Фоҷиаи бузургтарин – на бераҳмии ҷоҳилон, балки хомӯшии оқилон аст. Мартин Лютер Кинг
Дар асоси таҳлилҳои чандинсола ба хулосае омадан мумкин аст, ки амалҳои террористию экстримистӣ ҳатман дар як давраи муайян пешакӣ таҳрезӣ шуда, аз тарафи доираи муайяни давлатҳои абарқудрати манфиатҷӯ ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирии ғоявӣ, молиявӣ ва ҳарбӣ ёфта, дар амал тадбиқ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки ба сафи он “ТЭТ ҲНИ”, “Гурӯҳи 24”, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо”, “Ҳаракати ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, “Анҷумани озодандешони Тоҷикистон” шомил гардидаанд, ҳамчунин, фаъолияти 39 сомонаи интернетие, ки ба онҳо хизмат мерасонанд, иттиҳоди террористӣ-экстримистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Барои тасдиқи он дар бойгонии Суди Олӣ ва Прократураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо баста парвандаҳои ҷиноятии амалишуда нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи роҳбарони “ТТЭ ҲНИ”-ро ки аъзоёну пайравони он бо супориши хоҷагони хориҷиашон, ва дигар маблағгузоронашон дастгирӣ намудаанд, исбот мекунанд.
Ҳамлаи хунине, ки аз тарафи аъзоёни мусаллаҳи гурӯҳҳои тундрави ифротгаро дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар дидбонгоҳи марзии «Султонобод» шаби 6-уми ноябри соли 2019 рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон, расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ як амали хиёнаткоронаи даҳшатовар ва нопок аз тарафи дастаҳои ифротии шомилшуда ба сафи “ДОИШ” баҳогузорӣ намудаанд.
Фоҷиаи руйдода то ба эълон гардиданаш, ки бо дастури роҳбарияти созмони ҷангҷӯйи ДОИШ аз ҷумлаи узви ячейкаҳои хуфтаи “ТТЭ ҲНИ” дар дохили Тоҷикистон таҳрезӣ гардида, аз хориҷ бо дастури пайравони ин гурӯҳ мавриди амал қарор дода шудааст, ки ҷомеаи ҷаҳониро хеле нигарон кард.
Тибқи иттилои расмӣ дастаи ҳамлагарон ба дидбонгоҳ аз 20 нафар иборат буд, 15 нафар дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд, аз ҷумлаи онҳо ду нафар зан, 5 нафари дигар зинда дастгир карда шудаанд, ки се нафарашон зан будааст. Дар ин ҳамлаи ногаҳонии шабона марзбонон ва кормандони корҳои дохилӣ низ ба ҳалокат расиданд.
Бояд ёдовар шавем, ки роҳбарияти созмони ҷангҷӯйи “ДОИШ”, ки узви ячейкаҳои хуфтаи “ТЭТ ҲНИ” дар ҳайати онҳо шомил мебошанд, дар дохили Тоҷикистон масъулияти чанд ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла қатли чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар таърихи 29 июли соли 2018, ташкили ошуби зиндониёни ифротгаро дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдат, ки сабабгори куштори хунин гардида буд, ба уҳда гирифтанд, ки бори дигар исботи ҳаққиқати амали нопоки онҳо мебошанд.
Таҳлили раванди ҳамлаҳо нишон медиҳад, ки новобаста аз корҳои анҷомдода, дар ҳама самтҳо, яке аз мушкилоти асосӣ дар он аст, ки сокинони кишвар, бахусус ҷавонон, аз хавфу хатарҳои барнома ва амалҳои содиркардаи ташкилотҳои экстримистию террористӣ, ташвиқу таблиғи созмонҳои ифротӣ ва аз фатвоҳои гумроҳкунандаашон маълумоти кофӣ надоранд.
Бинобар ин, зарурате ба миён омадааст, ки мақсаду маром ва талошҳои хусуматомези ин гурӯҳҳои мухолиф, ташкилоту ҳаракатҳои ҷангҷӯ ва ҷонибдорони онҳо кушоду равшан таҳлилу баррасӣ гардида, ба мардуми кишвар шарҳ дода шаванд.
Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза пайваста дар ҳолати тағирёбӣ қарор дошта, ба амал омадани таркишу террорҳои пайдарҳам на танҳо дар Афғонистон, балки дар дигар кишварҳои осоиштаи ҷаҳон низ ба вуқӯъ омаданашон аз эҳтимол дур нест, ва инро касе кафолат дода наметавонад.
Роҳбарияти мақомоти дифои Афғонистон тағирёбии вазъияти сиёсӣ ва ба амал омадани куштору таркишҳоро аз ҷониби дастаҳои ҷангҷӯйи «Толибон» ва паноҳбарандагони дастаҳои “ДОИШ” дар кишварашон рад намекунанд, ва бо онҳо мубориза бурда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки таҳдиди воридшавии дастаҳои размҷӯ аз сарҳади Афғонистон эҳтимол дорад. Илова бар ин, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои интернетӣ паҳн гардидани маълумоти бардурӯғу беасос нисбати роҳбарияти давлат ва дигар сохторҳои он аз ҷониби чанд нафар шахсони мухолифи гурӯҳҳои ҳаракати “Паймони миллии Тоҷикистон”, “ТЭТ ҲНИ”, “Гурӯҳи 24” хеле нигаронкунанда ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як сокини кишварро бетараф нагузорад. Албатта, чунин амалҳои ноҷавонмардона ба вазъи сиёсӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар бетаъсир намемонанд.
Мисол: Ҳаракати ҷангҷӯйи “Толибон” аз рӯйи гузориши “Global Terrorism Index” дар соли 2019, ки онро пажӯҳишгоҳи “Institute for Economics and Peace” нашр кард, давоми соли 2018 дар ҷаҳон қаттолтарин гурӯҳи даҳшатнок эътироф гардидааст. Дар ин гузориш дарҷ гардидааст, ки танҳо дар соли 2018 аз дасти ҳаракати толибон зиёда аз 6 ҳазору 100 нафар одамони гуногун, занону кӯдакон аз мардуми осоишта ба қатл расонида шудаанд.
Аз ҷониби созмони ҷангҷӯйи ба ном “Давлати Исломӣ” (ДОИШ), ки маркази таъсису роҳбариаш аз Ироқу Сурия маншаъ мегирад, соли 2018 як ҳазору 300 нафар одамон ба қатл расонида шуда, ба иқтисодиёти кишварҳо миллиардҳо доллар зарари моддию иқтисодӣ расонида шудааст.
Аз рӯйи маълумоти тахминии расонавӣ дар кишварҳои дунё танҳо дар соли 2018 шумораи 15 ҳазору 900 нафар одамон қурбони амали гурӯҳҳои террористӣ гардидаанд.
Дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон шумори ҳалокшудагон аз амалҳои террористӣ дар соли 2018 ба 7 ҳазору 300 нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пешин тақрибан 60 дар сад зиёдтар мебошад.
Ҷой доштани Ҳаракати ҷангҷӯйи “Толибон”, паноҳ бурдани боқимондаи дастаҳои ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ҷонибдорони “ТЭТ ҲНИ”, ҳамарӯза рух додани амалҳои террористӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиро нигарон менамояд ва истифода аз ин вазъияти номуайян таъмини амниятии кишварҳои Осиёи Марказиро кафолат дода наметавонад. Чунин раванд хушдор медиҳад ва эҳтимолияти зиёди ба амал омадани ҳамлаҳои террористиро дар сарҳад ва дохили ин кишварҳо ба вуҷуд меоранд.
Тибқи маълумот Ҷумҳурии Исломии Афғонистон яке аз кишварҳои сохтори давлатиаш фалаҷгардида буда ба табақаҳои гуногуни қавмию мазҳабии бо ҳам зид ҷудо гардидааст. Беш аз чиҳил сол аст, ки дар ин кишвар қувваҳои гуногуни сиёсӣ бо ҳам рақобат доранд. Аз ҳамин сабаб ҷангиёни фирорӣ аз Сурияву Ироқ ва Покистон барои давом додани мақсади нопокашон Афғонистонро минтақаи мувофиқ интихоб карда паноҳ мебаранд.
Ҷомеаи ҷаҳониро ояндаи таъмини амнияту суботи Афғонистони ҷангзада нигарон кардааст, ки дохили он пур аз ихтилофи гурӯҳҳу қавмҳои гуногун буда, яроқу аслиҳаи мусодира нашудаи зиёде боқӣ мондааст ва аз уҳдаи идоракунии он кадом шакли ҳокимияти нав интихобшуда баромада метавонад?
Маълумоти расонаҳо ва пешгӯйиҳои коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки аз фирориёни ҷангии паноҳбурда дар назди марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон шумораи зиёди шаҳрвандони ин ду кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, ин як таҳдиди навест ва рух додани ҳар нооромӣ аз ҷониби дастаҳои паноҳбарандаи боқимондаи “ДОИШ”, ки шаҳрвандони кишварҳои гуногунанд, ба вазъи сиёсӣ ва амниятии кишварҳои ҳамсарҳад хатар эҷод менамоянд. Агар қувваҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳҳои боқимондаи “ДОИШ”, “ТЭТ ҲНИ” муборизаи беамон набаранд, дар назди марзи Тоҷикистон онҳо пурқувват гардида, афзоиш ёфтани чунин амалҳои террористӣ имкон дорад.
Муносибати кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҳамсоя нисбат ба эътидол омадани вазъи дохилӣ, таъмини амнияту суботи Афғонистон хеле некбинона мебошад. Аммо аз таҳдидҳое, ки таъсирашон ба онҳо низ мерасанд, ин кишварҳо изҳори нигаронӣ менамоянд.
Албатта, пайдо гардидани ин гурӯҳҳо ва ба амал омадани кушторҳо барои мардуми кишвар як огаҳии амалиест, ки хатари ҳамлаи гурӯҳҳои манфиатҷӯйи ифротгаро ҷой дорад. Чӣ бояд кард, чиро интизор шаванд ва кадом шаклу усули пешгирӣ бо ҷалби шаҳрвандон бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ амалӣ карда шаванд?
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар раванди мубориза бо ифротгароӣ ва ба муқобили дастаҳои хиёнаткоре, ки дар боло ишора гардиданд, муборизаи дастаҷамъонаи аҳли зиё ва аҳли ҷомеа, вазорату кумита, ҳамаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин, дигар ҳамватанони бурунмарзиро пурзӯр намудан зарур аст.
Саидхоҷа Акбаров, коршиноси сиёсии
Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсатӣ
дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон