Интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, дар воқеъ анҷоми як марҳилаи муҳимми таърихию сиёсӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Иштироки огоҳонаи ҳар шаҳрванд дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ нишондиҳандаи масъулияти ӯ дар баробарои сарнавишти давлату миллати худ ва дар баробари имрӯзу фардои хеш аст.

Бо ташаббуси Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои ширкат дар ин интихобот пешбарӣ шудааст. Номзадии ин шахсияти миллӣ ба мақоми Президентии кишвар ҳамчунин аз тарафи аҳли ҷамоатчигии мамлакат чӣ дар пойтахт ва чӣ дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ дастгирии васеъ ёфта, қишрҳои гуногуни аҳолӣ ҳимояти худро аз шахсият ва фаъолияти ӯ изҳор медоранд.

Сабаб чист, ки ташкилотҳои мӯътабари сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ бори дигар хостори номзадии Эмомалӣ Раҳмон буда, хоҳони боз як марҳилаи дигар ҳамчун Президенти кишвар фаъолият намудани ӯ гаштаанд? Дар пеш будани интихоботи президентӣ ва пешбарӣ шудани номзадии Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки мо як марҳилаи томми фаъолияти ин шахсиятро ҷамъбаст намуда, хулосагирӣ намоем, ки дастовардҳои усулии ӯ аз чӣ иборат мебошад.

Дар аввал бояд гуфт, ки Пешвои гиромии миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ӯ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.

Аммо барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ, Пешвои миллат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печутоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама, роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии ӯро барои ин мардум дарк кунад.

Албатта, комёбиҳои миллат ва кишвари мо зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдии ин марҳала кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ масиреро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Ва низ, бо дарку ҷамъбасти ин дастовардҳои бунёдӣ метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллии худ дар чист ва чаро мардуми Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ бори дигар бо дили пур аз ин шахсияти таърихӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Дастоварди бунёдии аввал:

Наҷоти давлатдории миллии тоҷикон

Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали истиқлолият ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Аз ин хотир, дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барномаи роҳбарияти нави Тоҷикистон фақат як чиз буд: хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эминии миллат аз парокандагию бадбахтӣ.

Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ва шояд фақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва пешвои миллии мардуми мо донистани Эмомалӣ Раҳмон кофӣ бошад.

Дастоварди бунёдии дуюм:

Ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягона

Дар қадами дуюм, талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат боис гашт, ки тамомияти арзӣ, яъне ягонагии сарзамини Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи кӯҳистонии сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис гаштааст, вале дар он рӯзҳо боз ҳам нақшаҳои тақсими ин давлат дар миён буд. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт қадамҳои амалӣ низ гузошта буданд.

Дар он рӯзҳо ҳатто пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҳамчун хонаи умеди тоҷикистониён моҳияти сиёсӣ ва рамзии худро қариб аз даст дода буд. Дар натиҷа, на танҳо мардуми одӣ ва донишҷӯён, балки зиёиёну фарҳангиёне, ки даҳҳо сол дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, соли 1992 Душанберо ноумедона тарк намуда, ба маҳаллу зодгоҳи бобоии худ баргаштанд. Ҳамин тавр, хатари воқеии парокандагии Тоҷикистони ягона пеш омада буд.

Вале, хушбахтона, ба шарофати иродаи ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон ин хатар бартараф гашта, ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Ва ин дастоварди дигарест, ки номи ӯро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва Пешвои миллат ҷовидона мегардонад.

Дастоварди бунёдии сеюм:

Барқарор намудани низом ва аркони давлатдорӣ

Ҳамчун қадами сеюм Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Барои он, ки вазъияти онрӯзаи давлатдории Тоҷикистонро дуруст ба ёд орем, аз гузориши раиси онвақтаи Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ иқтибос меорем, ки гуфта буд: «Имрӯз дар кишвар органҳои конститутсионӣ амалан фалаҷ шудаанд… Агар ин вазъият идома ёбад, хатари он мавҷуд аст, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷуғрофиёии ҷаҳон умуман нест шавад». Ин буд вазъияти воқеии кишвар дар рӯзҳои аввали ҳамчун роҳбари ҷумҳурӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳоло бисёриҳо дар шароити орому осудаи имрӯза, даъвои вазирию кабирӣ ва раҳбарию сарварӣ доранд, вале дар он рӯзҳо, ки кишвар дар коми оташ месӯхт, иддае ба ояндаи Тоҷикистон бовар надошта, ҳатто ба вазифаи вазирӣ розӣ намешуданд… Дар он рӯзҳо на танҳо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, балки дар аксари минтақаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият низ пурра фалаҷ гашта буданд, ки барқарорсозии онҳо кори осон набуд.

Ва, хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин замон тавонист, ки мақомоти конститутсионии давлатдориро барқарор намуда, ниҳодҳои фалаҷшударо эҳё намояд. Тайи ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати коршоям, парлумони касбӣ, Артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар рукну абзорҳои зарурии давлатдории худ гашт.

Дар ин масъала бояд гуфт, ки маҳз ташаккул ёфтани системаи давлатӣ ва ҳамчун механизми ягона ба кор даромадани низоми давлатдорӣ яке аз заруратҳо ва нишондиҳандаҳои асосии барпо шудани давлат ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз системаи ташаккулёфтаи давлатӣ метавонад кори муназзами институти давлат ва бақои давлатдориро таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бунёдии дигари Эмомалӣ Раҳмон, балки яке аз хидматҳои муҳимтарини ӯ барои давлату миллати тоҷик мебошад. Касоне, ки ба сиёсат ва давлат аз назари касбӣ менигаранд, то чӣ дараҷа ҳаётӣ будани ин дастовардро ба хубӣ дарк менамоянд.

Дастоварди бунёдии чорум:

Барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ

Дастовард ё қадами устувори чоруми Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.

Ҳамагон дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард. Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набудаанд, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд.

Ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистон ташнаи сулҳу ваҳдат буд, аммо тарроҳони ин ҷанги бемаънӣ ба осонӣ аз нақшаҳои худ даст намекашиданд. Ин буд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон солҳо лозим омад, то ба иҷрои яке аз паёмҳои марказии худ – барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гардад. Барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас роҳбарияти давлат тавонист, ки ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорон макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулҳо ва корхонаҳоро эҳё ва барқарор намояд.

Ҳамин тавр, маҳз барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳо шаванд. Бинобар ин, масъалаи сулҳу ваҳдат барои  давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштиву ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллӣ буд. Ва ин тарҳи наҷоти таърихии миллӣ маҳз бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Худи ҳамин хидмати беназир кофист, ки ӯ ҳамчун шахси муттаҳидкунандаи миллат ва Пешвои воқеии миллӣ эътироф ва пазируфта шавад. Магар барои як давлат ва як миллат чизе болотар аз наҷот ҳаст?  

Дастоварди бунёдии панҷум:

Ташаккули давлатмард ва ё ҳалли мушкилаи лидери сиёсии миллӣ

Чор дастоварди зикршуда боис гаштанд, ки заруратҳои ҳаётии давлату миллат ба таври устувор таъмин гашта, масъалаи наҷоти миллӣ ҳалли худро ёбад. Ва дар ин раванди мураккабтарини таърихӣ, ки масъалаи буду набуди давлату миллат ҳал мешуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарӣ зуҳур карда, ба таври табиӣ ба пешвои мардумӣ ва лидери умумимиллӣ табдил ёфт. Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии Сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ӯ дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз худи мардум, ҳамчун «порае аз пайкари халқ» пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё лидери ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи лидери сиёсии миллат, пешвои эътирофшудаи давлатӣ ё ташаккули давлатмард ҳалли муносиби худро пайдо намуд. Ин дастоварди панҷуми Эмомалӣ Раҳмон, балки дастоварди бунёдии тамоми мардуми Тоҷикистон буд.

Масъалаи пешвои сиёсии миллат ва лидери эътирофшудаи давлатӣ як мавзӯи бисёр ҳаётии давлатдорӣ буда, дар мавриди он таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин бисёр муҳим аст:

Якум, масъалаи лидери миллиро набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитаризм, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт. Лидери миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Лидери миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштагии шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст.

Дуюм, таҳлили ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон медиҳад, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, бо буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ рӯбарӯ гашта буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар    айни  замон,  ин  «пешвоён» ҳамдигарро  умуман, эътироф намекарданд. Ҳамин тавр, ҷомеа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва фоҷиаи миллӣ пеш омад. Бинобар ин, агар дар он марҳала шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми неруҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ ҳузури лидери миллӣ барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил мешавад.

Сеюм, набояд чунин пиндошт, ки масъалаи пешвои миллӣ як масъалаи куҳна буда, ба ҷомеаҳои анъанавӣ ва ғайридемократии асрҳои гузашта дахл дорад. Зеро аз назари илми сиёсат, зуҳури лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ як зарурати бисёр ҷиддии давлатдорӣ ва давлатсозӣ буда, на танҳо дар гузаштаи дур, балки дар таърихи ҷаҳони муосир низ ҳастию бунёди аксари давлатҳои пешрафтаву демократии ҷаҳон ба номи шахсиятҳои алоҳидаи рамзӣ ва калидӣ вобаста аст. Чунин шахсиятҳо дар марҳалаҳои ҳассостарини таърихи давлатҳои худ зуҳур карда, на танҳо масъалаи буду набуд, балки роҳи минбаъдаи рушди ин кишварҳоро муайян намудаанд. Масалан, таъриху давлатдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо номи Ҷорҷ Вашингтон, Фаронса бо Шарл Де-Голл, Чин бо Мао Зе Дун, Туркия бо Камол Отатурк пайвастагии зич доранд. Дар кишварҳои аъзои ИДМ бошад, касе наметавонад нақши калидии Владимир Путинро дар наҷоту эҳёи давлатдории Русия ва ё нақши таъйинкунандаи Нурсултон Назарбоевро дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии қазоқҳо инкор намояд. Эътирофи хидмат ва ҷойгоҳи табиӣ ва воқеии ин шахсиятҳо ҳаргиз давлатҳои зикршударо аз сифати демократӣ маҳрум накардааст.

Чорум, бисёр муҳим аст, ки масъалаи лидери сиёсии миллат ва ташаккули давлатмард бо масъалаи вуҷуди шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маънавии миллӣ иштибоҳ гирифта нашавад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибору эътироф ёфтаанд. Аммо садсолаҳои набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ, яъне дорои давлатмард бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Пас, худи ташаккули шахсияти давлатдор, ба майдон омадани давлатмард ва зуҳури лидери давлатию сиёсии миллат барои таърихи садсолаҳои охири мо падидаи комилан нав буда, сатҳи сифатан нав ё марҳалаи соҳибдавлатии рушди миллатро ифода мекунад.

Панҷум, яке аз муҳимтарин нақшҳои лидери миллӣ ва пешвои давлатӣ дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд. Хушбахтона, имрӯз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад.

Хулоса, зуҳур ва ташаккули пешвои миллӣ ё лидери сиёсии миллат як дастоварди бунёдии давлат ва миллати мо мебошад. Зеро, тавре таъкид шуд, таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ як зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад. 

Дастоварди бунёдии шашум:

Ташаккули мактаби давлатдорӣ ва модели давлати миллӣ

Тавре зикр шуд, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд. Дастоварди шашум ва бисёр ҳаётии Тоҷикистон зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки маҳз дар доираи мактаби давлатдории ӯ сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд бунёдгузорӣ шуд. Ин ғояи меҳварӣ аз аввалин рӯз аз тарафи роҳбари тозаинтихоби кишвар ҳамчун хатти ҳаракати ояндаи Тоҷикистон расман садо дод ва дар натиҷаи талошҳои зиёд соли 1994 дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт гашт.

Дар ин муддат ба давлати мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла, асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асли гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти порлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарҳуқуқии занону мардон, асли озодии виҷдону эътиқодро асоси устувори қонунӣ бахшад.

Ҳамчунин, дар ин давра давлат зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар масъалаҳои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ, татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа дастовардҳои муҳим касб намояд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон бонувон нақши сазовори худро дошта, дар оянда низ ин сиёсати давлатӣ ба таври ҷиддӣ идома меёбад.

Хулоса, Тоҷикистон ҳаракати орому устувори худро дар роҳи бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд идома медиҳад. Ду даҳсолаи гузашта нишон дод, ки интихоби ин роҳ интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст. Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллӣ ва модели муосири давлатдории миллии моро асос гузошт, ки он роҳи устувори ояндаи давлату миллатро таъйин ва таъмин мекунад. 

Дастоварди бунёдии ҳафтум:

Ташаккули зерсохторҳои ҳаётии Ваҳдати миллӣ

Дастоварди бунёдии ҳафтуми Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки дар ин давра зерсохторҳои ҳаётии Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Манзур аз ин зерсохторҳо, пеш аз ҳама, бунёди роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои умумии иттилоърасонии сартосарӣ ва ғайра мебошад. Аҳаммияти бунёдии ин дастовард дар чист?

Бале, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо пеш аз ҳама, аҳамияти иртиботию иқтисодӣ доранд ва ин нақши худро иҷро карда истодаанд. Вале ёд дорем, ки дар оғози ин барномаҳои азим баъзеҳо маънидорона мепурсиданд, дар ҳоле ки кишвар мушкилоти ҷиддитари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, ба бунёди чунин роҳҳо ва воситаҳои иртиботии гаронқимат чӣ ҳоҷат аст? Вале, вақте ин роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо сохта мешуданд, Эмомалӣ Раҳмон дар замири худ илова бар ҳадафи иқтисодӣ, як барномаи бисёр ҷиддитар аз роҳсозию нақбканӣ дошт: ӯ, пеш аз ҳама, онро дар назар дошт, ки ин роҳҳо ва ин нақбҳо чун рагҳои хунгарди як пайкари зинда кишвари моро ба кишвари ягона ва миллати моро ба миллати ягона табдил медиҳанд. Зеро, кишваре, ки минтақаҳои он бо ҳамдигар соле дар тӯли шаш моҳ робита надошта бошад, кишваре, ки мардуми он дар тайи солҳо натавонад ба минтақаҳои дигари кишвар сафар кунад, чӣ гуна метавонад ваҳдати худро ҳифз намояд? Маҳз робитаи доимӣ ва рафтуомади ҳамешагӣ тафаккури мардумро аз сатҳи деҳаҳою маҳалҳою минтақаҳо берун оварда, ба сатҳи миллати ягона ташаккул медиҳад.

Дар ин давра ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гашт, ки бо сохтани хатҳои интиқоли барқи «Лолазор-Хатлон» ва «Ҷануб-Шимол» системаи ягонаи энергетикии кишварро барқарор намояд, ки он на танҳо як омили ваҳдат, балки омили муҳими амнияти миллӣ низ гаштааст. Ҳамчунин, муяссар гашт, ки дар ниҳоят шабакаҳои саросарии иттилоърасонӣ дар сатҳи кишвар барқарор гарданд. Дар натиҷа, имрӯз мавҷҳои шабакаҳои радиоӣ ва телевизонии Тоҷикистон тамоми нуктаҳои кишварро фаро гирифтаанд, ки ин низ яке аз зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ буда, барои ташаккули тафаккури ягонаи миллӣ нақши ҷиддӣ мебозад.

Хулоса, Ваҳдати миллии мо бо зерсохторҳои зарурӣ низ таъмин гардид, ки бидуни он пойдории ваҳдатро тасаввур кардан мушкил буд. Ин ҳам яке аз дастовардҳои ҳаётист, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гашт.

Дастоварди бунёдии ҳаштум:

Наҷоти кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Дастоварди ҳаштум дар он буд, ки дар ин давра ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, то соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишварро эҳё намояд ва ҷомеаи моро аз буҳрони шадидтарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ берун оварад. Ин раванд дар се марҳала анҷом ёфт:

Марҳалаи якум, таъмини фаврии мардум бо маводи ғизоӣ, сарпаноҳ ва эҳтиёҷоти аввалия буд. Дар рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон баъзе минтақаҳои кишвар бо хатари ҷиддии гуруснагӣ рӯбарӯ буданд, дар минтақаҳои дигари кишвар низ таъмини нон, хӯрок ва ашёи зарурии рӯзгор масъалаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар пойтахти кишвар мардум рӯзҳои дароз барои нон навбат меистоданд. Дар чунин вазъият барномаи аввалиндараҷаи Эмомалӣ Раҳмон гирифтани пеши роҳи гуруснагӣ ва талафоти мардум буд, ки хушбахтона, бо муваффақият амалӣ шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф, аз ҷумла лозим омад, ки то даҳҳо ҳазор гектар замин ба аҳолӣ тақсим карда шавад. Мардуми деҳот онро ҳамчун «замини президентӣ» хуб дар ёд доранд.

Марҳалаи дуюм, раҳоии мардум аз фақру камбизоатӣ буд. Ин кор иҷрои барномаҳои ҷиддии давлатиро тақозо мекард, ки муҳимтарини онҳо татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Хушбахтона, бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз ҳудуди 90% то зери 25% коҳиш дода шуд. Акнун камбизоатӣ ҳолати умумии ҷомеаи мо нест ва давраи зиндагии мардум бо ёриҳои хайрияи башардӯстона кайҳо гузаштааст.

Марҳалаи сеюм, ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодӣ буд, ки муҳимтарин бахши он гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ба давлат муяссар шуд, ки аз сохти хоҷагидории куҳна ба тарзи нави хоҷагидорӣ гузарад, ки дар натиҷаи он деҳқон ба соҳиби воқеии замин табдил гашта, худ барои ба даст овардани ҳосили фаровон ҳавасманд гардид.

Хулоса, ҳар касе, чи мутахассис ва чи шаҳрванди одӣ, вазъияти имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро на танҳо бо солҳои мудҳиши 90-ум, балки ҳатто бо 10 соли пештар боинсофона муқоиса намояд, бидуни шак эътироф хоҳад кард, ки имрӯз сатҳи зиндагӣ дар кишвар ба таври бунёдӣ тағйир ёфта, мушкилоти асосии мардум аллакай дар гузаштаи дур мондаанд, иқтисодиёти мамлакат марҳалаи барқарориро пура гузашта, ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст. Бояд эътироф намуд, ки барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум ҳанӯз бояд корҳои зиёде ба анҷом расанд. Вале, дар айни замон, бо камоли масъулият метавон гуфт, ки чархаи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи мо ба пеш ба ҳаракати муназзам даромадааст, ки ин як дастоварди бунёдӣ мебошад.

Дастоварди бунёдии нуҳум:

Эҳёи миллии тоҷикон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ

Дастоварди бунёдии нуҳум дар он ифода мегардад, ки талошҳои фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон заминаи онро гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Тайи ин давра ӯ дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин давра ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии миллат пура эҳё намуда, корбурди комили идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин созад. Ба хотири тақвияти худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ ба Эмомалӣ Раҳмон зарур омад, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намояд. Барои амалӣ гардидани ин ҳадаф, бо супориши бевоситаи ӯ симои як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, ки Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамчунин, чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур унвони олитарин – Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Дар раванди эҳёи худогоҳии миллӣ баъзеҳо эътироз доштанд, ки давлат беш аз ҳад ба гузашта рӯй оварда, «сиёсати таърихгаро»-ро пеш гирифтааст. Вале, дар ҳолате ки пояҳои худшиносии миллии мо осеби ҷиддӣ дида, миллати мо аз асолати худ то ҳадде дур карда шуда буд, марҳалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва барқарории пойдеворҳои худшиносии миллӣ як зарурати бисёр муҳимми ҳам миллию таърихӣ ва ҳам давлатию сиёсӣ буд. Аз тарафи дигар, ҳамаи ин иқдомҳо барои тарбияи насли наврас бар пояи арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи ватандорӣ таъсири ҷиддӣ доранд. Ҳадафи ниҳоии ин иқдомҳо иборат аз он буд, ки миллати мо бо касби худогоҳӣ ва эътимод ба худ, ба марҳалаи истиқлолияти фикрӣ бирасад. Ин масъала аҳаммияти ҳамаҷонибаи назарӣ ва амалӣ дорад, зеро то истиқлолияти фикрии як миллат таъмин нагардад, истиқлолияти сиёсии он нокомил боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки худшиносӣ ва истиқлолияти фикрии миллатро низ эҳё намуд, ки ин низ як дастоварди бисёр меҳварӣ ва бунёдӣ мебошад. 

Дастоварди бунёдии даҳум:

Таъмини ҷойгоҳи сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

Қадами устувор ё дастоварди бунёдии дигар дар он буд, ки талошҳои Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, то Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Ҳанӯз дар аввалин Муроҷиатномае, ки ӯ ҳамчун Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда буд, маҳз бар зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Тоҷикистон таъкид карда мешуд. Сиёсати «дарҳои боз», ки заминаи он маҳз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, дар ин муддат ҳамчун як консепсияи амалгароёна, мутавозин ва сулҳомез натиҷаҳои зарурӣ дода, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд.

Дар мавриди ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан гуфта, зикр кардан зарур аст, ки кишвари мо як узви бемавқеъ ва ё назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии соҳибташаббус дорад. Мавқеи фаъоли Сарвари давлати Тоҷикистон хусусан, дар масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум аст. Пешниҳоди роҳбарияти олии Тоҷикистон дар бораи ташкили навори субот дар атрофи Афғонистон, ки ҳанӯз 20 сол пештар аз минбари СММ садо дода буд, имрӯз низ ҳамчун саҳеҳтарин формулаи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ мемонад.

Ҳамин тавр, имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин тантанаи як ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки хушбахтона, зери роҳбарии Эмомали Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.

Натиҷагирӣ:

Агар ин дастовардҳои усулиро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии Ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Аз нигоҳи илми сиёсат ва аз назари фанни давлатдорӣ ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Ин ҳақиқати инкорнопазир ба он маъност, ки:

Якум: Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди ватан, миллат ва таърих ба ҷой овард. Яъне, он вазифаҳои таърихие, ки дар назди ӯ, ҳамчун Сарвари давлати тоҷикон гузошта шуда буд, ҷомаи амал пӯшиданд.

Дуюм: Ин дастовардҳо ба он маъност, ки зери сарварии ӯ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва устувор ба як воқеияти инкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт. Имрӯзҳо дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳое, ки масъалаҳои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набудашон ҳанӯз рӯшан нест, истилоҳи «давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд. Ва имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт! Дигар ҳеҷ касе ва ҳеҷ нерӯе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери савол гузорад.

Бинобар ин, имрӯз мо бо камоли масъулият дар баробари рӯҳи бузурги ниёгонамон, дар пеши таърихи пурфоҷеаи миллатамон, дар баробари рӯҳи ҷовидони қурбониёни ин роҳи муқаддас ва дар назди халқҳои ба мо дӯсти ҷаҳон эълон намоем, ки рисолати таърихии худро ба ҷой овардем, давлати худро соҳибӣ кардем, ҳифз намудем ва ҳифз хоҳем намуд. Ин аст дастоварди муҳимтарини фаъолияти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди Ватан ва Пешвои миллат.

                                                 ***

Акнун Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамояд. Бо дар назардошти ҳассосияту печидагии фазои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, дар чунин марҳалаи печидаи таърихӣ ин мамлакат бояд чунин пешвои пухтакору озмудае дошта бошад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз як шахс ё номзадро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Пешвои муаззами миллатЭмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.

Абдуллоҳи Раҳнамо,

мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед