Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ як созмони ғайриҳукуматии Швейтсария буда, бештар бо ташкили вохӯриҳои солона дар Давос маъруф аст. Дар он пешвоёни сиёсати ҷаҳонӣ, тиҷорат, ташкилотҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ барои муҳокимаи масъалаҳои мубрам ва шадиди ҷаҳонӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва экология ба ҳам меоянд. Дар солӣ ҷорӣ Форуми 55-уми мазкур таҳти шиори “Ҳамкорӣ дар асри зеҳни сунъӣ» ба вуқуъ пайваста, аз санаи 20 январ оғоз гардида, то 24 январи соли 2025 идома ёфт. Дар Форуми имсола тақрибан 3000 намояндаи зиёда аз 130 кишвар ширкат варзида, зиёда аз 50 нафари онро Сарони давлатҳо ва Ҳукуматҳои кишварҳои мухталиф ташкил медоданд. Пас аз анҷоми 55-уми Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ масъалаҳои зиёде ба монанди номуайянии геоиқтисодӣ, зеҳни сунъӣ, таҷдиди рушд, ҳифзи сайёра ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасии ҷиддии тарафҳо қарор гирифтанд.

Ёдовар гардидан бамаврид аст, ки рӯзи ифтитоҳи Форуми имсола ба маросими савгандёдкунии Президенти ИМА Доналд Трамп рост омад. Cуханронии Президенти ИМА Доналд Трамп дар Форуми мазкур ба тариқи видеоӣ ва бештар дар атрофи иқтисодиёт сурат гирифт. Доналд Трамп дар Форуми мазкур аз тиҷорати калон даъват намуд, ки ба Амрико сармоягузорӣ намоянд ва онҳое, ки истеҳсолотро дар Иёлотҳо ҷойгир мекунанд бо андозҳои пасттарин ҷалб карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар арафаи баргузор гардидани Форуми мазкур муҳаққиқон Ҳисоботи хатарҳои ҷаҳониро (The Global Risk Report) нашр намуданд, ки дар он таҳдидҳои асосии инсоният дар соли 2025 зикр гардидааст. Дар байни онҳо низоъҳои мусаллаҳона, шароити шадиди обу ҳаво ва паҳнсозии барқасдонаи иттилооти бардурӯғ мавҷуданд. Ин мушкилот дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ афзоиш ёфта, аз ҷониби роҳбарони ҷаҳонӣ чораҳои фавриро талаб менамоянд.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои баррасишавандаро дар Форуми мазкур низоъи миёни Украина ва Русия ташкил намуд. Президенти нав интихобшудаи ИМА доир ба ин масъала иброз дошт, ки  барои хотима додан ба муноқиша талошҳои худро хоҳад намуд ва ният дорад ҳарчи зудтар барои ба мувофиқа расидан доир ба ҳалли низоъи мазкур бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқот намояд. Тибқи суханони Доналд Трамп дар музокироти сулҳ ӯ ба кӯмаки Ҷумҳурии мардумии Чин умед мебандад ва илова намуд, ки Украина аллакай омода аст, ки созишномаҳои сулҳро ба имзо расонад, аммо бояд Русияро низ пурсид, ки оё он метавонад то соли оянда созишномаи мазкурро ба имзо расонад. Инчунин, ӯ зикр намуд, ки барои ҳал намудани масъалаи мазкур дастаи ӯ аллакай талошҳои худро оғоз намудааст, аммо агар Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва саудиҳо нархи нафтро коҳиш диҳанд, низоъи Украина худ ба худ хотима хоҳад ёфт.

Дар идомаи суханронии худ, Доналд Трамп аз ҳамаи кишварҳои паймони Атлантикаи Шимолӣ хоҳиш намуд, ки хароҷоти мудофиавии худро то 5 дарсад аз Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ афзоиш диҳанд ва зикр намуд, ки ин иқдом бояд чанд сол пеш анҷом дода мешуд. Аммо, дабири кулли НАТО Марк Рютте аз рушди низоъ дар Украина изҳори норозигӣ намуд ва аз аъзои паймон даъват кард, ки барои тағйир додани вазъ чораҳои зарурӣ андешанд. Ба андешаи ӯ, варианти аз ҳама муассиртарин ин бештар намудани дастгирии Қувваҳои мусаллаҳи Украина хоҳад буд. Зеро, ба андешаи Марк Рютте шикасти Украина дар низоъи низомӣ ба аъзои НАТО триллион доллар арзиш хоҳад дошт.

Дар баробари ин, инчунин дар Форуми мазкур масъалаи захираҳои энергетикӣ, ки дар айни замон яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳони муосирро дар низоми ҷаҳонӣ ташкил медиҳад мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт. Вобаста ба ин, Президенти ИМА Доналд Трамп доир ба таъмини захираҳои энергетикии амрикоӣ, аз ҷумла гази моеъ зикр намуд, ки ба Аврупо кӯмак хоҳад намуд. Аммо, ӯ ҳамзамон қайд намуд, ки дар соҳаи сиёсати тиҷоратӣ Иттиҳоди Аврупо нисбат ба ИМА хеле ноодилона рафтор мекунад ва бояд танзими иқтисодии худро суръат бахшад.

Доир ба масъалаи мазкур, Раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен низ андешаҳои худро иброз намуд. Ӯ қайд намуд, ки ҷаҳон ба давраи нави рақобати шадид барои технология ва захираҳои табиӣ ворид гардидааст ва ИА-ро мебояд барои ба он мувофиқат намудан тағйир ёбад. Бо афзоиш ёфтани рақобати геостратегӣ, эҳтимолан истифодаи мунтазами воситаҳои иқтисодӣ, аз қабили таҳримҳо, назорати содирот ва тарифҳо, ки барои таъмини амнияти иқтисодӣ ва миллӣ пешбинӣ гардидаанд, идома хоҳад ёфт.

Суханони Раиси Комиссияи Аврупо Сарвазири Белгия Александр де Крог тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо метавонанд ба гази моеъ, гази қубурӣ ва нуриҳои Русия таъсир расонанд.

Дар замони муосир яке аз масълаҳое, ки мубрамият пайдо намудааст ва пайваста аз ҷониби сарони кишварҳо мавриди муҳокимаҳо қарор мегирад ин масъалаи зеҳнӣ сунъӣ мебошад. Зеро, кишварҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки шумораи ихтироъ ва истифодаи онро дар кишварҳои худ ва ҷаҳон бештар намоянд, ҳатто дар ин маврид байни худ рақобат низ менамоянд. Бинобар ин, Доналд Трамп доир ба масъалаи мазкур махсусан қайд намуд, ки ИМА-ро ба пойтахти зеҳни сунъӣ ва криптоасъорҳо табдил хоҳад дод. Президенти ИМА ният дорад, ки ба ин изҳорот тавассути танзими иқтисодиёт, кам намудани андозҳо ва захираҳои карбоҳидрогенҳои амрикоӣ ноил гардад. Ӯ ҳатто афзуд, ки барои таъмини неруи зеҳни сунъӣ дар Иёлоти Муттаҳида иқтидори нави тавлидкунандаи барқро таъсис хоҳад дод. Аз гуфтаҳои Президенти ИМА чунин хулоса метавон кард, ки ӯ дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо Чин рақобат хоҳад намуд.

Дар баробари ин, дар таназзули муносибатҳои байналмилалӣ дабири кулли СММ Антониу Гутерриш Иёлоти Муттаҳидаро айбдор менамояд. Зеро, ба андешаи ӯ хуруҷи Иёлотҳои ИМА аз Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ва механизмҳои дигар ба монанди Созишномаи Париж ин як зарбаи дигар ба сохтори ноороми байналмилалӣ буда, оқибатҳои ногуворро дар пай дорад. Инчунин, Дабири кулли СММ дар суханронии худ қайд намуд, ки низоъи ҳастаӣ ин ягона таҳдиди мавҷуда нест ва дар ин маврид тағйирёбии иқлим ва рушди беназорати зеҳни сунъиро мисол овард ва иброз дошт, ки дар ҳарду ҳолат ҳам, ягон аломати руҳбаландкунандаи идоракунӣ вуҷуд надорад.

Илова бар ин, ба андешаи дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯфони шадиде аз вайрон намудани принсипи тамомияти арзӣ ва ҳуқуқи инсон, инчунин сустшавии шадиди институтҳои байналмилалӣ ба вуҷуд меояд ва қайд намуд, ки: “Ихтилофоти геополитикӣ амиқ аст ва ин вазъияти бидуни ҷазо монданро ба вуҷуд меорад ва воқеъият ин аст, ки дар ҳама ҷо ҳама фикр мекунанд, ки онҳо метавонанд дилхоҳ корро ба анҷом расонанд ва бо онҳо ҳеҷ чиз рӯй нахоҳад дод.”

Масъалаи дигаре, ки доимо мавриди тавваҷҷуҳи ҳамагон қарор мегирад ва дар Форуми мазкур низ баррассӣ гардидааст, ин масъалаи силоҳи ҳастаӣ мебошад. Доир ба ин, Раиси агентии Байналмилалии энергии атомӣ Рафаэл Мариано Гросси аз мусобиқаи арсеналҳои ҳастаӣ изҳори нигаронӣ намуда, чунин зикр намуд: “Ба назар мерасад, ки ҳама арсеналҳои ҳастаии худро афзоиш медиҳанд, ва фаромӯш мекунанд, ки нисбати коҳиш додани онҳо уҳдадориҳо низ вуҷуд дорад”. Ҳамзамон, Гутерриш аз мақомоти Эрон даъват кард, ки маълум намоянд, ки онҳо ба таҳияи силоҳи ҳастаӣ талош намекунанд.

Ҳамин тариқ, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ин як платформае мебошад, ки дар он шумораи зиёди сарони кишварҳои мухталиф, намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ ва коршиносони соҳаи иқтисодиро барои муҳокимаи мушкилотҳои мавҷуда, ки дар соли ҷорӣ дар низоми байналмилалӣ мубрам гардидааст ва ҳалли худро мехоҳанд ба ҳам омада, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамоянд, ки ин маънои гузоштани қадами аввалин ба самти ҳалли мушкилотҳои ҷаҳониро дорад.

Илова бар ин, бояд зикр намуд, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос ташкилоти мустақил буда, фаъолияти он ба мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ, васеъ намудани доираи ҳамкориҳо байни тиҷорат ва давлат, инчунин ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалии идоракунии давлатӣ ва корпоративӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, вохӯриҳои ҳамасолаи он ба намояндагони кишварҳои мухталиф имконият медиҳад, ки мушкилоти шадиди ҷомеаи муосирро дар шароити ғайрирасмӣ муҳокима намоянд.

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ

Чоп кунед