӣ намуда, мақом ва ҷойгоҳи ҳукумати хешро дар қаламрави кишвар устувор намоянд.
«Бо назардошти буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ тамоми имкониятҳои логистикии худро барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми азиятдидаи Афғонистон пешниҳод намуд, — гуфт Хайриддин Усмонзода. — Дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯйӣ намояд».
Бино ба андешаи Х.Усмонзода, табиист, ки дар пасманзари мушоҳида ва таҳлили ҳодисаҳои моҳҳои охир, ки дар ин кишвар ба вуқӯъ пайвастанд, нигаронии Тоҷикистон аз хатари мубаддалшавии Афғонистон ба паноҳгоҳи амни гурӯҳҳои террористии таҳдидкунанда ба оромии минтақа меафзояд. Новобаста аз изҳори омодагӣ барои роҳ надодан ба истифодаи сарзамини Афғонистон ба пойгоҳи таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, толибон ҳамоно бар асари собиқаи таърихии ҳамкорияшон бо онҳо наметавонанд пурра вориди муқовимат бо гурӯҳҳои амалкунандаи террористӣ шаванд. Илова бар ин, бар асари шиддат гирифтани ихтилофоти дохилӣ ва эҷоди ноамниҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад ҳодисаҳои Афғонистон метавонад паёмадҳои манфиро барои кишварҳои Осиёи Миёна ба бор оранд.
Аз ин рӯ, Тоҷикистон бо дарки масъулият дар таъмини амнияти минтақавӣ вазъиятро таҳти назорат қарор додааст. Зеро Афғонистон кишваре мебошад, ки носуботӣ дар он ба тамоми кишварҳои минтақа ва фаротар аз он таҳдид мекунад.
«Тоҷикистон дар мавриди барқарории ҳамкории сиёсӣ бо Афғонистон дар мавқеи худ устувор аст ва он аз ҷониби Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат аллакай возеҳу равшан баён шудааст. Айнан кулли кишварҳои дунё ва ташкилоту созмонҳои байнамилалӣ аз чунин мавқеъ баромад мекунанд ва дар меҳвари он ташкили ҳукумати фарогир, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи сокинони мамлакат қарор дорад», — таъкид намуд Хайриддин Усмонзода.
Дигар иштирокчиёни ҳамоиш дар мавзӯъҳои вобаста ба вазъи имрӯзаи Афғонистон маърӯза намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
__________
* Ташкилот барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дошта, дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.