Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои сарнавиштсозе рӯй медиҳанд, ки  тақдири баъдии онро барои давраҳои оянда муайян мекунанд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ва муҳимтарин воқеаҳои таърихи пурталотуми ин миллати куҳанбунёд мебошад, ки дар натиҷаи садсолаҳои мубориза дар роҳи озодӣ ва бақои миллӣ ба даст омадааст. Аз ин ҷост, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо ба ҳисоб меравад.

Интихоби дурусти роҳи оянда, пеш гирифтани бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ имкон фароҳам сохт, ки давлати ҷавон бо вуҷуди мероси вазнини замонаҳо ва манфиатхоҳиҳои якҷониба, ки дар ниҳоят ба ҷанги таҳмилии дохилӣ боис шуданд, дар кӯтоҳтарин замони таърихӣ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовори худро пайдо кунад. Неруи фарҳангӣ ва хиради азалии ин миллат имкон дод, ки миллат сари вақт ба ҳам ояд ва кишвари дар вартаи нестӣ қарордошта дар кӯтоҳтарин фурсати таърих ба шоҳроҳи рушд ворид шавад, ки ин худ як дастоварди беназири таърихист.

Даврони Истиқлоли давлатӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро мустақилона интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба худкифоии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт, ҳаёти озодонаи ҳар фардро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои ҳастии миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32-сол  қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Яке аз мақсадҳои асосии ҳар давлати миллӣ таъмини шароити зиндагии сазовор барои шаҳрвандони худ мебошад. Мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоиста дорад ва давлат бояд барои таъмини он тамоми кӯшишу талошҳои худро анҷом диҳад. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар маҳз масъалаи баланд намудани сатҳи зиндагонии мардумро дар авлавият қарор дода, дар ин самт нақшаҳои ҷиддиро амалӣ менамояд.

Истиқлол дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд маҳсуб мешавад. Ворид гардидан ба ин марҳалаи нави таърихӣ дар назди миллати тоҷик ва тамоми сокинони Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Ҷиҳати бунёди ҷомеаи навин ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зарур аст, ки барои тарбия ва ба камол расонидани насли созандаву бофарҳанг ва ватандӯсту ободгар, яъне соҳибони ояндаи марзу буми аҷдодӣ, инчунин, тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос ҳамеша кӯшиш намояд. Имрӯз ба таърихи 32-солаи  давлати навини хеш назар андохта, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин муддат бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи бунёди Тоҷикистони навин – давлати орзу ва ормонҳои миллӣ ва ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кори бисёр душвор, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлол кори аз он ҳам душвортар аст. Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад, зеро ҷавонони бетаҷрибаро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохушаш собит сохтанд.

Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳаммияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус, аз аҳли зиё, тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқу тарғиб намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш заволи миллат аст. Яке аз корҳои муҳимтарин дар ин самт боз ҳам тараққӣ додани варзиш, оммавигардонии он ва таблиғи ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим мебошад.

Пас аз Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози таҳаввулоти бузург буд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар танзиму барқарор гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар шароити ҷаҳони муосир, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи начандон тулонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он, инчунин, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Бояд гуфт, ки Ваҳдати миллии тоҷикон яке аз дастовардҳои бузург дар даврони Истиқлол ба ҳисоб меравад ва он дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу арзёбӣ қарор гирифтааст. Ҳамин иттиҳоду сарҷамъӣ дар атрофи арзишҳои давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат моро ҳамчун халқи бостонӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Маҳз иттиҳоди миллӣ шарти муҳими зиндагии озоду ором дар ин ҷаҳони пурмоҷаро ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд, ки ахиран вазъи геополитикии  ҷаҳон  ва  минтақаи Осиёи Марказӣ  хеле  тезутунд  гардидааст. Омилҳои  асосии   чунин  ҳолат  шиддат  гирифтани муборизаи абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ баҳри татбиқи манфиатҳои геоиқтисодӣ ва геополитикӣ, инчунин, ҷонноктар гардидани фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистии  байналмилалӣ, қочоқи маводи  мухаддир ва  ҷиноятҳои  дигари фаромиллӣ  ба ҳисоб  мераванд. Ин  омилҳо ба Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва амнияти  минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонанд. Набояд  интизори  онро  дошт,  ки чунин вазъият дар ояндаи наздик   рӯ ба эътидол  мениҳад  ва  ин таҳдиду хатарҳо аз байн мераванд.

Муҳимтарин талабе, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари мусбат ба Ватани худ, миллати худ ва ҳатто камукости он бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва созандагӣ нигаристан аст, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтарро сохтан мумкин аст. Саҳмгузории ҳар фарди кишвар барои таҳкими бештари истиқлолу озодии миллат, камтар кардани вобастагиҳои он аз омилҳои беруна, саҳмгирӣ дар фаъолиятҳои созандагӣ дар сатҳи Ватани худ, ба хотири зиндагии беҳтари насли худ, бо ақли солим ба воқеиятҳо баҳо додан, гарави ягонаи пешрафти баъдии мамлакат ва беҳбудии некуаҳволии сокинони он буда метавонад.

Барои таҳким бахшидан ба Истиқлоли давлатии кишвар бояд, пеш аз ҳама, ба тарбия ва таълими насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули тафаккури истиқлолталабона таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Бисёр муҳим аст, ки ҳар як сокини кишвар қимату арзиши озодиву соҳибистиқлолӣ ва доштани давлати миллиро амиқан дарк намояд ва аз имконияте, ки таърих баъди чандин ҳазорҳо сол барои мо фароҳам овардааст, пурсамар истифода барад.

Кишвари мо на танҳо мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намуд, балки дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷахонӣ фаъолона иштирок кард ва саҳм гузошт. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2021) барҳак фармуданд, ки мо чун давлати пешбарандаи сиёсати “дарҳои боз” бо тамоми кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва хамкорихои мутақобилан судмандро роҳандозӣ мекунем ва густариш медиҳем. Имрӯз Тоҷикистон бо 183 давлати  дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои пайвастаи худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст. Тоҷикистон муаллифи чаҳор ташаббуси бузург, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, Соли байналмилалии хамкорӣ дар соҳаи об 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои  2018-2028 мебошем, ки аҳаммияти глобалӣ доранд.

Бояд тазаккур дод, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон “дипломатияи об” самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, пешбурд ва тақвияти он на танҳо ба манфиати давлати мо, балки ба манфиати тамоми башарият аст, чунки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим  рӯз то рӯз дар ҷаҳон афзоиш ёфта, давлатҳоро нигарон намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз охири солҳои 90-ум дар минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз афзоиши мушкилоти марбут ба об, муҳити зист ва иқлим ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд. Воқеияти ҷаҳони имрӯзи аз он шаҳодат медиҳад, андешарониҳои мутавозин ва санҷидашудаи Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мантиқ ва ҳақиқати худро дорад ва имрӯз маҳз ҳамон ҳушдорҳои Сарвари давлати мо буд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли  мушкилиҳои обу экология кӯшиш доранд. Айни ҳол мо дар раванди татбиқи ташаббуси чоруми байналмилалии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қарор дорем. Дар доираи ин ташаббус кишвари мо дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд иқдомҳои муҳимми илмӣ-амалӣ ва оммавиро татбиқ намуда истодааст. Аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” идомаи татбиқи чорабиниҳои муҳимми байналмилалии Тоҷикистон аст.

Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили обу иқлим ба имиҷи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ бевосита таъсири мусбат расонид. Дипломатияи об шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз диди фарҳангу сиёсат беҳтар муаррифӣ намояд. Вобаста ба масъалаи мазкур ҳар сол номи Тоҷикистон дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ қарор мегирад ва кишвари мо ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона бар нафъи башар муаррифӣ мегардад. Маҳз чунин ибтикорот кишварро дар меҳвари ҷаҳон қарор дода, таваҷҷуҳ ба онро дучанд мекунад.

Имрӯз метавон бо сарбаландӣ ва дилпурона изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Яъне кишвар ҷойгоҳи шоистаи сиёсии худро дар сатҳи байналмилалӣ пайдо намуд, ки “Раванди оби Душанбе” дар ин масъала далели бидуни баҳс аст.

Инак, чанд рӯз қабл СММ  ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  масъалаи об ва иқлим дастгирӣ ва қабул намуд. Маҷмаи Умумии СММ доир ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул намуд, ки ташаббусгузори ин пешниҳодҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид–2023” ба ҷаҳониён паёми худро расонид, ки “биёед дар атрофи об муттаҳид бошем”. Об имконест барои ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ҳамоҳангии фикрӣ. Ташаббусу ибтикороти созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми оламро, ки пур аз ихтилоф, моҷаро ва низоъҳост, даври ҳам ҷамъ овард ва нишон дод, ки ҳанӯз ҳам фурсат ва имконияти гуфтугӯ ва муттаҳидӣ дар сатҳи ҷаҳон ҷой дорад.

Кишвари мо дар даҳҳо созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молияви узвият дошта, хамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра саҳми босазо мегузорад. Точикистон бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии худ аз роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъхои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад. Дар ин росто Тоҷикистон ба густариши робитаҳои ҳамаҷониба бо ҳамсояҳои наздик, яъне кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии худ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.  Мо дар сафи пеши муборизаи ҷомеаи байналмилалӣ бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғаӣриконунии маводи нашъаовар қарор дошта, ҷиҳати тамини сулҳу суботи сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайваста иқдомоти зарурии муштаракро роҳандозӣ менамоем. Аз лаҳзаҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кишвари мо ба манзури пешбурди робитаҳои созанда бо кишварҳои олам ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи минтақави фаъолона ширкат дорад ва аз ҳамкориҳои бисёрҷониба пуштибонӣ мекунад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст. Истиқлол ва сохибихтиёрӣ дар назди мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯй ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт. Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва   ватандории миллати сарбаланду сохибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста аст ва ҳамеша мекушад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд. Тавре ки пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Ватандӯстӣ бахти бузург аст. вале ба қадри истиқлоли миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан, бахти аз он болотар аст”.

Мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо ба дастовардҳои аз имрӯза бузургу таърихӣ қодиранд, зеро мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи сохибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯйи Тоҷикистони маҳбубамон оқилонаву софдилона заҳмат мекашем. Содиқона дӯст доштани Ватан, азиз шуморидани муқаддасоти миллӣ, ҳамеша омода будан ба хизмати халқ ва ҳифзи ин сарзамини аҷдодӣ аз қабили вазифаҳое мебошанд, ки насли калонсолу собиқадор бояд ба насли наврас талқин намоянд ва ба мерос гузоранд.

Қарзи инсонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Мирзо Ашӯров,
корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед