Чунонки маълум аст, барои инсон ва инсоният шуур ва шуури ҷамъиятӣ як ҷиҳати аз тамоми мавҷудоти дигари олам онҳоро фарқкунанда ва афзалиятдиҳанда ба ҳисоб мераванд. Шуур агар фардӣ буда, тавассути равандҳои фикрӣ (тафаккур, тахайюл, ҳадс ва хотира) ва ҳиссию иродавӣ маърифати оламро дар мағзи сари инсони алоҳида инъикос менамояд, пас шуури ҷамъиятӣ ба як гурӯҳи бузурги одамон ё кулли ҷомеа хос аст. Вале шуури ҷамъиятӣ ҷамъи механикии шуурҳои фардӣ набуда, танҳо умумиятҳоеро, ки байни шуурҳои одамони алоҳида мавҷуданд, фаро мегирад. Аз ҷониби дигар, шуури фардӣ махсусиятҳои дарки инсони алоҳидаро дар бар гирифта, ақида, манфиат ва арзишҳои ӯро инъикос менамояд. Шуури ҷамъиятӣ бошад, аз маҷмӯи ақида, ғоя, назария, эҳсосот, рӯҳия, образҳои бадеию динӣ ва амсоли он иборат буда, моҳият ва муҳтавои ҳам ҷанбаҳои дохилӣ ва ҳам берунии ҳаёти ҷомеаро инъикос месозад.
Бояд зикр намуд, ки дар шуури ҷамъиятӣ ду сатҳи он – психологияи ҷамъиятӣ ва идеологияи ҷамъиятро ҷудо мекунанд. Психологияи ҷамъиятӣ, ки ба мисли шуури ҷамъиятӣ ҷамъи механикии психологияи фардҳо набуда, танҳо умумиятҳоеро фаро мегирад, ки байни психологияи одамони алоҳида мавҷуданд, аз ду гуруҳи унсурҳо иборат мебошад: 1) сохтори психологӣ, ки устувор буда, характери иҷтимоӣ ё қавмӣ-миллӣ, урфу одат, анъана, завқ ва амсоли онро дар бар мегирад; 2) сохтори ҳиссӣ, ки мутаҳаррик ё ивазшаванда буда, ба он талабот, манфиат, рӯхия ва амсоли онро шомил медонанд. Ҳар ду гуруҳи унсурҳо бо иловаи таассубу хурофот ва тарзи ҳаёт психологияи ҷамъиятиро муайян месозанд, ки зинаи поёнии шуури ҷамъиятӣ мебошад.
Идеология бошад, шакли фардӣ надошта, танҳо хоси ҷамъият мебошад, аз ин рӯ дар илмҳои ҷомеашиносӣ, одатан, идеологияи ҷамъиятӣ нагуфта, мафҳуми «идеологияи ҷамъият»-ро мавриди истифода қарор медиҳанд. Идеология зинаи болоии шуури ҷамъиятӣ буда, низоми ақидаҳои назариявии ҷомеа, ғояҳо, ҷаҳонбинӣ, таълимот ва тарзи тафаккурро оид ба маърифати олам ва ҷанбаҳои алоҳидаи он ташкил медиҳад.
Тавре, ки аён мегардад, психологияи ҷамъиятӣ сатҳи ҳиссию эҳсосотии шуури ҷамъиятӣ буда, идеология сатҳи ратсионалӣ, ақлонии ҳамин шуури ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, психологияи ҷамъиятӣ ба таври стихиявӣ, худ ба худ, таҳти таъсири шароити ҳаётӣ ва ҳастии иҷтимоии одамон ба вуҷуд меояд. Идеологияи ҷамъият бошад, маҳсули фаъолияти назариявии шахсони босалоҳияту ваколатдори ҷомеа мебошад.
Робитаи мутақобила, баҳамтасиррасониҳои психологияи ҷамъиятӣ ва идеологияи ҷамъият хеле мураккаб мебошанд. Идеологияи ҷамъият ҳамчун зинаи олии шуури ҷамъиятӣ ба унсурҳои муайяни психологияи ҷамъиятӣ такя мекунад, вале он ҳеҷ гоҳ инъикоси ғайрифаъоли ин психология намебошад. Идеологияи ҷамъиятро ба вуҷуд оварда, ҳатман баъзе унсурҳои зарурии психологияи ҷамъиятиро пурзӯр мекунанд, ё худ, баръакс, баъзе унсурҳои нолозими онро то ҳадди ақал заиф ё умуман маҳв месозанд.
Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки психологияи ҷамъиятӣ ва идеологияи ҷамъият новобаста аз сохтору низоми давлатдорӣ дар ҳама гуна ҷомеа вуҷуд доранд. Ҷомеа, кишвар ва ё давлатеро пайдо кардан, ки дар он идеологияи ҷамъият вуҷуд надошта бошад, ғайриимкон аст.
Якчанд андеша ва ақидаҳои назариявии муҳаққиқони муосирро оид ба психологияи ҷамъиятӣ ва идеологияи ҷамъият ҳамчун сухани муқаддимавӣ зикр намуда, мехостем як қатор хулоса ва пешниҳодҳоро оид ба таносуби онҳо дар ҷомеаи муосири тоҷик ҳамчун оғози баррасии масъала барои мутахассисони соҳа ва алоқамандони ин мавзӯъ мухтасаран баён созем.
Мардуми тоҷик ҳамчун миллат психологияи ҷамъиятии хоссаи худро дорад, ки тавассути он аз миллату қавмиятҳои дигар фарқ мекунад. Табиист, ки психологияи миллии мо ҳамчун миллатҳои дигар дар характери иҷтимоӣ ё қавмӣ-миллии мо, урфу одат, анъана, завқ, талабот, манфиат, рӯҳия, таассубу хурофот, тарзи ҳаёти миллӣ ва унсурҳои дигар инъикос ёфтааст. Инчунин табиист, ки на ҳамаи ҷузъу унсурҳои ин психология метавонанд мусбат бошанд. Аз ин рӯ, барои ҷомеаи муосири мо, қабл аз ҳама зарур аст, ки ин ҷузъиёти манфиро аз нигоҳи замону даврони муосир ба хубӣ дарк созад, тавассути баррасиҳои ақлонию мантиқӣ онҳоро баҳогузорӣ ва бозбинӣ карда, барои истифодаи ҷузъу унсурҳои мусбати психологияи ҷамъиятӣ ба нафъи миллату ҳар як намояндаи он иқдом намояд.
Қадами дуюм дар ин самт бояд чунин бошад: чунонки таъкид гардид, психологияи ҷамъиятии миллати мо ба мисли қавму миллатҳои дигар ба таври стихиявӣ, худ ба худ, таҳти таъсири шароити ҳаётӣ ва ҳастии иҷтимоии мардуми мо ба вуҷуд омадааст. Ба ин психология такя намуда, тавассути истифодаи фаъолона аз воситаҳои ратсионалӣ, ақлонӣ ба он таъсир расонидан ва аз ҷиҳати назариявӣ ташаккул додани идеологияи ҷамъият барои ҷомеаи муосири мо вазифаи шахсони босалоҳияту ваколатдор, яъне сиёсатмадорон, аҳли адабу фарҳанг, олимону зиёиён, ё ба ибораи дигар, вазифаи ҷонии элитаи зеҳнии миллат мебошад.
Оид ба қадами сеюм сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ташаккули идеологияи ҷамъият дар Тоҷикистон аллакай тадбирҳои зиёди судманд андешида шудаанд, ки аз байни онҳо зикри қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни сирф миллии мо оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо хеле муҳим аст. Агар аз санади аввал бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи онҳо ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебаранд, метавонад ҳамчун пояи асосии идеологияи ҷамъият дар ҷомеаи мо хизмат кунад, пас санади дуюм тавонистааст, ки ба тағйироти зиёди мусбат дар психологияи ҷамъиятии мардуми мо мусоидат намояд, ки, аобатта, ба идеологияи ҷамъият ҳам таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ бо истифода аз Конститутсияи ҷумҳурӣ, санадҳои ҳуқуқии дигар ва бо такя ба арзишҳои волои миллӣ қадам ба қадам ташаккул додану рушд бахшидани идеологияи ҷамъият имрӯз аз вазифаҳои муҳимтарин дар ҷомеаи мо маҳсуб меёбад.
Бори дигар таъкид месозем, ки робитаи мутақобила ва баҳамтасиррасониҳои психологияи ҷамъиятӣ ва идеологияи ҷамъият хеле мураккаб буда, ташаккули идеологияи фарогиру устувор дар ҳар гуна ҷомеа заҳмати зиёд ва муҳлати тӯлониро талаб мекунад. Аммо сазовори таъкиди хос аст, ки дар замони муосир ягон давлат, аз давлатҳои абарқудрат оғоз карда то кӯчактарин давлатҳо, бе доштани идеологияи ҷамъияти худ рушд карда наметавонанд. Аз ин ҷост, ки ҳамаи давлатҳои пешрафтаи муосир идеологияи худро бо шаклу воситаҳои гуногун ташаккул дода, дар асоси он фаъолият менамоянд. Бо ҳамин сабабҳо, тақвият бахшидану тезонидани раванди ташаккул ва рушди идеологияи миллӣ дар кишвари мо, таъмини афзалияти идеологияи ҷамъият ба психологияи ҷамъиятӣ бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз як қатор унсурҳои манфии он, чун хурофоту таассуб ва амсоли он, ки боиси ақибмонии ҳар як халқу миллат аз навгониҳои даврони муосир мегарданд, аз вазифаҳои мубрамтарини элитаи зеҳнии миллат дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин росто ва вобаста ба ташаккул, тақвият ва рушди идеологияи ҷамъият, таъмини волоияти он дар таносуб бо психологияи ҷамъиятӣ дар мадди аввал иҷрои як қатор корҳо бояд сурат гирад, ки ҳамаи онҳо аз ҷузъиёти мавзӯи матраҳшуда мебошанд:
– рушди маърифати илмӣ ва раҳоӣ аз ҷаҳолат дар ҷомеа, зеро бо ақидаҳои бепояи илмӣ ва асримиёнагӣ имрӯзу фардои миллату давлатро бунёд кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки бесаводию ҷаҳолатро роҳи асосии рафтан ба хурофоту ифротгароӣ донистаанд. Яъне, вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеаи мо дар ин самт бояд мубориза бо бесаводию ҷаҳолат бошад;
– омӯзиши таърихи гузаштаву муосири миллат. Дар ин самт махсусан тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ хеле муҳим аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд ба таври ҳатмӣ омӯзонида шаванд. Иқдоми Пешвои муаззами миллат, ки китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро дастраси ҳар як оилаи тоҷику тоҷикистонӣ карданд, барои омӯзиши таърихи миллат як падидаи хеле саривақтист, лекин акнун вазъи омӯзиши ин китоб аз ҷониби шаҳрвандон ҳам бояд мавриди таваҷҷӯҳ бошад;
– рушди ғояҳои миллӣ ва муттаҳид сохтани мардум дар атрофи онҳо. Инҷо таъмини Ваҳдати миллӣ, тақвияти ватандӯстӣ, худшиносӣ, бунёди давлатдории миллӣ, ки шакли он, чунонки болотар ҳам таъкид гардид, дар Конститутсияи ҷумҳурӣ муайян гардидааст, инчунин ҳадафҳои стратегии миллӣ (баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар) ва ғайра бояд аз унсурҳои асосии мафкурасоз дар ҷомеаи мо бошанд;
– арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, хусусан фарҳанги миллӣ. Инҷо махсусан арҷгузорӣ ба либоси миллӣ, симои миллӣ хеле муҳим аст, зеро бе он пешгирии бегонапарастӣ ғариимкон мегардад ва бо ҳамин сабаб имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки дар самти ҳимояи ин унсурҳои фарҳанг тибқи талаботи банди 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои муассиртаре андешида шаванд;
– боло бурдани эҳсоси мансубияти марзӣ, шаҳрвандӣ ва мутааллиқӣ ба фарҳанги миллӣ. Дар инҷо махсусан нақши ходимони расмии дин, ки нигоҳ ва нуқтаи назри замонавӣ доранд, бояд боло бурда шавад, то мазҳабҳои ғайрисуннатӣ ва барои тоҷикон бегона дигар ба ҷомеаи мо роҳ наёбанд;
– тақвияти муборизаҳои иттилоотӣ бо омилҳои халалрасони худшиносии миллӣ ва ғайра.
Бори дигар таъкид карда мешавад, ки барои тақвияти идеологияи ҷамъият дар кишвари мо пеш аз ҳама бояд ба болобарии маърифати илмӣ таваҷҷӯҳ карда шавад. Инчунин, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, фаъол сохтани ҳар як зиёии кишвар, муассисаҳои таълимию илмӣ, воситаҳои ахбори омма, махсусан дар шабакаҳои интернетӣ, сохторҳои фарҳангию варзишӣ ва амсоли он дар тамоми гӯшаву канори мамлакат низ бояд ҳамчун роҳҳои муассири тақвияти идеологияи ҷамъият барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон шинохта шаванд.
Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон