Нимаи дуюми рӯзи 1 июни соли 2022, дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмааи “Боғи Ғалаба” ва боғи “Ӯзбекистони нав”-и шаҳри Тошканд боздид намуданд. Зимни боздид аз маҷмааи “Боғи Ғалаба” оид ба корнамоии халқи ӯзбек дар раванди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мубориза бар зидди фашизм ба меҳмонон иттилоъ дода шуд. Дар маҷмуаи истироҳатӣ-фароғатии “Ӯзбекистони нав” низ ба меҳмонон оид ба имконият ва шароити фароҳамовардашуда маълумот ироа гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед