Мушкилоти баҳси марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ворух ва қисмате аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи чанд муддат аст, ки мураккаб гардида, дар ниҳоят то ба моҷаро расид. Дар давоми се рӯзи охир дар самти ҳалли мушкилот чанд иқдом рӯи кор омад, ки дар натиҷа то андозае вазъро ором ва умеду боварҳои мусбатро ба ояндаи ин муаммо ба вуҷуд овард. Дар ин миён роҳбарони олии ҳар ду давлат суҳбати телефонӣ анҷом доданд ва намунаи асосии ҳалли мушиколтро бар пояи ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтушунид арзёбӣ намуданд. 30 апрели соли 2021 дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи Гулистон ва гузаргоҳи Қизил-Бел мулоқоти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо баргузор гардид, ки меҳвари асосии он бо роҳи музокироти осоишта ва сулҳ ҳал намудани мушкилоти марз буд. Ҳамчунин, 1 майи соли 2021 дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон нишасти навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Албатта, дар ин суҳбату изҳоротҳо авлавият додан ба модели музокироти осоишта ба манфиати ҳар ду давлат аст.

Чаро Тоҷикистон музокирот ва сулҳро омили асосии ҳалли низоъи марзӣ медонад?

Сиёсатгузории ҷониби Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти марз дар Ворух пурра фарогири сулҳ аст. Яъне, Ҳукумати Тоҷикистон дар қазияи Ворух ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳро дар меҳвари сиёсатгузории худ асос қарор додааст, ки ин тасмим огоҳона ва пеш аз ҳама бо дарназардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва ҳифзи системаи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ гирифта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба мавқеи худро дар масъалаи ҳалли мушкилоти марз бо Қирғизистон изҳор дошта аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо сокинони Ворух дар масъалаи мазкур чунин дидгоҳро иброз доштанд: “Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад”.

Албатта, дар меҳвари сиёсатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокирот бартарӣ додан маънои онро надорад, ки ҷониби Тоҷикистон иқтидори кам дорад ва ё гузашт намуда истодааст. Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфияти азими ҳарбӣ ва нерӯи қавии моддӣ дорад ва метавонад дар ҳолати зарурӣ марзи худро комилан ҳифз намояд. Воқеияти чанд рӯзи охир ва омодагии ҷиддии шаҳрвандон барои ҳимояи марзи Тоҷикистон дар Ворух ва қисмати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гувоҳии андешаҳои болост.

Ҳамзамон, зарур аст, ба саволи он, ки чаро Тоҷикистон музокирот ва сулҳро ҷонибдорӣ менамояд, посух диҳем. Бале, муносибат ва дидгоҳи ҷониби Тоҷикистон ба мушкилоти марз илмбунёд, воқеӣ ва ояндабинона аст. Дар робита ба ин масъала баён намудани се нуктаро муҳим медонем:

Нуктаи аввал ин аст, ки Роҳбарияти Олии Тоҷикистон бо дарки воқеияти равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯз ва оқибати низоъҳо ба масъала нигоҳ намуда истодааст. Таҷрибаи ҷанг дар минтақаҳои гуногуни олам собит менамояд, ки моҷароҳо ба рушди дилхоҳ давлат таъсири манфӣ гузошта, сатҳи рушди онҳоро садсолаҳо ақиб мекашанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки давлатҳои ҷавон ва дар ҳоли рушд ҳастанд, ҳеҷ гоҳ бо ҷангу низоъ ҳал намудани мушкилоти марз манфиатбахш ҷонибҳо шуда наметавонад.

Нуктаи дигар ин аст, ки идома ёфтани моҷаро байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳолатеро тақвият медиҳад, ки давлатҳои мушаххас дар минтақа манфиатҳои геополитикии худро амалӣ намоянд. Тӯли чандин сол аст, ки чунин қудратҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ “лаҳзаи бархурди геополитикӣ”-ро интизоранд ва дар фурсати муносиб мехоҳанд минтақаро ба низоъи фарогир кашанд. Аз нуктаи назари геополитика минтақаи Осиёи Марказӣ аз муҳимтарин нуқоти стратегии олам дар чанд соли оянда боқӣ мемонад. Аз ҳамин лиҳоз давлатҳои манфиатхоҳ аз омилҳои гуногун истифода намуда, кӯшиш доранд ин минтақаро ноором созанд. Табиист, ки вақте дар як гушаи Осиёи Марказӣ низоъ сар мезанад, он ба дигар давлатҳои минтақа доман паҳн мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти он, ки Осиёи Марказӣ ба “минтақаи моҷаро” табдил нагардад, намунаи гуфтушунидро дар ҳалли мушкилот муносиб медонад.

Нуктаи сеюм ин аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон давлатҳои аъзои ИДМ, СҲШ ва СААД мебошанд. Тоҷикистон, то имрӯз принсипҳои асосии оинномаҳои ин созмонҳоро риоя намуда истодааст ва талош дорад, ки дар ҳеҷ ҳолате хилофи арзишҳои созмонҳои мазкур амал накунад. Инҷо муҳим аст, ки ҳар ду ҷумҳурии ҳамсоя ин талабот ва принсипҳоро пайгирӣ намоянд.

 Тарҳи миллии мо дар ояндаи наздик бояд чӣ гуна бошад?

Мураккаб гардидани вазъ дар минтақаҳои назди сарҳадӣ, моҷароҷӯйии баъзе аз намояндагони “қувваи сеюм” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дарк ва ба инобат гирифтани эҳтимоли таъсири ин қувва моро водор менамояд, ки бо як тарҳи муайяни миллӣ амал намоем. Албатта, тарҳи миллии мо, ки бунёдаш сулҳ ва музокирот аст, алакай роҳандозӣ гардида, дар танзим назорат ва ҳимояи марзи кишвар мусоидат намуда истодааст. Дар ин раванд муҳим аст, ки ҳамин ташаббус ва иқдомҳои Ҳукумат ва мардум идома ёбанд ва боз ҳам чанд тадбирҳои иловагӣ дар ин самт ба таври васеъ роҳандозӣ гарданд. Дар маҷмуъ тарҳи миллии мо дар раванди ҳимояи марзи Тоҷикистон ва нигоҳ доштани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба байни кишвари мо ва Қирғизистон метавонад чунин бошад:

  1. Музокирот ва сулҳ, ки Тоҷикистон асоси ҳалли мушкилоти марз эътироф намудааст, бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ёбад. Мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ин иқдом ҳаматрафа ҳимоя намоянд ва чӣ дар фазои воқеӣ ва чӣ дар фазои маҷозӣ матни муносибати худро ба масъала дар ҳамин замина бунёд намоянд. Албатта, ин ҳолат ба мо имкон медиҳад, ки манфиатҳои миллии худро дар сатҳи зарурӣ ҳимоя намоем.
  2. Дар ин раванд муҳим аст, ки барои фазои иттилоотии дохил ва хориҷ иқдоми сулҳхоҳонаи Тоҷикистон ба таври васеъ шарҳ дода шавад. Чун мушоҳида мегардад, ки баъзе ҷонибҳо махсусан, дар расонаҳои хабарии интернетӣ хабару иттилоотҳои носаҳеҳ ва моҷароҷуёнаро бештар нашр намуда истодаанд, ки ба раванди ҳалли масъала метавонад таъсири манфии худро гузорад. Ин гуна расонаҳо масъаларо бештар якҷониба шарҳ дода, кӯшиш доранд худро дар назди ҷаҳониён мазлум нишон диҳанд, ки дар асл воқеият чунин нест. Инчунин, эҳтимол дорад аз хабару гузоришҳои ғалати онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бардошти нодуруст намояд. Аз ҳамин лиҳоз барои тамоми воситаҳои ахбори оммаи кишвари мо зарур аст, ки бо забонҳои хориҷӣ ба таври васеъ мавқеи Тоҷикистонро баён намоянд. Аз ҷумла, бо забонҳои англисӣ ва русӣ арзёбӣ намудани мавқеъгирии Тоҷикистон дар масъалаи мушкилоти марз ва инъикосии амалкардҳои ҷонибҳо ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеияти равандро дуруст баҳогузорӣ намоянд.
  3. Раванди омодагии шаҳрвандон барои ҳимояи марз, ки имрӯзҳо ба таври васеъ мушоҳида мегардад, ҳамчунон идома ёфтани он муҳимму зарурӣ аст. Дар ин маврид, бояд қайд намуд, ки чунин омодагиҳо барои ҷанг нест, балки барои ҳимояи марзи давлат аст, ки он ба ягон меъёри байналмилалӣ мухолифат надорад.
  4. Даъват намудани ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва баррасӣ намудани масъалаи ҳифзи сулҳи минтақа ба манфиати ҳамаи давлатҳост. Дар шароити мураккаби имрӯз, ки равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ дар шакли манфӣ зуҳур намуда истодаанд, СААД бояд роҳ надиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба майдони низоъ ва бархурд табдил гардад.

Ҳамин тавр, чунин тарзи муносибат ба мо имкон медиҳад, ки марзи Тоҷикистонро ҳимоя намоем, муносибати осоиштаро бо кишвари ҳамсоя таъмин созем ва системаи амнияти минтақаи Осиёи Марказиро тақвият бахшем.

 Алиназар Ашуров,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед