ДУШАНБЕ, 30.06.2020. Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳои ҷаҳон карантини сартосарӣ ҷорӣ мекард, ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 16 миллиард сомонӣ зарари молиявӣ мерасид. Дар ин бора сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин ОДИНАЕВ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» ибрози назар намуд.
Шарҳи муфассали ӯ доир ба ин мавзуъ дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад.
Иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба эълон накардани карантини сартосарӣ ва пурзӯр намудани риояи талаботи беҳдоштӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ буд.
Бемории сироятии каронавируси нави СOVID-19 қариб дар тамоми кишварҳои ба ин беморӣ гирифторшуда дар баробари дигар хароҷотҳои моддиву молиявӣ инчунин ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан соҳаи хизматрасонии онҳо низ дар робита ба эълон намудани карантин ва баста шудани марзҳо миёни кишварҳои сироятёфта хисороти зиёди молиявӣ расонид. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хисороти азими молиявӣ эъмин монд, зеро кишвари мо на карантини сартосарӣ, балки карантини нарм эълон кард.
Бо вуҷуди ин, хуруҷи бемории каронавируси нави COVID-19 на танҳо ба вазъи ноустувори равонии аҳолӣ, аз ҷумла коста шудани умеди онҳо ба кору зиндагӣ, балки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, махсусан, бахшҳои иқтисодиёт таъсири манфӣ расонид. Ба андешаи мо, садҳо миллион долларе, ки барои мубориза бар зидди COVID-19 харҷ шудаанд, ин маблағгузорӣ (сармоягузорӣ) — и амалан пешбининашуда дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сирояти коронавируси нави COVID-19 дар баробари паёмадҳои манфӣ боз ҷанбаҳои мусбат ҳам дар пай дорад. Дар зер мо якчанд паёмади манфӣ ва мусбати ин бемории сироятиро ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, молиявӣ ва фаъолияти соҳибкории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба таври мухтасар шарҳ медиҳем:
Ҷанбаҳои манфии COVID-19:
- Талафоти ҷонӣ. То кунун дар саросари ҷаҳон беш аз 474 ҳазор ҳолат, аз ҷумла дар кишвари мо 51 ҳолати фавти одамон расман ба қайд гирифта шудааст.
- Ноустувории вазъи равонии аҳолӣ. Пас аз хуруҷи бемории COVID-19 бештари аҳолӣ ба изтироб ва тарсу ваҳм дучор шуда, умеди худро ба кор ва зиндагӣ то андозае аз даст доданд, ҳол он ки ин беморӣ доимӣ набуда, оянда аз байн хоҳад рафт.
- Авҷ гирифтани сатҳи бекорӣ. Мувофиқи маълумотиСозмони Умумиҷаҳонии Меҳнат дар пасманзари ин беморӣ эҳтимоли бе кор мондани миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон пешгӯӣ мешавад.
- Хароҷоти зиёди молиявӣ. Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари мо низ ҷиҳати мубориза бар зидди COVID-19 ва бартараф намудани оқибатҳои манфии он маблағҳои зиёдеро сарф намуд, ки ба буҷети ин кишварҳо то андозае таъсири манфӣ расонид. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо бо рақам нишон додани маблағҳои бо ин мақсад ҷудогардида дар доираи баъзе аз кишварҳо муҳим мебошад, масалан:
— Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳаҷми зиёда аз 8,3 миллиард доллар;
— Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми 80,5 миллиард юан (11,5 миллиард доллар). Илова бар ин, Ҳукумати Чин ба ширкатҳое, ки дар мубориза бар зидди COVID-19 иштирок намуданд, дар ҳаҷми 953,5 млрд юан ё зиёда аз 136 миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд;
— Федератсияи Россия дар ҳаҷми 1,4 триллион рубл. Аз маблағи ҷудогардида 150 миллиард рубл барои дастгирии иловагии соҳибкории хурду миёна бо қарзҳои кӯтоҳмуддати имтиёзнок, аз ҷумла, ҷиҳати пардохти музди меҳнат ҷудо гардидааст;
— Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳаҷми 9,2 миллион доллар, аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорони қазоқ 1,5 миллион танга ҷудо гардидааст;
— Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назди Вазорати молия «Фонди зидди бӯҳронӣ» — ро дар ҳаҷми 10 триллион сӯм таъсис дод. Аз ин маблағ, 5,5 триллион сӯм барои дастгирии соҳибкорӣ ва 2,8 триллион сӯм барои таъмини устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ равона гардидааст;
— Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаку дастгирӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо намуд. Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст.
То имрӯз ба суратҳисоби мазкур зиёда аз 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидоришуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятёфта дастрас карда мегардад.
- Аз фаъолият боз мондани корхонаву ширкатҳои дорои аҳамияти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ. Дар натиҷаи эълони карантин фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан, дар соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла бозорҳои фурӯши либос, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон қатъ гардид. Ин вазъ то андозае ба шиддат гирифтани сатҳи бекорӣ, ихтисори ҷойҳои корӣ, паст гардидани сатҳи даромаднокӣ ва пардохтпазирии таъсири манфӣ расонид.
- Баста шудани марзҳо миёни кишварҳо. Чунин ҳолат ба камчинӣ ва болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили картошка (5-15 сомонӣ) орду ғалла, ки таъмини талаботи аҳолӣ то андозае аз воридоти он аз хориҷи кишвар вобаста аст, боис гардид.
- Паст шудани нархи маҳсулоти содиротии кишоварзии истеҳсоли худӣ ва коҳиш ёфтани талабот ба он. Ба андешаи соҳибкорон баста шудани марзҳо миёни кишварҳо боиси то 8 маротиба пойин рафтани нархи пиёзи содиротӣ дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон гардидааст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳоло соҳибкорон як килограмм пиёзро барои содирот бо нархи тақрибан 40 дирам харидорӣ мекунанд, ки ин рақам соли сипаришуда 3 сомонию 20 дирамро ташкил медод.
Ин вазъ, агар аз як тараф ба фаровонии ин намуди маҳсулот бо нархҳои нисбатан дастрас дар бозори дохилӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар ба вазъи молиявии соҳибкорони ба парвариши пиёз машғулбуда таъсири манфӣ мерасонад.
Ба иттилои соҳибкорон, арзиши аслии истеҳсоли як кг пиёз ҳоло аз 50 то 60 дирамро ташкил дода, танҳо дар сурати ҳадди ақал бо нархи 1,8 сомонӣ ба фӯруш гузоштани он фоидаовар арзёбӣ мегардад. Ба ақидаи онҳо, дар ин ҳолат на истеҳсолкунанда, балки соҳибкорони миёнарав даромади бештар ба даст меоранд.
- То андозае паст гардидани суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар семоҳаи аввали соли 2020 ММД 7,0 дарсадро ташкил намуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 дарсад кам мебошад. Ба ин тартиб, ин рақам дар соҳаи кишоварзӣ 1,5 банди фоиз, сохтмон — 18, савдо — 3,1, гардиши мол — 1,9 ва хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо 2,3 банди фоизӣ кам гардид.
- То 72,3 миллион сомонӣ коҳиш ёфтани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ. Хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, ҷустуҷӯи геологӣ ва истихроҷ, истеҳсоли маҳсулоти нафту газ ва соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи чунин соҳаҳои миллие мебошанд, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд амалӣ мешуданд.
- Тақрибан 21 дарсад коҳиш ёфтани нархи фурӯши нахи пахта дар бозорӣ ҷаҳонӣ. Ҳоло бо таъсири бемории COVID-19, фурӯши як тонна нахи пахта 1210 доллар муқарар гардидааст. Ин вазъ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи пахтакорӣ ва кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта таъсири манфӣ расонид.
Ҷанбаҳои мусбати COVID-19:
- Рушди соҳаи дорусозӣ. Хуруҷи бемории коронавируси нави COVID-19 барои кишвари мо сабақ шуд, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони кишварҳои пешрафта диққати аввалиндараҷа диҳад ва дар наздиктарин фурсат доир ба рушди соҳаи дорусозии кишвар тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешад.
- Тарбияи кадрҳои соҳавӣ. Бемории COVID – 19 водор сохт, ки Ҳукумати мамлакат аз ҳарвақта дида, бештар ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони соҳаҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология таваҷҷуҳ намуда, онҳоро ба бозомӯзӣ фаро гирад. Инчунин дар ин шароит дар истеҳолот ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизатӣ ҷорӣ гардид.
- Баланд гардидани ҳисси масъулиятшиносии донишмандону олимони соҳа. Маҳз таҳдидовар будани бемории COVID-19 ба ҳаёти инсоният боис гардид, ки донишмандону олимони соҳа дар самти истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, корҳои назаррасро анҷом диҳанд. Аз ҷумла, бо заҳмату талошҳои олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори аввал дар кишварамон таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ истеҳсол гардид, ки ин дастоварди бузург ва беназир аст.
- Муқарар намудани банди алоҳидаи зиддибӯҳронӣ дар барномаҳои давлатии мамлакат. Таҷрибаи мубориза бар зидди бемории COVID-19 имкон дод, ки дар “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” банди алоҳидаи зиддибӯҳронӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои манфии COVID-19 ба рушди соҳаҳои иҷтимою иқтисодӣ муқаррар гардад.
- Масъулияти бештар дар самти тозагӣ. Авҷи бемории коронавируси COVID-19 боис гардид, ки аҳолии мамлакат ба тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, корхонаю муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, инчунин, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ки омили асосии пешгирӣ кардани паҳншавии COVID-19 ва ҳама гуна дигар вирусҳо ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад.
- Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ. Мубориза бар зидди бемории COVID-19 Ҳукумати кишварро водор сохт, ки ба истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқобҳо ва либосҳои безараргардониву санитарӣ инчунин, баланд бардоштани маданияти истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва дар ин асос мунтазам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ диққати махсус диҳад.
- Таъсис ёфтани Шӯрои байниидоравӣ доир ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории СOVID-19. Барои дақиқ ва сари вақт муайян намудани роҳҳои мубориза бар зидии бемории СOVID-19 дар ҳайати табибони сироятшинос, кимиёдонҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо Шӯрои байниидоравӣ доир ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории СOVID-19 таъсис дода шуд.
- Коҳиш ёфтани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба атмосфера. Аз фаъолият боз мондани корхонаҳои истеҳсолӣ дар шароити COVID-19 боиси паст шудани сатҳи иқисодии кишварҳои ҷаҳон гардида бошад ҳам, чунин ҳолат боиси кам шудани хориҷшавии газҳои гулхонаӣ ба атмосфера гардид. Хориҷшавии газҳои гулхонаӣ ба атмосфера яке аз омилҳои асосии обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ, лағшиши кӯҳ, тарма ва дигар офатҳои табиии зиёновар ба ҳисоб меравад.
Бузургтарин ихроҷкунандагони газҳои гулхонаӣ Америка, Чину Россия, Ҳинду Британияи Кабир ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дониста мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби нишондиҳандаи ихроҷи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 – умро ишғол менамояд, ки ин мақом камтарин хориҷкунандаи газҳои гулхонаӣ будани Тоҷикистонро нишон дода, онро яке аз кишварҳои ташаббускори ҳалли мушкилоти глобалӣ муаррифӣ менамояд.
Пешбинӣ шудааст, ки сатҳи олудагии атмосфера дар соли 2020 дар муқоиса ба соли 2019 аз 4 то 7 дарсад камтар шавад. Чунин нишондиҳандаи коҳишёбии хориҷшавии гази карбон ба атмосфера аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то кунун дар таърих дида нашудааст.
Ҳамин тавр, то имрӯз ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ, ҳаҷми хароҷотҳои моддию молиявии сарфгардидаи кишварҳои ҷаҳон дар робита ба пешгирии сироятёбии СOVID-19, инчунин тағйирёбии дурнамои рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷаҳонро аз таъсири ин беморӣ ба таври дақиқ таҳлилу арзёбӣ намудан имконнопазир аст, зеро сироятёбии ин беморӣ ва таъсири он ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ то ба ҳол идома дорад.
Амин ОДИНАЕВ,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ
ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр: АМИТ”Ховар”