Дар Қирғизистон эҳтимоли сар задани инқилоби навбатӣ вуҷуд дорад.
Шаҳрвандони солимфикри қирғиз аз иқдомоти саркардагони ҳодисаҳои марзӣ розӣ нестанд ва хостори ба истеъфо рафтани онҳо мебошанд. Мушкилоти ҳалнашудаи марзӣ бо ҳамсоякишвар, аз қабули қарорҳои нодуруст ва ғаразноки роҳбарияти мақомоти гуногуни Қирғизистон вобастагӣ дорад.
Хеле зарур аст, ки ҳар як амали пешгирифта ба ояндаи дарозмуддати ду миллат равона шуда бошад. Мушкилоти марзӣ бояд имрӯз ҳалли худро пайдо кунад, то барои наслҳои ояндаи ду кишвари ҳамсоя хатарҳои навинро эҷод насозад.
Маълум аст, ки замони муосир замони ақлгароист. Масоили тақдирсозро бояд сиёсатмадорон, дипломатҳо, равшанфикрон, таҳлилгарон ва зиёиёни ду кишвари ҳамсоя ҳаллу фасл намоянд. Боиси нигаронист, ки ин вазифаро имрӯз блогерон ва шахсиятҳои алоҳидае бар души худ гирифтаанд, ки умуман қабули қарор аз онҳо вобастагӣ надорад мутаасифона, баъзе рощбарони сиёсии Қирғизистон низ зери навои ғулғӯлаи ана ҳамин нақораҳои бенизоми блогерҳо мерақсанд. Дар ин ҷанги иттилоотӣ ғаразҳо ва бадбиниҳои бештаре пайдо мегарданд, ки масъаларо даҳчанд печида месозад.
Қурбониҳои зиёди инсонӣ дар марз воқеъан боиси нигаронӣ аст. Ҷониби қирғиз ба хубӣ маълумот дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати бузурги ҳарбиро соҳиб аст ва дар баробари тамоми хатару таҳдидҳо истодагарӣ карда метавонад. Аммо, шояд умедашон ба дахолати кишвари сеюм бошад, ки амалҳои берун аз аҳдномаҳои байнидавлатиро анҷом медиҳанд.
Мушкилоти марзӣ набояд боиси бадбинӣ ва нафрат дар байни ду миллат гардад, балки бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо такя кардан ба ақлу маърифати баланди инсонӣ, тариқи осоиштаю ҳуқуқӣ ҳал шавад.
Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша кушоду равшан баён доштааст, ки тарафдори бо роҳи осоишта ва дар асоси музокироти ду ҷониб ҳал кардани мушкилоти марзӣ мебошад. То кадом андоза элитаи сиёсии Қирғизистон ин роҳи ҳалро ҷонибдорӣ менамояд, ҳанӯз ҳам посухи мушаххас вуҷуд надорад. Зеро амалан аз ҷониби онҳо танҳо аҳдшиканӣ ва хиёнат ба ҳамсоякишвар ба мушоҳида мерасад. Вале фаромӯш набояд кард, ки оқибати ин амалҳо на танҳо шикаст хурдан аст, балки эҳтимоли сар задани як инқилоби рангаи навбатӣ дар Қирғизистон хоҳад буд.
Фирузи Рамазон.