Ҳамлаи хунине, ки аз тарафи аъзои гурӯҳи мусаллаҳи тундрав ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” рӯзи 6-уми ноябр анҷом ёфт, як амали манфур ва воқеияти талхи мавҷудияти қувваҳои ҷангҷӯ дар минтақа мебошад. Аз ин рӯ, то он вақте, ки «ядро»-и чунин қувваҳо дар Ховари миёна-«Давлати исломӣ» нобуд нагардад ва масири асосии он, Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон  аз лиҳози амниятӣ устувор нашавад, мавҷудияти чунин таҳдидҳоро сарфи назар набояд кард ва тамоми кӯшишҳоро барои ҳифзи суботу оромӣ бояд ба харҷ дод.

Ҳамлае, ки дар заминаи стратегияи зиддиинсонӣ анҷом ёфт, баёнгари чанд воқеият мебошад:

Якум, омодагии касбии кормандони мақомоти қудратии кишвар. Ҳодисаи рухдода шаҳодат аз он дод, ки пойдевори амниятии мо хеле мустаҳкам ва қавӣ аст. Бо камтарин талаф безарар кардани гурӯҳи тундрав ва машқдида, аз ҷасорат ва маҳорати касбии кормандони мақомоти қудратӣ гувоҳӣ медиҳад. Бо талафи кам нобуд кардани қувваи душман ин меъёри табиии афзалияти касбӣ, матонат ва маҳорат аст. Албатта, барои мақомоти қудратии Тоҷикистон ин таҷрибаи нав нест. Дар зарфи фақат панҷ соли охир мақомот аз чандин кӯшишҳои мусаллаҳонаи зиддимардумию зиддидавлатӣ пешгирӣ карда, аз худ иродаи қавию ватандӯстӣ нишон доданд ва дар роҳи Ватан ҷони худро нисор карданд.

Дуюм, ногузир будани хатар ба амнияти давлатӣ. Дар ҳеҷ давру замон, ҳатто нерӯмандтарин давлат аз таҳдиду хатарҳо эмин нест ва ин, ки қуввае сарҳади кишвари моро ҷосусона убур менамояд, яке аз чунин мисолҳо мебошад. Ҳодисаи мазкур боз як зангӯлаи бедорӣ ва ҳушёрист, ки дар ҳар вақту замон ва макон аз эҳтимолияти ҳузури қувваҳои ифротгаро дар ин ё он марзи кишвар ҳушдор медиҳад. Аз ин рӯ, тамоми аҳолии ҷумҳуриямон бояд ба ин воқеият омода бошанд ва дар канори мақомоти давлатӣ бо чунин зуҳурот муборизаи беамон баранд.

Сеюм, вақте аъзои гурӯҳ ё созмони ифротгаро марзи чандин кишварҳоро убур карда, ба Тоҷикистон ворид мешаванд, мураккабии масъаларо  боз ҳам зиёд мегардонад ва аз заъфи механизмҳои байналмилалии то ин дам коркардшудае дарак медиҳад, ки баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм таҳия гардидаанд. Бинобар ин, ҳамкориҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти мубориза бо падидаи мазкур бояд боз ҳам пурзӯр карда шаванд.

Мутаассифона, сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии амалҳои террористӣ, сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат аз он медиҳанд, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ дигар андешаи солиме ҷой надорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол бо механизмҳои санҷидашуда пеши роҳи таҳдидҳои эҳтимолии терроризм ва экстремизмро, ки ба барҳамзании амнияту субот ва фазои ороми мамлакат равона шудаанд, мегирад ва дар ин самт яке аз давлатҳои пешқадами сайёра мебошад. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳамоишҳои сатҳи баланд иброз медоранд, ки Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо тамоми мамолики дунё мебошад ва дар ин самт кӯмаку дастгирии худро дареѓ нахоҳад дошт.

Бояд зикр намуд, ки танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки минбаъд низ пеши роҳи чунин даҳшату бераҳмиҳо гирифта шавад. 

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ

Чоп кунед