ДУШАНБЕ, 14.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертӣ – «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Аҳли фарҳангу санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири анъанаҳои деринаи милливу ҳамҷаворӣ ва равобити ҳасанаи мамлакатҳоро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тарранум ва пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.

Мардумони давлатҳои Осиёи Марказиро муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек, дарки умумият ва ҳампаймонӣ бо якдигар мепайвандад ва ин давлатҳо ба рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу санъат таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд доранд.

Дар ҳамин замина пойдории муколамаи боэътимод ва рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо, яке аз авлавиятҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории амнияту субот дар минтақа мусоидат менамояд.

Барномаи муштараки рангини консертӣ таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки инъикосгари анъанаҳои деринаи дӯстиву ҳамкории ояндадори давлатҳои минтақа буд, хеле дилписанду фараҳбахш доир гардид ва меҳмонони олимақом ба ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангу санъат баҳои баланд доданд.

khovar.tj

Чоп кунед