Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро на танҳо муносибатҳои неки солҳои соҳибистиқлолӣ, балки таъриху фарҳанг, таҷрибаи зиндагии якҷоя дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар омилҳои муҳим бо ҳам пайванд менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дучор шудан ба мудохилаи кишварҳои сеюм ва оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ як кишвари дар ҳоли рушд буд, ки дар мамлакат ҳатто артиши касбӣ ҳам ташкил нашуда буд. Дар чунин вазъияти ҳассос маҳз ёрии башардӯстона ва ҳарбии кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон ба мо имкон дод, ки ба ин саҳифаи талхи таърихи худ хотима бахшем.

Бояд қайд намуд, ки нақши нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он афсарони Ҷумҳурии Қазоқистон низ шомил буданд, дар истиқрори сулҳ дар кишвари азизи мо хеле калон аст. Дар солҳои 90-уми асри гузашта зиёда аз 50 нафар афсарони қазоқистонӣ ба хотири таъмини амнияту субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.

Хислати хуби мардуми мо дар он аст, ки некиро ҳаргиз фаромӯш намесозем ва дар вақтҳои мушкилу ҳассос доимо дар паҳлӯи якдигарем. Сараввал бояд қайд намуд, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 сентябри соли 2021 афсари қазоқистонӣ Батрканов Раҷан Армиевич бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени “Спитамен” дараҷаи 1 қадрдонӣ карда шуд. Ин нишонаи қадрдонии афсарони қазоқистонӣ дар таъмини сулҳу субот дар кишвари мо аз ҷониби  роҳбарияти олии кишвар маҳсуб меёбад.

Мутаассифона, имрӯзҳо Ҷумҳурии Қазоқистон, ки яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, худ гирифтори мушкилӣ гаштааст. Бо мудохилаи кишварҳои сеюм террористон ва ҷинояткорони мусаллаҳ бо яроқу аслиҳаҳои замонавӣ тайи чанд рӯз аст, ки шаҳрҳои бузургтарини ин кишвар, аз ҷумла Алма-Аторо ба харобазор табдил дода истодаанд.

Вазъият торафт муташанниҷ гашта, роҳбарияти олии Қазоқистонро водор сохт, ки ҷиҳати пайдо намудани ёрии иттифоқчиёни худ ба СААД муроҷиат намояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи анъанаҳои неки тоҷикӣ ва принсипи инсондӯстона қарори дастаҷамъонаи ҳампаймононро дастгирӣ намуда, барои ба ин кишвар сафарбар намудани 200 афсар дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи СААД иқдом намуданд.

Ин иқдомро баъзе доираҳои манфиатҷӯ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша нодуруст дарк намуда, дар як қатор ВАО ба иғвоангезӣ шуруъ намуданд, ки боиси таассуф аст.

Бояд қайд намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои харобиовари солҳои 90-умро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Вазъияти имрӯза дар Қазоқистон мардуми оддиро ба таҳлука андохтааст ва хоҳони ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвари худ мебошанд. Чунон ки дар урфият мегӯянд “Қадри зарро заргар медонад”. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадри расидан ба сулҳ ва зарурати таъмини амнияту суботро медонанд ва аз ин рӯ дар оянда низ ёрии зарурии кишварро ба давлати ба мо дӯсту бародар, шарики стратегӣ – Ҷумҳурии Қазоқистон мерасонанд.

Ҳама бояд дуруст дарк намоянд, ки ташаббуси ирсоли нерӯҳои посдори сулҳи СААД дастаҷамъона буда, мақсади ягонаи он таъмини амният ва осудагии аҳолии осоиштаи Қазоқистон мебошад.

Комрон Ҳидоятзода,
cардори Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
МТС азди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед