Солҳои охир, раванди босуръати тағйирёбии иқлим ба табиат ва ҳастии мавҷудоти он таъсири манфӣ расонида, инсоният ба раванди ҳассоси тағйирёбии сайёраи Замин ва оқибатҳои фоҷиабори он мувоҷеҳ гардидааст. Бинобар ин, Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз ду даҳсола мешавад, ки дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва бартарафсозии оқибатҳои нохуши он ташаббусҳои созандаро ҳам дар сатҳи миллӣ ҳам дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд.
Бо мақсади амалӣ гардонидани ин ташаббусҳо санаи 17-уми августи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони “Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон 98 дарсади барқи худро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад. Аз рӯйи ҳиссаи тавлиди “энергияи сабз” мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамоем ва мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба сад дарсад расонем, яъне тавлиди неруи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои “энергияи сабз” ба роҳ монда, Тоҷикистонро то соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил диҳем.
Воқеан, тайи 200 соли охир, баробари афзоиши газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки ин раванд боиси вайрон шудани тавозуни гармии замин гардидааст, ба ҳаёти башарият ва иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон хисороти ҷиддӣ ворид карда истодааст. Вобаста ба натиҷаҳои таҳқиқоти муҳақиқон ва коршиносон, дар давоми як сол тақрибан 22 млрд. тонна партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ихроҷ мегардад, ки иқлими сайёраи Заминро босуръат тағйир дода, гармии тоқатфарсо, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои обӣ, шумораи офатҳои табиӣ, ба монанди обхезӣ, сел, сӯхтор, боришоти ғайриинтизор ва фаромадани аз меъёр зиёди ярчу тармаро бамаротиб бештар намудааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар робита ба ин масъалаи муҳимми тағйирёбии босуръати иқлим, дар давоми кори Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб, диққати ҳамагонро ба дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ташаббуси Тоҷикистон доир ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки он тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад ва дар соли 2025 кишвари мо аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард, ҷалб намуд.
Маҷмаи умумии СММ санаи 20-уми декабри соли 2018 зимни иҷлосияи 73–юми худ лоиҳаи қатънома таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”-ро бо ҷонибдории 190 кишвари ҷаҳон қабул намуд. Қатъномаи мазкур, манфиатҳои умумибашариро бо се ҷанбаи асосӣ: якум, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, дуюм, мушкилоти экологӣ ва сеюм, татбиқи барномаҳои иқтисоди сабз алоқаманд меҳисобад.
Дар қатъномаи қабулгардида аҳаммияти махсуси захираҳои об барои рушди устувор ва бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ таъкид гардидааст. Дар он бо изҳори нигаронӣ гуфта шудааст, ки яке аз омилҳои асосии норасоии оби нушокӣ дар тамоми ҷаҳон – тағйирёбии иқлим буда, зарурати таҳияи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об пеш омадааст.
Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, ҳамаи минтақаҳои дунё бо шумули ҷаҳони Ҷануб имрӯз бинобар таъсири ногувори тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо, афзоиши аҳолӣ, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо дар як марҳалаи душвор қарор доранд. Дар робита ба ин, минтақаи фарохи Ҷануб ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ ниёз дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Кишвари мо ҳамасола ба обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030” татбиқ менамояд.
Дарвоқеъ, таҳияи сиёсати экологӣ ба омӯзиши амиқи муносибатҳои экологию иқтисодӣ ва модели муосири рушди иқтисодӣ алоқаманд мебошад, ки мақсади асосии он нигоҳ доштани мувозинатии иқтисодию экологӣ ва таъмини вазифаҳои ҳаётбахши захираҳои табиӣ дар сайёра ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат аз ҳамаи захираю имкониятҳо самаранок истифода намуда, барои расидан ба ҳадафҳои муҳим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Масалан, ҳангоми таҳияи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим диққати ҷиддӣ дода шудааст ва дар ин самт аз пешгирию аз байн бурдани оқибатҳои офатҳои табиӣ бо нигаронӣ дарҷ гардидааст: «Мушкилоти экологӣ ва осебпазирӣ, хусусан, дар шароити коҳишдиҳӣ ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим назаррас боқӣ мемонанд. Ба ин ҳадафҳо истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини устувории маҳаллҳои аҳолинишин, андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, муҳофизати экосистемаҳои хушкӣ, таназзулёбии замин, пешгирӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин, беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт дохил мешаванд. Аҳолии деҳоти Тоҷикистон бештар аз таназзулёбии муҳити зист осебпазиранд».
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва бартарафсозии оқибатҳои харобиовари онро, дар муттаҳидии давлатҳои ҷаҳон, ҳамкориҳои самарабахш ва бо ташаббуси башардӯстона, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони сайёра мусоидат менамояд, алоқаманд медонад. Дар баробари тағйирёбии иқлим ва афзоиши гармии нурҳои офтоб ба сайёраи Замин, шумораи аҳолие, ки ба об ва манбаъҳои обӣ дастрасӣ надоранд, афзоиш меёбанд. Норасоии об низ масъалаи дигари муҳимми замони муосир маҳсуб ёфта, мушкилоти биёбоншавии заминро тавассути афзоиши гармии нурҳои офтоб ба сайёраи Замин дар як қисми минтақаҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.
Дар натиҷаи афзоиши гармии нурҳои офтоб, биёбоншавии замин ба камбудии маводи озуқаворӣ, камбизоатӣ ва зиёдшавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, барои кишварҳое, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД-и онҳо бештар мебошад ё ин ки ба воридоти молу маҳсулоти кишоварзӣ эҳтиёҷи бештар доранд, таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар навбати худ, чунин ҳолати ногувори тағйирёбии босуръати иқлим ба афзоиши қарзҳои молиявии як қисм давлатҳо оварда мерасонад, яъне ба афзоиши хатарҳое, ки ба нобаробарию сар задани муноқишаҳо ва ба афзоиши хатарҳои дигар, ба монанди ҷанги сард, замина мегузорад.
Бинобар ин, пуштибонии иқдомҳои Тоҷикистон доир ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути даҳ қатъномаи Маҷмаи умумии СММ таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин қатъномаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, ки аз ҷумла дар “Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор” дарҷ гардидаанд, заминаи сазовор гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, солҳои охир мавзуи захираҳои об, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои обӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини устувори онҳо яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлати мо муайян гардидааст.
Ин ҷо зарур мешуморем, ки самтҳои асосии гузариши минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба талаботҳои рушди устувор номбар намоем:
- муҳайё намудани заминаи ҳуқуқии гузариш ба рушди устувор, аз ҷумла такмили қонунгузории амалкунанда, ки механизмҳои иқтисодии танзими истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро муайян менамояд;
- таҳияи низоми ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ (одатан, мақсади асосии онҳо аз афзоиши истеҳсолот, кору хизматрасонӣ ва гирифтани фоидаи бештари иқтисодӣ иборат мебошад), ғайр аз ин муқаррар кардани маҳдудиятҳо барои натиҷаҳои самарабахши экологӣ, ки дар он биосфера натанҳо ҳамчун таъминкунандаи захираҳои эътимодбахшу давомдор, балки ҳамчун воситаи асосии ҳаётбахш барои ҳастии мавҷудоти табиат ва инсоният қабул карда мешавад.
Ин ҷо бояд ба таври махсус ёдовар шуд, ки нигоҳдории биосфера бояд шарти ҳатмӣ барои фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва унсурҳои алоҳидаи он бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханрониашон дар Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб доир ба вазъи фоҷиабори Фаластин ибрози андеша намуда, ҷонибдории худро барои оташбаси фаврӣ ва музокироти мусолиматомез иброз карданд. Мутаассифона, минтақаҳои гуногуни ҷаҳони муосирро мавҷи нооромиҳо ва низоъҳои мусаллаҳона фаро гирифта, шиддатнокии геосиёсӣ ба сатҳи бесобиқаи баланди худ расидааст. Ин ҳолат, дар баробари хатару таҳдидҳои дигари амниятӣ, суботи сиёсӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоро ҷиддан ноустувор гардонида, метавонад оқибатҳои зиёди манфии дарозмуддатро ба бор оварад. Дар робита ба ин, ҷомеаи ҷаҳониро лозим меояд, ки барои пойдор намудани сулҳи устувор дар сарзамини Фаластин иқдомоти муассир андешад.
Бояд гуфт, ки ҳарчанд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусу ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайяне ба даст омада бошад ҳам, вале дар миқёси ҷаҳон ҳануз тақрибан 1,2 млрд. нафар одамон ба об тоза дастарасӣ надоранд ва аз хушксолӣ, биёбоншавию офатҳои табиӣ азият мекашанд. Вобаста ба хатару таҳдидҳои дар боло зикргардида, нигоҳ доштани дастовардҳои дар даҳсолаи сипаригашта ба даст оварда ва ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ташаббуси чорум Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро бо ҷонибдории 190 кишвари ҷаҳон ёфт. Бинобар ин, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, обёрии бештари заминҳои кишоварзӣ, ҳифзи пиряхҳо аз нестшавӣ ва истифодаи самарабахши манбаъҳои об, аз ҳадафҳои муҳимми қатъномаи Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони “Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ба шумор мераванд.
Бобоев Ҷурахон
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон