Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2015 дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ қайд карда буданд: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».
Дар ҳақиқат ҳам, ваҳдати миллӣ барои мо тоҷикон дар шароити ҷаҳони муосир, ки давлатҳои миллии тозаистиқлол бо сабаби таъсири омилҳои зиёди берунию дохилӣ хеле осебпазиранд, роҳи ягонаи таъмини истиқлолияти комили давлатӣ, устувору бебозгаштсозии он дар тамоми соҳаҳо ва василаи муҳимтарини дастёбӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ мебошад. Танҳо ваҳдати миллӣ имрӯз метавонад, ки умеду орзуи моро барои ояндаи шукуфони давлату миллат тақвият бахшад.
Дар ин ҷода мо бояд бо маќсади дарки мукаммали моҳияти ваҳдати миллӣ ба он ҳамчун ба мафҳуми хеле амиқ ва тобишҳои гуногундошта муносибат дошта бошем. Аз ин рӯ, бо такя ба баъзе назарияҳое, ки дар илмҳои иҷтимоӣ дар ин самт мавҷуд мебошанд, чанд андешаи мухтасарро оид ба мафњуми ваҳдати миллӣ дар поён иброз медорем.
Аввалан, ваҳдати миллӣ дар ҷомеашиносӣ ҳамчун мафҳум ва навъи фаъолият ҳисобида шудааст, ки тавассути он томмияти ҳаёти мардум дар таркиби як миллат ифода меёбад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ қабл аз ҳама маънии ҷавобгӯй будани миллати мушаххасро ба нишонаҳои асосии миллат ҳамчун иттиҳоди таърихан шаклгирифта ва устувори гуруҳи одамон дорад. Яъне, барои миллати воҳид ҳисоб шудан, қабл аз ҳама, бояд умумияти ҳудуди ҷуғрофӣ, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, забони адабӣ ва хусусиятҳои равонӣ – дину мазҳаб, ахлоқ, шуури ҳуқуқӣ, илму фалсафа, санъату адабиёт, урфу одат, ҳувият ва худшиносии этникӣ-ќавмї ва унсурҳои дигари ташаккулдиҳандаи миллат эътироф ва қадр карда шаванд.
Аз ин нуқтаи назар, барои сазовор будан ба номи миллати тоҷик ва саҳм гузоштан дар ваҳдати он барои ҳар яки мо ҳамчун намояндаи ин миллат зурур аст, ки ин пораи марзу буми аз ниёгон ба меросмондаи худ – Тоҷикистони муосири тозаистиқлолро самимона, бо муҳаббати ҷонӣ, на забонї, қадр кунему азиз дорем, ба забони миллати худ, ки тоҷикӣ ном дорад, ҳамчун ба шири модари худ арҷ гузорем, барои рушди тамоми соҳаҳои моддию маънавии фаъолияти давлати миллию миллати воҳиди худ саҳм гузорем. Вобаста ба ин таъкид месозем, ки дар замони муосир забони ҳар як миллат бо номи миллат номгузорӣ мешавад ва мо ҳам, ки забони давлатии худро дар санадҳои сиёсиву ҳуқуқии худ бо номи «забони тоҷикӣ» эълон кардаем, ба ҳайси миллати комил ба ин ҳуқуқи пурраи маънавӣ дорем, зеро мафҳуми тоҷик аз қадим барои ифодаи тамоми ориёиёни минтаќаи зисти ниёгони мо ва забони онҳо ба кор мерафт. Тоҷикон бошанд, имрӯз парчамбардори сазовори ин номи қадимаи ниёгон ба шумор мераванд ва маҳз ҳамин калимаи «тоҷик» имрӯз таҷассумкунандаи тамоми махсусиятҳои мо ҳамчун миллати ягона буда, дар таъмини ваҳдату ягонагии ин миллати созандаву ободкор ба ҳайси омили нахустину муҳимтарин хизмат мекунад. Ба ибораи дигар, эътирофи он, ки «ман тоҷикам» оғози роҳи ҳар яки мо ба сӯи ваҳдати тамоми миллат мебошад.
Сониян, дар илмҳои иҷтимоӣ дар робита ба мафҳуми ваҳдати миллӣ ҳамчунин таъкид мегардад, ки он танҳо таҷассумгари адолату баробарӣ дар дастрасӣ ба неъматҳои моддию маънавии табиати кишвар ва ҷомеаи дар он бунёдшуда набуда, ба таври амиқтаре ин зуҳуротро дар муҳтавои худ инъикос менамояд. Маҳз бо њамин сабаб мо бояд на танњо ҷойгоҳи шахсии худро дар байни миллат пайдо кунем, балки аз ҳар зарраи хоки ин сарзамин, табиати биҳиштосояш, аз комёбиҳои миллат ва ҳар як фарди он дар соҳаҳои иқтисодию техникӣ, илмию сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ ва тамоми соҳаҳои дигар ифтихор дошта бошем. Зеро маҳз ба ҳамин васила, аз нуқтаи назари аксарияти ҷомешиносон, миллатдӯстии мо ва муносибати мо ба ваҳдати миллӣ дар сатҳи инфиродӣ зуҳур мекунад. Барои ин мо бояд ҳар як комёбӣ ва ҳар як камию костагии миллати худ, ё ба ибораи шоиру мутафаккири шинохтаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддин Румии Балхӣ (1207-1273), ки дар байти зерини худ ба маънии ирфонӣ фармудааст, њар як «заҳру шакари» онро ҷузви худ донем:
То зи заҳру аз шакар дарнагзарӣ,
Кай ту аз гулзори ваҳдат бӯ барӣ?
Дар робита ба ин қобили зикр аст, ки мо тоҷикон чун тамоми миллатҳои дигари олам ҳамаи паҳлӯҳои мусбат ва манфии ҳаёти имрӯзаи миллати хешро ба хубӣ дарк мекунем. Вале ин ҳеч гоҳ асос шуда наметавонад, ки миллатро дар шакли куллӣ паст занем ва чунонки як гурӯҳ бадхоҳони миллат мекунанд, дар шароити душвор ба миллату давлат туҳмат карда, байни намояндагони он људоӣ андозем. Ваҳдати миллат танҳо дар он ҳолат тақвият меёбад, ки мо камбудиҳои худро худамон муайян намоем, бе дастнигарӣ ба бегонагон – бо қувваю неруи худӣ ҳамеша аз пайи ислоҳи онњо бошем.
Сеюм, дар баробари он андешаҳое, ки дар боло омад, аз нуқтаи назари ҷомешиносӣ, ваҳдати миллӣ ин ягонагии тамоми табақаҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ, инчунин ҳар як фарди намояндаи миллат дар заминаи ғояи умумӣ ва фарҳанги ягона аст. Ғояи умумии миллати тоҷик дар идеологияи миллии мо инъикос ёфтааст – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якљоягӣ ҳамаи онҳо ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд. Ҳамзамон, ҳадафҳои миллии мо, чун эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини ягонагии миллат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ниятҳои неки дигари фардию дастаҷамъона ин ғояи умумимиллии моро боз ҳам комилтар месозанд. Ҳар нафаре, ки ин ғояҳои умумимиллиро инкор мекунад, ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки худро ҷузви ин миллат биҳисобад ва аз ваҳдати миллӣ сухан гӯяд.
Вобаста ба ин таъкид месозем, ки ҷузви як иқтисодиёт будани худро эҳсос намудан яке нишонаҳои муҳимтарини миллат ва омили таъмини ягонагии он мебошад. Маҳз ба њамин хотир дар даврони соҳибистиќлолӣ аҳаммияти хосса додан ба рушди иқтисодию иљтимоии тамоми минтаќаҳои ҷумњурӣ, на минтаќаҳои алоҳидаи он ва талошҳо барои расидан ба ҳадафи стратегии миллӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори аввали тадбирҳои андешидаи давлати тоҷикон қарор гирифта, ин ягонагии мардуми моро њамчун миллат хеле тақвият бахшиданд. Сохтмони роҳҳо ва пулҳои аҳаммияти миллї ва байналмилалї дошта ба робитаҳои минтақаҳои кишвар байни ҳамдигар дар ҳамаи фаслҳои сол ва, мутаносибан, ба алоќаҳои пайваста байни мардуми одӣ мусоидат намуда, ба тоҷикон имконият доданд, ки умумияти миллии худро дар самтҳои хоҷагидорию тиҷорат ва дар маљмӯъ, ягонагии иқтисодӣ боз ҳам тавсеа бахшанд ва бо ин роҳ ваҳдати миллатро дар ин самт комилан таъмин намоянд.
Чорум, ваҳдати миллӣ, ба андешаи ҷомешиносон, инчунин тавассути ватандӯстии самимонаи мо, арҷгузорӣ ба гуногунрангии ҳар як гӯшаву канори ин Ватан, таҳаммулпазирӣ ба бовару андешаҳои шахсӣ ва хислату атвори ҳар як фарди ин миллат тақвият меёбад.
Панљум, ваҳдати миллӣ аз нуқтаи назари илмҳои иҷтимоӣ дар муносибати умумию ягона ба таърихи гузаштаву имрӯзаи миллат ва саъю кӯшиш барои бунёди ояндаи озоду ободи он таҷассум мегардад. Бо ин мақсад моро зарур аст, ки ба анъанаҳои ҳам ниёгони қадими худ, ҳам даврони асримиёнагию замони нав ва ҳам насли имрӯзу фардои миллат бо арҷгузории баланд ва эҳтироми самимӣ муносибат дошта бошем. Мо тоҷикон, чунонки дар ибтидо таъкид доштем, парчамбардорони тамаддуни орёием. Аз ин рӯ мо ба анъанаҳои ин тамаддуни ниёгон бояд боэҳтиромона муносибат дошта бошем ва ҳар як унсури онро, ки ҷавобгӯи эҳтиёҷоти моддию маънавии миллат дар даврони муосир аст, барои рушди имрӯзу фардои миллати воҳид мавриди истифода ќарор диҳем. Танҳо дар ҳамин сурат ҳар яки мо метавонем, ки худро сафири тамаддуни куҳанбунёди миллӣ дар роњи таъмини ваҳдати миллат шуморем ва барои дигарон дар тақвияти ин ягонагӣ намунаи ибрат бошем. Ба қавли ирфонии Мавлоно:
Қатрае, к-аз баҳри ваҳдат шуд сафир,
Ҳафт баҳр он қатраро бошад асир.
Дар охир таъкид месозем, ки омили асосии ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидан барои мардуми тоҷик он буд, ки ба беҳтарин расму ойинҳои миллии худ дар самти сулҳофаринию ваҳдатгароӣ такя намуда, мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳи сарнавиштсоз собитқадамона пеш рафтем ва миллати худро аз вартаи ҳалокат наҷот додем. Аз чунин вазъи ногувор баровардани миллат ва зиёда аз он, барои садсолаҳо таъмин намудани ваҳдати миллати куҳанбунёд, тамаддунофар ва сулҳпарвару ваҳдатхоҳи тоҷик хидмати ҷонфидоёнаест, ки дар хотираи таърихии халқи мо љовидонӣ нақш хоҳад баст. Аз ин рӯ расидан ба қадри ин корномаи миллат бо роҳбарии Пешвои муаззами он, яъне таъмини ваҳдати миллӣ дар таърихи навини халқи мо қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва ҳар як намояндаи миллати тоҷик дар тамоми гӯшаву канори олам аст.
Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон