Мақомоти амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавқеи расмии худро доир ба мавҷудият ва ҷойгиршавии 6 то 10 ҳазор ҷангиёни намояндагони ташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз ҷумла, ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломро дар шимоли Афғонистон ва дигар минтақаҳои он расман эълон намуд. Ин маълумотро роҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон  Аҳмадзиё Сироҷ рӯзи 18–уми феврал дар як “Конфронси минтақавӣ мубориза алайҳи терроризм” аз таҳдиду хатарнокии воқеии доштани ин ҷабҳаю дастаҳои ифротгаро, ба монанди Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҲНИ) расман эълон намуданд.

Аз фаъолияту амалҳои содиркардаи ин ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстримистӣ дошта маводҳои зиёди тасдиқкунада дар  бойгониҳои сохторҳои қудратии ду кишвари бародар–Тоҷикистону Афғонистон мавҷуд мебошанд, ки бо дастгирии хоҷагону маблағгузорони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик на танҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, куштору харобиҳои гарон, балки мухолифатҳои гуногуни мазҳабиро низ ба бор овардаанд.

Ҳадафи асосии ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз ташкилоти “Ихвон–ул–мислимин” ва маблағгузории он сарчашма мегирад. Мақсад амалӣ намудани таблиғи барномаи худ дар пояи дини ислом ин ноором сохтани вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, кишварҳои рӯй ба инкишоф ва такрори ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90–уми асри гузашта мебошад.

Тибқи маълумоти  мавҷуда ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки соли 1990 таъсис ёфта, то соли 2015 талош варзида, беш аз 43 ҳазор узвият ва ҷонибдорони худро пайдо намуда, худро яке аз бузургтарин ҳизбу ташакилоти сиёсии мухолифи давлат эълон намуда буд.

Дар бахши хиёнат ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ доштаи ТТЭ ҲНИ мисолҳои зиёде овардан мумкин аст.

Якум, ҳамкории ТТЭ ҲНИ бо ДОИШ: рӯзномаи бонуфузи «Ал-Аҳром»–и Мисри Араб дар расонаҳо маълумоте аз рӯйи харитаи паҳншавӣ ва фаъолияти ҷанговарони ҷабҳаи ТЭТ ҲНИ–ро дар сафи гурӯҳҳои террористӣ шарҳу муаррифӣ мекунад. Ин рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна–«Ал–Аҳром» аст, ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба нашр мерасад, дар бораи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо «Ихвон-ал-Муслимин», ДОИШ, «Ҷабҳат ан–Нусра», «Ҷайш–ал–ҳур» (Лашкари озод), Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ (ҲИТШ) ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ низ мақолаю гузориши таҳлилӣ нашр намудааст. Баъди ба табъ расидани далелҳои тасдиқкунанда тариқи ВАО таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ҷиноятҳои пинҳонии содиркардаи аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ–террористии ҲНИ бештар гардид. Яъне амалҳои хиёнаткоронаи наҳзатиҳо ба ҳама мардуми ҷаҳон ошкор гардида истодаанд. Шарҳи мақолаи рӯзномаи давлатии Миср “Ал–аҳром”–ро дар зер ба шакли фишурда пешниҳод менамоем.

Гурӯҳҳои террористӣ–ТТЭ ҲНИ ва ДОИШ аз «Ихвон-ал-Муслимин» маншаъ гирифта, аз ҷониби онҳо дар робита ба кумакҳои зиёде бо шаклҳои гуногун, омодасозии кадрӣ–ҷиҳодӣ  мавриди амал қарор гирифта, амалҳои гуногуни  террористӣ   роҳандозӣ мегарданд.

Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзои ТТЭ Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар сафи ташкилоти террористии “ДОИШ” дар Сурия ва Ироқ ҷангиданд. Адади дигари онҳо таҳти парчами «Ҷабҳат ан–Нусра», “Лашкари озоди Сурия”, Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ (ҲИТШ) ба Афғонистону Покистон интиқол карда шуда, дар ҷабҳаҳои зархарид баҳри нооромии мардуми Афғонистон ҷангида истодаанд.

Дуюм, агар ба гузаштаи роҳи тайкардаи фаъолияти ин ҳизби террористии  ифротгаро ва роҳбарони он назаре андозем, ҳар як фарди  тоҷикистонӣ тасдиқ менамояд, ки онҳо чунин мусибатҳои гӯшношунидеро ба амал овардаанд: талоши ихтилофандозӣ, пошидани тухми кинаю адоват, ба бор овардани садҳо куштор, тороҷи моликияти ҷамъиятиву давлатӣ, азхуд кардани муассисаю корхонаҳои давлатӣ ба миқдори миллионҳо доллар, овардани зарару ҳисороти зиёд ба иқтисоди кишвар, мусибати гарони равонӣ ба ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, ангехтани ихтилофи мазҳабӣ, маҷбуран бор кардан ақидаҳои хурофотпарастии бегона ба сари ҳар як фарди тоҷик маҳз аз ҷониби роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба амал омадааст.

Сеюм, роҳбарони ҲНИ маблағҳои аз давлатҳои исломӣ гирифтаашонро истифода карда, дар зери ниқоби ғояҳои демократӣ сиёсати ҷудоиандозӣ, миллатгароӣ ва бунёдгароиро барнома ва оиномаи худ гардонида, миллати ягонаи орому осоиштаро ба гурӯҳу табақаҳои гуногун ҷудо ва ба муқовимати шадиди минтақавӣ, ҷанги шаҳрвандӣ бо истифодаи силоҳ сафарбар намуданд.

Роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар қолаби ғояҳои поки дини мубини ислом, татбиқи барномаҳои авомфиребона ва моҷароҷӯёнаи аз хориҷ   нусхабардориву ворид кардаашонро ба роҳ монда, тафаккури мардуми орому осоиштаро заҳролуд карда, ба издиҳому  майдонишиниҳои давомнок сафарбар намуданд. Бо истифодаи чунин усул дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, оммаи мардуми роҳгумзадаро тобеи ғояҳои дуруғини ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ  гардонида, ба тарғибу ташвиқи бунёди “давлати исломӣ” дар пояи падидаҳои  ифротгаро сафарбар намоянд.

Чорум, моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали ҳизб рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави худ дар минтақаи совхози Туркманистони ноҳияи Вахш ва шаҳри Ваҳдат буд. Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДОИШ–ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзоёни ТЭТ ҲНИ садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи ин созмон пайдо гардидаст. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуйян боқӣ монд. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои даҳшатноки ДОИШ дар Сурия, Ироқ ва Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд.

Панҷум, яке аз  хиёнатҳои роҳбарияти ТЭТ ҲНИ  ташкили моҷароҳои сиёсӣ, оғози муноқишаҳои дохилию минтақавӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, ки хисороти гарони ҷонию молӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пеш оварда, ба тафаккури сиёсӣ ва рӯҳияи ақидавии мардуми кишвар таъсири  манфиро гузошт.

Ин раванди бесарусомонӣ аз соли 1990 то соли 2000 идома ёфта, ба тафаккури мардум таъсири манфии худро расонида тавонист. Муҳити ҷойдошта муносибати одамонро барои фаъолияти самаранок, риояи қонунҳои танзимкунанда, талошҳо баҳри рушди ҳаёти солими сиёсии ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ коста гардонид. Чунин муҳити ноустувор сабабгори тороҷ гардидани моликияти давлатию ҷамъиятӣ, рӯ ба таназзул овардани тамоми соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, аз ҷумла  соҳаи кишоварзӣ буд.

Шашум, дастаҳои  силоҳбадасти ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ солҳои зиёд шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ, Файзобод ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияҳои ВМКБ-ро зери таъсири режими идеологияи ифротгароии худ нигоҳ доштанд. Ба ҳаёти мардуми ин минтақаҳо барои қабул намудани талаботу манфиатҳои худ тамоми шакли таъқибу фишоровариро раво донистанд.

Эҷоди чунин муҳити номусоид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва тафаккури ақидавии бошандагони ин ноҳияҳо таассуроти зиёди зараровар ва падидаҳои номатлубро асос гузошт. Амалӣ намудани талаботи ақидавии режими онҳо аз инҳо иборат буданд: сафарбарии маҷбурӣ ба сафи ТЭТ ҲНИ ва дастаҳои силоҳбадасти худ, сафарбарӣ барои таълимоти динӣ гирифтан, ба созмонҳои террористии хориҷи кишвар, ташкили ҳангомаи сохтмони ғайриқонунии масҷиду таълимгоҳҳои динӣ, ташкили дастаҳои санҷишӣ (пурсандагони охирзамон) доир ба донистани мардум аз намозу рӯза, қироати оёти Қуръон, назорати  мардуми хурду калон, ки панҷвақта дар сафи намоз иштирок намоянд, таълимоти маҷбурии динии марду зан, калонсолону наврасон, ҷазодиҳии саркашон (ҷаримаи калони  молӣ, муҳлати тӯлонӣ андохтан дар  бушкаҳои калон ва сангборон кардан, таъқиби занон, ки бесатр нагарданд) ва ғайра иборат буданд, ки ҳазорон нафар одамон ҷафои ҷонию молии онро кашиданд.

Натиҷаи чунин муносибату талаботи онҳо рӯҳияи эътиқодии мардумро шикаста гардонида, манбаи гароишу дудилагии мардум, ба вуҷуд омадани ихтилофҳои минтақавӣ, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ байни ҷавонон гардид. Дар натиҷаи ҳама инро дар амал ҷорӣ намудаи онҳо мардуми кишвар ба бадномӣ муаррифӣ гардид.

 Ҳафтум, яке аз амалҳои дигари хиёнаткорӣ дар сатҳи байналмилалӣ бадному сарпаст кардани  эътибори давлату мардуми кишвар, истифодаи усули ба асорат гирифтани намояндагони СММ (ҳамчун ҳомиёни сулҳ фаъолият доштанд), рӯзноманигорони хориҷӣ ва намояндагони воломақоми давлатӣ буданд, ки бо роҳи зӯрӣ, талаби баргардонидани онҳо бо маблағи миллионҳо доллар, чандин маротиба сурат гирифта буд.

Дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ҷангҷӯёни мусаллаҳи дар тобеияти ташкилоти террористӣ–экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломӣ қарордошта, бештар аз 100 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, посдорони сулҳ, нозирони СММ, дипломатҳо, рӯзноманигорон, сайёҳон ва ғайра ба қатл расонида шудаанд. Мисол: 1) 20 июли соли 1998 намояндагони СММ аз Полша, Уругвай, Ҷопон ва тарҷумони тоҷик аз тарафи дастаҳои силоҳбадасти ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Нуробод ваҳшиёна ба ҳалокат расонида шуда, молу амволи онҳо ғорат карда шуданд; 2) ба асорат гирифтани геологҳои ҷопонӣ, ки баъдтар ба ивази 3–5 миллион доллар озод шуданд; 3) гурӯҳҳои силоҳбадасти ТЭТ ҲНИ ба ҳайати дастаи Ҷумъаи Намангонӣ ҳамроҳ шуда, ба воситаи ағбаи Зардолу аз вилояти Боткенти Қирғизистон гузашта, ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, баъди шикаст хӯрданашон рамаҳои зиёди қутосу гӯсфандони мардуми осоиштаи вилояти Боткенти Қирғизистонро ғорат карда, байни худ тақсим намуданд, ки дар дурнамо муносибати байнидавлатиро то даврае тезутунд гардонид ва паёмадаш то имрӯз ба назар мерасад; 4) бо таҳдиди силоҳ маҷбуран ғорат кардани беш аз 14 ҳазор сар гӯсфанди мардуми осоиштаи ноҳияҳои Мастчоҳу Айнӣ аз вилояти Суғд; 5) бо роҳи ҳуҷуми мусаллаҳона ғорат намудани сарвату моликияти давлати чандин бонкҳои амонатӣ, захираи кони тиллои Шугнови ноҳияи Ховалинг, ки дар вақти тақсимот ба ҳар муҷоҳиди иштирокдошта дар муҳориба ба миқдори муайяне хокаи тилло расида буд ва ғайра.

Масъалаи гаравгонгирӣ, ғорати моликияти давлатӣ ва шаҳрвандони осоишта барои созмони террористӣ–экстремистии ТЭТ ҲНИ ҳанӯз аз солҳои 1991 оғоз ёфта ва тамоюли зӯроварӣ ва тундгароӣ барои наҳзатиҳо чизи нав нест, ки касро ба ҳайрат орад. Бояд гуфт, ки тамоми маблағи бо роҳҳои гуногун ғораткардаи онҳо ба манфиати ягон оилаи муҳтоҷу камбизоат, бунёди харобиҳои овардаи баъдиҷангӣ ё захираи эҳтиётии кишвар сарф нагардидааст ва танҳо ба манфиати роҳбарони ин гурӯҳу дастаҳо ва ҷонибдоронашон истифода шудааст.

Баъди қабули ҳама қонуни авфу якдигарбахшӣ тайи солҳои охир аъзоёни ТЭТ ҲНИ қонуншиканиҳои гуногуни худро боз хам давом додаанд, ки теъдоди зиёди онҳо дорои хусусияти террористию экстремистӣ  мебошанд. Ғайр аз ин, байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекард. Маҳз ба хотири хусусиятҳои ифротгароӣ ва террористӣ доштани рафтору кирдори роҳбарон ва аъзоёни фаъоли наҳзатиҳо, 29 сентябри соли 2015, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ–ро ҳамчун ташкилоти  террористию экстремистӣ эътироф намуда,  фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дод. Инчунин, фаъолияти 18 ҳизби террористӣ ва 39 сомонаи шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ, ки бо онҳо ҳамкорию ба манфиати онҳо ёрӣ мерасонанд, баста шуданд. Баъдтар фаъолияти он дар қаламрави кишварҳои ИДМ, СААД, СҲШ низ қатъ  гардид.

  Хулоса, ТЭТ Ҳизби  Наҳзати Исломӣ фаъолияти худро ба дини поки мубини ислом пайваст намуда, аз содагию бетаҷрибагии мардум суистифода карда, мақсади нопоки худро байни эътиқодмандони мусулмони тоҷик амалӣ намуда истодааст. Аммо дар ин давра фаъолияти авомфиребона ва ҳадафу барномаҳои ин гурӯҳҳо ба ҳамагон равшан гардид, ки чӣ гуна ба давлату мардуми худ хиёнатҳоро раво дидаанд.

Бо мақсади ҳаллӣ баъзе мушкилот дар ин самт пешниҳод мешавад, ки барои омӯзиши  манбаъҳои  хатарзои таъсирасони фаъолияти қувваҳои мухолифи давлатию ҳукуматӣ, ТЭТ ҲНИ дар хориҷ ва дохилӣ кишвар таҳқиқоти дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ташкил карда шавад. Дар доираи ин таҳқиқот омӯзиши назари ҳар як фарди солимфикри ҷомеа зарур аст, ки вазъи ҷойдошта айни ҳол чӣ гуна шакл гирифта истодааст, эътиқоду назари мардум дар амал  нисбати мавқеи доштаи онҳо ва хатари ояндаи ин ҳизби ифротгароро баҳо дода шуда, баҳри рафъи он чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Таҳлили паҳлуҳои дигари хатарзои ин масъалаи муҳиму доғи зиндагӣ аз ҷониби олимону коршиносон тасдиқ менамоянд, ки муносибати фитнаангези пешгирифтаи ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ  ва хатарнокии фаъолияти минбаъдаи он барои ҷомеаи Тоҷикистон аз дигар созмонҳои экстремистиву террористӣ, ба монанди “Давлати Исломӣ” (ДОИШ), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷунбиши Толибон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ал–Қойда” ва ғайра бештар хоҳад буд.

Саидхоҷа Акбаров,

сармутахассиси Раёсати омӯзиши

масъалаҳои амнияти минтақавии МТС–и назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед