Рӯзи 30 апрели соли 2023 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мақсади қабули тағйиру иловаҳои нав ба Конститутсия райъпурсии умумихалқӣ баргузор гардид.   Ба  ҷонибдории таҳрири нави Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон    90,21%-и интихобкунандагон райъ доданд.  Дар асоси тағйиру иловаҳои нав беш аз 65 дарсади матни Конститутсияи амалкунанда тағйир ёфта, шумораи моддаҳои он аз 128 ба 155 ва меъёрҳо аз 275 ба 434 расид. Маврид ба зикр аст, ки дар Конститутсия принсипи давлатдории  Ҷумҳурии Ӯзбекистон–”мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ” муқаррар шудааст.

Дар чорабинии сиёсии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозири байналмилалӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар ин маъракаи муҳимми кишвари ҳамсоя ширкат варзида, зимни суҳбат бо расонаҳои хабарии Ӯзбекистон сатҳи баргузорӣ ва нақши ин санади сарнавиштсозро дар таъмини рушди минбаьдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусбат арзебӣ намуд.

Хадмати матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед