Берун аз Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин стансияи пуриқтидори мушоҳидавии иқлим ва муҳити зист дар доираи тарҳи “Як камарбанд, як роҳ” ба кор шуруъ кард. Дар ин бора Агентии хабарии давлатии Синхуаи Чин хабар дод.
Академики Академияи илмҳои Чин ва профессори Донишгоҳи Ланҷоу Хуан Ҷианпин гуфт, ки стансияи мушоҳидавӣ дар ноҳияи Шаҳритуси Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд, ки маълумоти мукаммали мушоҳидаҳои чангу ғубор, моддаҳои ифлоскунанда ва унсурҳои метеорологӣ дар минтақаҳои калидии Осиёи Марказиро коркард ва пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи Хуан Ҷианпин, он метавонад дар бораи офатҳои метеорологӣ огоҳӣ диҳад ва дар робита ба тағйирёбии иқлим чораҳои зарурӣ андешад. Стансия як қисми шабакаи назорати иқлим ва муҳити зисти B&R мебошад, ки аз ҷониби Донишгоҳи Ланҷоуи Чин тарҳрезӣ шуда, аз тарафи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои Чин ва дигар кишварҳо ба таври муштарак бунёд карда шудааст.
Аз соли 2016 то ба ҳол шабакаи назоратӣ аз Ланҷоу, пойтахти музофоти Гансу дар шимолу ғарби Чин. 20 стансияи тарҳрезишуда дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногунро месозад. Аллакай 7 адад стансия сохта ба истифода дода шуд, ки стансияи мушоҳидавии иқлим ва муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшуда аз ҳамин қабил аст.
Шабакаи назорати иқлим ва муҳити зисти B&R метавонад кӯчиши рег, чанг ва омилҳои ифлоскунандаҳои мураккаби атмосфера ва вазъи экологиро дар масофаи дур пайгирӣ мекунад, рушди иҷтимоию иқтисодиро таъмин месозад ва дар баррасӣ ва омӯзиши тағйирёбии глобалии иқлими минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши бориз мебозад.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон