Баҳсҳои марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз сӣ сол аст, ки идома доранд. Дар тӯли ин муддат чандин иқдомҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳандозӣ гардида, то андозае масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хатти сарҳади давлатӣ ҳал гардид. Масалан, аз соли 2002 Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хатти сарҳадӣ фаъолият менамояд, ки дар натиҷаи фаъолияти ин Комиссия аз 987 километр сарҳади давлатӣ миёни ду давлат 663,7 километр марз мушаххас ва мувофиқа карда шудааст. Аммо новобаста аз ин иқдомҳо, муддати солҳо баҳсҳои марзӣ барои сокинон мушкилиҳоро дар пай доштааст. Аз ҷумла, ба вуҷуд омадани муноқиша ва гоҳо ба низоъ табдил ёфтани баҳсҳо байни сокинони маҳаллӣ аз мушкилоти асосӣ арзёбӣ карда мешавад. Дар ин маврид, даҳҳо далел ва рӯйдодҳоро номбар кардан мумкин аст, ки мушкилоти ҷойдоштаро бозгӯӣ менамоянд. Вале, дар инҷо кифоя аст, аз муноқиша ва баъдан низое, ки санаи 29-30 апрели соли 2021 дар минтақаҳои Ворух, Хоҷаи Аъло ва қисмате аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар зад ва дар пай талафотҳои ҷонӣ аз ҳар ду тараф дошт, мисол орем. Чунин баҳсҳои лафзӣ, муноқиша ва гоҳҳо низоъҳо далели печида ва мураккаб будани мушкилоти баҳси сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ба вуҷуд омадани баҳсҳои марзӣ гуфтушунид ва музокиротро дар авлавияти сиёсатгузории худ қарор додааст. Яъне, Ҳукумати Тоҷикистон дар қазияи Ворух ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтушуниди мусолиматомезро дар меҳвари сиёсатгузории худ асос қарор додааст, ки ин тасмим воқеӣ, огоҳона ва пеш аз ҳама бо дарназардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ гирифта шудааст. Ин нукта борҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони давлатҳо таъкид гардидааст. Инчунин, Сарвари давлат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бо сокинони ҷамоати Ворух дар соли гузашта оид ба масъалаи мазкур мавқеи Тоҷикистонро чунин баён доштанд: “Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад”.

Маврид ба зикр аст, ки воқеияти таърихӣ ва таҳлили раванди баҳсҳои марзӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор буда, ҳеҷ гоҳ хилофи он амал накардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара санаи 17 апрели соли 2022 бори дигар оид ба мавқеъ ва дидгоҳи Тоҷикистон дар масъалаи раванди ҳалли баҳсҳои сарҳад чунин ибрози назар намуданд: “Такроран таъкид менамоям, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигар вуҷуд надорад”. Яъне, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилоти марзӣ пурра равшан аст. Дар амалия низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар марзи ду кишвар барои сокинони ду тараф монеа ва ё мушкилот эҷод накардааст.

Аммо, таҷриба нишон медиҳад, ки ҷониби Қирғизистон дар аксар ҳолатҳо дар марз монеаҳоеро эҷод менамоянд, ки омили сар задани нофаҳмӣ ва муноқишаҳо миёни аҳолии маҳал мегарданд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар ҳодисаи 29-30 апрели соли 2021, ки дар Ворух сар зад ва харобиҳою қурбониҳои зиёд овард, маҳз ҷониби қирҳизҳо сабаби сар задани он моҷаро гардида буданд. Ё ин, ки аз аввали соли 2022 то ҳол дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ду муноқиша сар зад, ки дар инҷо низ ҷониби Қирғизистон ташаббускори ҳодисаҳои мазкур буд. Масалан, дар муноқишаи шоми 27-уми январи соли 2022 рух дода, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт ва дар ҳодисаи 12-уми апрели соли ҷорӣ, ки дар натиҷа як сарбози Тоҷикистон ҳалок гардид, мушоҳида намудан мумкин аст, ки омили сар задани ҳодиса амалкарди ҷониби қирғизҳо шудааст.

Акнун муҳим аст, ки ба саволи Чаро дар масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон бевосита музокирот ва гуфтушунидро тарҳи миллии худ қарор додааст?, посух диҳем. Оре, муносибат ва дидгоҳи ҷониби Тоҷикистон ба баҳсҳои марзӣ воқеӣ, илмбунёд, огоҳона, ояндабинона ва бо дар назардошти манфиатҳои миллии ҷонибҳо аст. Пеш аз он, ки дар мавриди мавқеъ ва дидгоҳи Тоҷикистон нуктаҳои мушаххасро баён намоем, зикри як масъаларо ҷоиз мешуморем. Тавре таҳлили муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба бардошти масъалаи мазкур нишон медиҳад баъзе афрод иброз медоранд, ки кишвари мо дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон бештар гузашт менамояд. Чунин андешарониҳо мантиқӣ набуда, комилан аз воқеиятҳо дур аст. Албатта, дар меҳвари сиёсатгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокирот бартарӣ додан маънои онро надорад, ки ҷониби Тоҷикистон иқтидори кам дорад ва ё гузашт намуда истодааст. Таъкид намудан зарур аст, ки Тоҷикистон зарфияти азими ҳарбӣ ва нерӯи қавии физикӣ дорад ва метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ марзи худро комилан ҳифз намояд. Дар робита ба ин дар поён чанд ҳақиқатҳоро дар робита ба он, ки чаро Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон музокирот ва гуфтушунидро тарҳи миллии худ қарор додааст, баён менамоем, ки барои хонандаи гиромӣ асли масъала ошкор мегардад.

Нуктаи аввал ин аст, ки маърифати сиёсии миллати тоҷик ва фарҳанги баланди сиёсии Роҳбарияти олии кишвар яке аз омилҳои меъёр қарор додани музокирот ва гуфтушунидҳо дар раванди баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон мебошад. Дар раванди ҳалли мушкилиҳо рӯй овардан ба хирад ва мантиқ яке аз хислатҳои муҳимми миллати тоҷик аст, ки тули садсолаҳо ҳамчун фарҳанги баланди сиёсӣ шакл гирифтааст. Дар пайвастагӣ ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бо сокинони шаҳри Исфара аз 17 апрели соли 2022 чунин баён доштанд: “Фаромӯш набояд кард, ки мо – тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё дар тӯли таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, солориву тамкин ва сабру таҳаммул ҳаллу фасл кардаем”.

Нуктаи дуюм ин аст, ки дар таҳррезии сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз сиёсати сулҳхоҳонаро ҳамчун авлавияти худ муқаррар кардааст. Ин арзиш аз Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ сарчашма мегирад. Масалан, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки сиёсати хориҷии мамлакат бар пояи сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз шакл гирифтааст. Дар ин замина шаффофият ва қобили пешгӯишаванда ва пойбандии кишвар ба шартномаҳои байнидавлативу меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ аслҳои сиёсати хориҷиро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигарро ҳадафи бунёдӣ арзёбӣ намудааст. Маҳз чунин арзишҳо аз ҷумлаи далелҳое мебошанд, ки Тоҷикистон музокирот ва гуфтушунидро дар масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон меҳвари корбурди худ медонад.

Нуктаи сеюм ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки воқеияти равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза ва оқибати ногувори низоъҳо ба масъала баҳои воқеӣ дода истодааст. Таҷрибаи низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, ки ҷангҳо ба рушди дилхоҳ давлат таъсири манфӣ гузошта, суръати ташаккули онҳоро садсолаҳо ақиб мекашад. Дар ин замина, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки давлатҳои ҷавон ва дар ҳоли рушд ҳастанд, маҳз бо роҳи осоишта ҳал намудани дилхоҳ мушкилоти сарҳадӣ ҷавобгӯи манфиатҳои онҳо мебошад.

Нуктаи чорум ин аст, Тоҷикистон ва Қирғизистон давлатҳои аъзои ИДМ, СҲШ ва СААД мебошанд. Тоҷикистон, то имрӯз принсипҳои асосии оинномаҳои ин созмонҳоро риоя намуда истодааст ва талош дорад, ки дар ҳеҷ ҳолате хилофи арзишҳои созмонҳои мазкур амал накунад. Мутаассифона, ҷониби Қирғизистон хилофи меъёрҳои арзишии созмонҳои болозикр амал намуда истодааст, ки нигаронкунанда аст.

Масъалаи дигар ин, ки аз нуқтаи назари илми геополитика Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои стратегӣ барои абарқудратҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин нигоҳ минтақаи Осиёи Марказӣ аз муҳимтарин нуқоти стратегии олам дар даҳсолаи оянда боқӣ мемонад. Маҳз бо назардошти чунин ҳолат давлатҳои манфиатхоҳ аз омилҳои гуногун истифода намуда, кӯшиш доранд ин ҳавзаро ноором созанд. Бинобар печидагии таърихии ҷуғрофӣ ва сиёсии минтақа, табиист, ки вақте дар як гӯшаи Осиёи Марказӣ низоъ сар мезанад, он ба дигар давлатҳои минтақа доман паҳн мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти он, ки Осиёи Марказӣ ба “минтақаи моҷаро” табдил нагардад, намунаи гуфтушуниди мусолиматомезро дар ҳалли мушкилот муносиб медонад.

Нуктаи панҷум ё нуктаи ниҳоӣ ин аст, ки музокирот ва гуфтушунидро асоси ҳалли мушкилоти марз эътироф намудани Тоҷикистон маънои онро надорад, ки Тоҷикистон иқтидори ҳарбии камтар дорад ё дар ин масъала бар хилофи манфиатҳои худ гузашт намуда истодааст. Тавре дар боло ҳам таъкид гардид, имрӯз ҷумҳурии мо иқтидори азими ҳарбӣ ва зарфияти лозимаи мудофиавиро дорост, ки метавонад дилхоҳ хатару таҳдидро бартараф созад. Дар робита ба ин зикр намудани ду воқеияти арзишманд ба маврид аст. Якум, 22 июли соли 2021 зимни чорабинии санҷиши омодабошии ҷангии «МАРЗ-2021» тамоми шаҳрвандони кишвар шаҳомати артиши миллиро мушоҳида намуданд. Дар ин чорабинӣ теъдоди 230 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ ширкат доштанд. Инчунин, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки далели гуфтаҳои болоанд. Умаман, чорабинии санҷиши омодабошии «МАРЗ-2021» шаҳомати устувории давлати моро нишон дод. Дигар ин, ки ҳодисаҳои 29-30 апрели соли 2021 дар Ворух ба вуқуъ омада собит намуданд, ки миллати тоҷик ва ҷавонмардони он ғайрати қавии муҳофизатӣ ва шукӯҳи бузурги набардро бо душман соҳибанд. Аз Зарафшону Бадахшон то Хатлону Кулобу Ҳисору Рашту Хуҷанд мавҷ-мавҷ ҳаракат намудани шаҳрвандон баҳри ҳимояи як гушаи Ватан далели дигари тавонмандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон бодарназардошти ҳолатҳои болозикр музокирот ва гуфтушунидро ҳамчун тарҳи миллӣ дар масъалаи ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон қарор додааст, ки иқдоми мазкур дар дурнамо ба манфиати миллии на танҳо ҷумҳурии мо, балки ба фоидаи тамоми кишварҳои минтақа аст. Дар ин раванд ҷомеаи огоҳи Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ин иқдом ҳаматарафа ҳимоя намоянд ва чӣ дар фазои воқеӣ ва чӣ дар фазои маҷозӣ мавқеи сулҳхоҳонаи Тоҷикистонро ба таври васеъ шарҳ диҳанд.

Алиназар Ашуров,
муовини сардори Раёсати
таҳлил ваояндабинии сиёсати
хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед