Душманони миллати тоҷику хоинони Ватан имрӯз аз ҳар як ҳодисае, ки дар Тоҷикистони орому осуда рух медиҳад, мехоҳанд ҳангома сохта, онро ба манфиатҳои нопоки худ истифода баранд. Аз ҷумла, тибқи баъзе ахбор маълум гардид, ки дар муҳлатҳои наздик Президенти кишвар бояд ба баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла ба шаҳри Исфара ва ҷамоати он – Ворух сафари корӣ анҷом диҳад. Тибқи ҳамон маълумот ҳадаф аз ин сафар иштирок дар расми ифтитоҳи баъзе иншооти ин вилоят бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Аммо ҳангомаҷӯёни дар хориҷи Ватан қарордошта ин ҳодисаи муқаррариро танҳо ба масъалаи марзӣ рабт дода, мехоҳанд, ки мардумро ба хато баранд ва миёни сокинони мамлакат шӯру мағал барпо кунанд. Ба таваҷҷуҳи ин душманони миллат, ки худро дар телевизионҳои худсохту бемаънӣ «хабарнигор» ном мегиранд, вале дар асл аз кӯчаи рӯзноманигорӣ нагузаштаанд, мерасонем, ки Исфара ва Ворух як ҷузъи ногусастании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Аз ин рӯ тибқи барномаҳои кории худ Роҳбари давлат пурра озоданд, ки ҳар лаҳзае, ки зарур шуморанд, ба ҳар як гӯшаи Ватани азизамон сафар анҷом диҳанд.
Эътимоди комил дорем, ки агар ин сафари кории Пешвои миллат сурат гирад, он ҳатман ба манфиати вилояти Суғд, шаҳри Исфара, ҷамоати он – Ворух ва тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳад буд. Аз ин рӯ, натиҷаҳои ин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ боз як зарбае хоҳад буд, ки бар сари душманони миллати тоҷику хоинони Ватани азизамон зада хоҳад шуд, зеро ин носипосон аз ҳар як комёбии давлату миллати мо ҳатман ба шӯр омада, чун мурғи пойсӯхта худро ба ҳар сӯ мезананд. Вале итминони комил дорем, ки ин ҳангомасозию шӯрандозиҳои хоинон суде нахоҳад дошт!
Муҳаммад Каримзод
коршиноси масъалаҳои сиёсӣ