Тавре дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, имрӯзҳо дар соҳаҳои маориф 73, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 ва фарҳанг 51 дарсад занону бонувон фаъолият мебаранд. Танҳо дар 15 соли охир бо се Фармони Президенти кишвар шумораи кормандони мақомоти судӣ аз ҳисоби бонувон ба 252 воҳидикорӣ (116 судя ва 136 корманди дастгоҳи судҳо) зиёд гардид.
Баҳри таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идора намудани давлат бо ташаббуси Пешвои миллат то имрӯз санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Аз ҷумла, соли 1998 бо қарори Ҳукумати кишвар «Нақшаи миллии тадбирҳои ҶумҳурииТоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардид. Санади муҳимми дигар дар ин самт ин Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он бори дигар дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро таъкид месозад. Баъдтар бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» тасдиқ гардид.
Армуғони дигар таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои донишҷӯдухтарони ятиму бепарастор буд, ки дар он ҳамасола духтарони зиёд таълим мегиранду касб меомӯзанд. Барои иқомати зиндагии ин духтарони ятим шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ба хотири рушди соҳибкории хурд ва миёна ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави кор соли 2006 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз соли 2006 то 2017 аз ин ҳисоб 14 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ин ҳисоб ҳамасола зиёдааз 400 нафар занони кишвар бо кор таъмин мешаванд. Ин ва даҳҳо санадҳои дигари қабулгардида, тадбирҳои амалишуда ба беҳтаргардии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои бо истеъдод аз ҳисоби духтарон, беҳтар шудани вазъи сиҳатии модару кӯдак заминагузоштанд.
Умуман, сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии занон созанда аст ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки оянда онҳо дар рушди кишвар саҳми аз ин ҳам бештар мегузоранд.
Пешвои миллат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи Модар доир ба саҳми арзандаи занон дар рушди маориф ёдовар шуда, аз ҷумла, таъкид карданд, ки имрӯз беш аз 82000 бонуи тоҷик касби бошарафи омӯзгориро бар уҳдадошта, дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар саҳми арзанда мегиранд. Занони боиродаи тоҷик ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар ба сифати таҳсилот диққати ҷиддӣ дода, баробари волидон дар тарбияи хонандагон ҳиссагузоранд.
Солҳои охир майли духтарон ба таҳсил ва гирифтани маълумоти олии касбӣ то рафт меафзояд. Ҳоло қариб 150 ҳазор ҷавондухтар машғули омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ мебошанд. Аз оғози таъсиси Квотаи президентӣ то соли хониши 2019 -2020 беш аз 11 000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар бо истифода аз инимтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, бешаз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардиданд, ки ҳоло дар соҳаҳои гуногун фаъолияти бо самар доранд. Илова бар ин, сафи духтарони тоҷик, ки дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба 12300 расидааст. Воқеан ҳам, иқдом дар самти таъсиси Квотаи президентӣ арзандаи ситоиш ва қадрдонии зиёдаст, зеро духтарони деҳоти дурдаст имкон пайдо карданд, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуда, дар беҳтарин шароит касб омӯзанд ва ба деҳоти худ баргашта, ба халқу Ватан хизмат намоянд.
Ғамхорӣ ва таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон водор мекунад, ки ба қадри ин дастгириҳо расида, минбаъд барои дониш андӯзии духтарон, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву давлатӣ бештар ҳисса гузор бошанд. Зеро танҳо зани соҳибмаърифату тарбият дида метавонад фарзанди неку арзандаи ҷомеаро ба камол расонад. Шоир ҳам дуруст фармуда:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Нақши занону духтарон дар татбиқи сиёсати давлатиро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ намуда, дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ вобаста ба масъалаи ҷалби занон ва духтарони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд, ҷиҳати афзоиш додани саҳми занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Аз ҷумла, масъалаи мазкур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019, Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2020 ва дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар аз 10 майи соли 2019 таъкид гардида, таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатӣ ба зиёд намудан итеъдоди занон дар мақомоти давлатӣ ҷалб карда шуд.
Рӯз то рӯз зиёд гаштани сафи занҳо дар парлумони кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, молияю бонкдорӣ шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон эътимоду бовар дорад ва нақши онҳодар ҷомеа баландаст.
Занон – Модарони тоҷик ҳам донишманд, ҳам ҳунарманд ва ҳам поксиришту бо иффат мебошанд ва барои ободии Ватани азиз, амнияти давлат, пойдории сохти конститутсионӣ ва сулҳу ваҳдат талош мекунанд.
Бонувон дар сиёсати хориҷии кишвар низ мақоми худро ёфтанд. Агар дар соли 1993 дар Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамагӣ 8 зан фаъолият дошта бошад, ҳоло анқариб 40 дарсади кормандони вазоратро бонувон ташкил медиҳанд. Бархе аз онҳо дар сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва қисмати дигаре дар дастгоҳи марказӣ ҳама рӯза фаъолият доранд. Боиси тазаккураст, ки қисмати зиёди бонувонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Имрӯз дипломатҳо имкони таҳсил дар Академияи дипломатии Россия ва давлатҳои Аврупову Амрикоро доранд. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки бонувони мо дар ташаккулу такомули мактаби дипломатияи тоҷик саҳмгузоранд. Китоби “Асосҳои хизмати дипломатӣ”, ки аз ҷониби Р. Раҳмонова таълиф шуд ва ҳамчун дастури рӯйи мизии дипломатҳои ҷавон барои корбарӣ истифода мешавад, аз мисоли равшани ин гуфтаҳост. Зан–дипломатӣ тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлат аст. Ӯ муаррифгар ва тарғибгари сиёсати обии кишвар, сиёсати иқтисодӣ ва ҳамзамон пешбарандаи рисолати азалии худ – модари тоҷик аст, ки дар баробари сиёсатмадор буданаш, тарбиятгари фарзанд, модари мушфиқ ва ҳамсари меҳрубон буданро низ ба дӯш дорад.
ГУЛАФЗО САЛИМОВА,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон