Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи муҳимтарин маъракаи сиёсӣ-иҷтимоӣ қарор дорад, ки он интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тавре маълум аст, барои рақобат дар интихобот аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ номзадҳои арзанда пешбарӣ гардидаанд. Дар ин раванд қайд намудани як масъала муҳим аст, ки пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешбарӣ гардидани номзадҳои дигар ба куллӣ фарқ дорад. Агар дигар номзадҳо танҳо аз ҷониби ҳизби сиёсиашон ба мансаби президентӣ пешбарӣ гардида бошанд, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби чанд ташкилоти бонуфузи кишвар ба монандӣ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касаба ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот пешбарӣ гардидааст. Чунин тарзи пешбарӣ аз яктараф гувоҳи ба таври табии Пешвои миллат гардидани Эмомлаӣ Раҳмон буда, аз тарафи дигар эҳтиром, эътиқод ва боварии мардум ба сарвари худ аст.
Бояд, таъкид намуд, ки номзадҳои пешбаригардида бо барномаҳои махсус, ки фарогири афкори мушаххас ва созанда мебошанд, ба саҳнаи рақобат ворид гардида, ҳузури худро дар маъракаи пешазинтихоботӣ таъмин намуда истодаанд. Дар ҳақиқат яке аз меъёрҳои ворид гардидан ба маъракаи интихоботро мавҷуд будани барномаи пешазинтихоботӣ ташкил медиҳад.
Ҳамакнун ба маврид аст, ки атрофи барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳият ва арзишҳои меҳварии он чанд нуктаи муҳимро баён намоем. Ва ҳамзамон омили асосии “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” барои солҳои 2021-2027 номгузорӣ гардидани барномаи номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мушаххас созем.
Нуктаи аввал ин аст, ки барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон ба таври мушаххас(1), огоҳона(2), дар асоси таҳлили илмӣ(3), бо дарназардошти рушди мамлакат(4), дарки равандҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон(5) ва дурнамои рушди кишвар(6) омода гардидааст. Илова бар ин барнома фарогири маҷмӯи мақсадҳо, ҳадафҳо, ормонҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ки ҷиҳати амалӣ ва мардумии онро бозгӯӣ менамояд.
Нуктаи дигар ин аст, ки бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли сиёсӣ ҳифз гардида, муҳимтарин масъалаҳои бунёди давлатдории миллӣ ҳалли худро ёфтаанд. Яъне, то имрӯз масъалаҳои усулие, ки барои бунёди давлати миллӣ мусоидат менамоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакл гирифта, заминаи таҳким ва рушди давлатдориро ба вуҷуд овардаанд. Масалан, дар ҷумҳурӣ истиқлоли сиёсӣ ҳифз гардид(1), ваҳдати миллӣ фарогир ва таҳким ёфт(2), низоми сиёсии демократӣ(3) ва дунявӣ рушд ёфт(4), волоияти қонун таъмин гардида(5), ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шудааст(6), арзишҳои миллӣ эҳё(7) ва фарҳанги миллӣ ҳифз ва соҳиби рушд(8) гардидааст. Умуман, то имрӯз дар мамлакат масъалаҳои усулии бунёди давлатдории миллӣ ҳал гардидааст. Аз ҳамин лиҳоз бодарназардошти раванди рушди давлат ва стратегияи ояндабинӣ ҷавҳари барномаи мазкурро масълаҳои марбут ба рушди иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад.
Нуктаи сеюм ин аст, ки дар ҳафт соли оянда бо таваҷҷуҳ ба масълаҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ модели нави иқтисоди миллӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Албатта, намунаи нави иқтисоди миллӣ дар асоси бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, афзалият додан ба бахши хусусӣ, самаранок гардонидани нерӯи инсонӣ, гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи табақаи миёнаи аҳолӣ дар ҷомеа, рушди босуръати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ғайра ба вуҷуд оварда мешавад. Масалан дар барнома қайд гардидааст, ки дар ҳафт соли оянда мувофиқи нақша ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба ҳар сари аҳолӣ 2 маротиба афзоиш меёбад. Ҳамчунин, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода шуда, табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзоиш меёбад. Дар воқеъ амалӣ гардидани самтҳову нуктаҳои барномаи мазкур, ки фарогири мақсадҳову мароми ҳар як шаҳрванд аст, ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки сатҳу сифати зиндагии халқ беҳтар гардида, рушди устувори иқтисодиёти давлат таъмин карда шавад. Дар маҷмӯъ гуфтан мумкин аст, ки татбиқ гардидани самтҳои барнома дар ҳафтсоли оянда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли пурраи иқтисодиро таҳким медиҳад. Яъне автаркияи (худкифоӣ) давлат таъмин карда мешавад.
Нуктаи чорум ва ё муҳимтарин нукта ин аст, ки нукта ва самтҳои барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон амалишаванда мебошад. Ин воқеияти инкорнашаванда аст. Чун таҳлилҳои илмӣ ва оморӣ нишон медиҳанд, ки барномаи қаблии Эмомалӣ Раҳмон барои давраи 2013-2020 пурра амалӣ гардида, дар амалишавии се ҳадафи стратегии миллӣ таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ мусоидат намуд. Фақат ду мисол кифоя аст, ки андешаҳои болозикр тасдиқи худро ёбанд. Аввалан, бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии хурду бузург аз ҷумла ба истифода додани ду агрегати НБО Роғун дар ин давра истиқлоли комили энергетикиро таъмин намуд. Дуюм, дар барнома қайд гардида буд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 26 фоиз коҳиш дода мешавад. Таҳлилҳои илмии имрӯзи коршиносони ватанӣ нишон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ ҳатто поинтар аз 26 фоиз коҳиш дода шудааст. Дар воқеъ ин аз ҳадафмандона барои миллат хизмат намудани Эмомалӣ Раҳмон ва устувориву қавииродагии он шаҳодат медиҳад.
Дар маҷмӯъ атрофи барномаи мазкур нуктаҳои бисёреро ироа намудан мумкин аст. Ин чор нукта, барои хонандаи огоҳ ва соҳибандеша “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” омилҳои асосии номгузорӣ гардидани барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯӣ менамояд. Ҳамчунин, раванди ташвиқ ва фаҳмонидани самтҳои барномаи номзад ба мардум нишон медиҳад, ки сокинони кишвар ояндаи дурахшони худро аз ҳамин барномаи мардумӣ мебинанд.
Алиназар Ашуров,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.