Рӯзи 21 декабри соли 2022 ҳайати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Эрон ҷиҳати иштирок дар давраи “Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон” дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ин кишвар дидан намуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Тӯс аз маҷмаи фарҳангии Абулқосим Фирдавсӣ ва дар шаҳри Нишопур аз мақбараҳои Умари Хайём ва Фариддидуни Аттор боздид намуданд.
Бояд қайд намуд, бузургони мазкур бо осори безаволи хеш дар рушду нумӯ ва муаррифии илму фарҳанги тоҷикон ва форси забонон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон