Самтҳои афзалиятноки амнияти тандурустии ҳар як кишварро аз рӯи нишондиҳандаҳои демографӣ, сатҳи беморӣ, маъюбӣ, таъминоти заминаи моддӣ–техникӣ ва ғайраҳо муайян кардан мумкин аст, ки ин бевосита ба ҳаёти иҷтимоӣ–иқтисодии аҳолии кишвар таъсир мерасонад. Дар шароити муосири Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ афзалиятҳои назаррас мушоҳида мегардад. Ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ва расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, пеш аз ҳама ба модару кӯдак, ворид намудани раванди тибби оилавӣ, фаъолияти фарматсевтӣ, густариш намудани соҳаи ҷарроҳӣ, таъмини аҳолӣ бо муассисаҳои тиббӣ, рушди тибби хусусӣ ва ғайраҳо самтҳои афзалиятноки амнияти тандурустӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити муосир яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, ки аз “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” бармеояд рушди сифатноки кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, ки бо тибби оилавӣ асос ёфтааст. Фаъолияти тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ аз солҳои 1998 ба роҳ монда шуда, нисбати фаъолияти дигар соҳаҳои тандурустӣ бартарӣ дорад. Зеро, пеш аз ҳама ин бо он вобаста мебошад, ки як табиб метавонад дар самтҳои гуногуни соҳаи тиб кӯмаки тиббӣ расонад, алалхусус дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, ки дар онҷо мутахассиси ин ё он соҳаи тиб намерасад. Дар ин самт вазифаи асосии тибби оилавӣ, ин огоҳ намудани аҳолӣ аз паҳн гардидани бемориҳои гуногун ва роҳҳои пешгирии он, ҳифзи аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.
Рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон бо фармони Вазорати тандурустӣ аз 23 июни соли 1998, №236 «Оиди зина ба зина гузаштани ташкили хизматрасонии тиббӣ бо принсипҳои табиби амалияи умумитиббӣ (табиби оилавӣ) барои солҳои 1998-2000» ва баъдан бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ бо фармони Вазорати тандурустӣ аз 12 январи соли 2006, №13 «Оиди рушди тибби оилавӣ» оғоз гардид.
Дар ин самт «Барномаи рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» амал мекард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011, № 330 тасдиқ гардида буд (Сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ http://moh.tj/(06.04.2019)). Асоси тибби оилавиро табиб ва ҳамшираи тибби оилавӣ ташкил медиҳад. Раванди тибби оилавиро дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 “Дар бораи тибби оилавӣ” ба танзим медаровард. Соли 2017 бо қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Қонуни ҶТ “Дар бораи тибби оилавӣ” аз амал боз дошта шуд. Зеро ҳамаи он талаботҳое, ки оиди раванди тибби оилавӣ дар қонуни мазкур дарҷ гардида буд, дар боби 11–уми Кодекси тандурустии ҶТ оварда шудааст.
Имрӯз, дар қаламрави ҷумҳурӣ раванди тибби оилавӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст, аммо дар ин самт норасоии духтурон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб вуҷуд дорад. Баъди ворид намудани раванди тибби оилавӣ дар кишвар сатҳи расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ рушд намуда истодааст. Ҳамзамон як қатор нишондиҳандаҳои демографӣ, аз ҷумла сатҳи фавти модару кӯдак, гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ паст гардида истодааст.
Тибқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020 азнавсозии объектҳои тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ давра ба давра азнавсозӣ ва бо технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд.
Дар стратегияи мазкур омадааст, ки дар марҳилаи якум бояд заминаҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустии пойтахт, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, дар марҳилаи дуюм муассисаҳои тандурустии сатҳи вилоятӣ дар самти дастрасии аҳолӣ ба ташхиси томографияи компютерӣ, офталмодиагностикаи компютерӣ, маҷмӯи дастгоҳҳои реаниматсионӣ барои тифлони навзод ва ғайраҳо, дар марҳилаи сеюм беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ беҳтар гардонида шуда, бо таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
Вобаста ба ин, имрӯз ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар ва худи аҳолӣ шабакаҳои моддию техникии соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида истодааст.
Дар баробари маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз тарафи буҷети давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа созмонҳои байналмилалиро барои кумак даъват менамояд, ки он метавонад рушди устувори иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо ҳамаи сохторҳои байналмилалӣ ҳамко-рии судмандро ба роҳ монад. Яке аз чунин сохторҳои байналмилалии намоён Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки бо дастгирии он дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар ҳар гӯшаи мамлакат корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Айни замон бо дастгирии ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида истодаанд.
Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» мисоли хубест оид ба ин ҳамкорӣ, ки дар беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти кумаки аввалияи тиббӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот кӯмак мерасонад. Он аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ва Фонди мақсадноки натиҷаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 33 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад ва аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Бо омӯзонидани кормандони тиб, сохтмон ва ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ ва аз ҳама муҳим, бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ва ҳавасмандгардонии пулии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои беҳтар тавассути равиши «маблағгузории натиҷаи фаъолият», лоиҳа ба боло бурдани сатҳи фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ нигаронида шудааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур 37 маркази нави саломатии деҳот дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Фархор, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Данғара, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Файзобод ва Ишкошим бунёд шуда истодаанд. Зиёда аз 10 ҳазор корманди тиб омӯзонида шуданд, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои нигоҳубини самарабахши модарон, кӯдакон ва калонсолоне, ки фишори баланд доранд. Ҳиссаи занҳои ҳомиладоре, ки духтури табобатӣ мунтазам ба онҳо ҳангоми ҳомиладорӣ кӯмаки тиббӣ мерасонид ва он раванди ҳомиладорӣ ва таваллудро нисбатан бехатар мекунад, дар ноҳияҳои лоиҳавӣ тақрибан 100 фоизро ташкил медиҳад. Сифати кӯмаки тиббии дар муассисаҳои лоиҳа расонида ба ҳисоби миёна ба зиёда аз 20 фоиз дар марказҳои саломатии деҳот ва ба зиёда аз 30 фоиз дар бунгоҳҳои саломатӣ беҳтар гардид. Дар маҷмуъ, зиёда аз як миллион нафар ё 14 фоизи аҳолии Тоҷикистон, бахусус занҳо ва кӯдакон аз фаъолияти лоиҳа манфиат бардоштанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, ки аз рӯи он сатҳу сифати хизматрасонии тиббии ватанӣ муайян мегардад, ин густариши соҳаи ҷарроҳӣ мебошад. Соҳаи ҷарроҳӣ яке аз нишондодҳои асосии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар маҳсуб меёбад. Зеро агар баҳодиҳӣ барои табобати дигар гуруҳи бемориҳо нисбӣ бошад, мардум ба хизматрасонии тиббие, ки тавассути ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад, бевосита баҳо медиҳад. Барои он, ки табобати ҷарроҳӣ дар лаҳзаҳои аввал ҳам натиҷа медиҳад ва ҳам сатҳи хизматрасониро муайян мекунад.
Мутаасифона, бештари шаҳрвандони кишвар барои ҷарроҳӣ ба мамлакатҳои хориҷа сафар менамоянд, зеро имрӯз соҳаи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон ба он сатҳе нарасидааст, ки ҳама намуд амалиётҳои ҷарроҳиро дар дохили кишвар анҷом бидиҳад. Ин он маъноеро надорад, ки иқтидори тавоноии табибони ҷарроҳи ватанӣ бесифат аст, сабаби ин омил дар он аст, ки барои анҷом додани як чанд амалиётҳои ҷарроҳӣ ба монанди – ҷарроҳии бемориҳои вазнини дарғоти дил, иваз намудани клапанҳои дил, роҳҳои маҷроҳои хунгарди дил, ҷарроҳиҳои дил барои кӯдакони навзод, бемориҳои ҳароммағз, сутунмуҳра ва баъзе амалиётҳои ҷарроҳии дигар аз нигоҳи технологӣ дар кишвар як андоза мушкилотҳо доранд, бо ин сабаб шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани онҳо ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Барои бартараф намудани ин камбудӣ, Тоҷикистонро зарур меояд, ки бо дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ аз он технологияи муосири тиббие, ки дар ҷаҳон арзиши гаронро дорад харидорӣ намояд, ё ин ки якҷоя бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ мувофиқи шартнома дастгоҳҳои замонавии ҷарроҳиро истеҳсол намояд.
Ба ҳар ҳол, тибби муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан, соҳаи ҷарроҳӣ дар тӯли даврони Истиқлолият ба таври бесобиқа рушд намудаистодааст. Солҳои охир, ҳатто чунин ҳолатҳоро низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои аз амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ гузаштан ба Тоҷикистон ташриф намудаистодаанд. Эътимод дар дараҷаи баланди хизматрасонӣ, касбияти мутахассис ва дастрас будани нархи ҷарроҳӣ мебошад. Бояд гуфт, ки шаҳрвандони хориҷӣ бештар бо мақсади пайвандсозии узвҳо ба табибони тоҷик муроҷиат менамоянд. Чунончи, табибони тоҷик тавонистанд дар кӯтоҳтарин марҳила гузаронидани ҷарроҳии пайвандсозии узвҳоро аз худ кунанд ва арзандаи касби хеш гарданд.
Бо мақсади дастрас гардонидани хизматрасониҳои ҷарроҳӣ ба шаҳрвандони мамлакат ҳанӯз соли 2010 маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» таъсис дода шуд. Ба фаъолият шурӯъ намудани чунин як маркази ҷавобгӯ ба талаботи замонавӣ имкон ба вуҷуд овард, ки шаҳрвандони мамлакат бо харҷи камтари маблағ дар ватани худ амалиётҳои пайвандсозии узвҳоро гузаранд (Сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ http://moh.tj/(22.07.2019)).
Ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 12 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Тибқи маълумоти ҳисоботии Вазорати тандурустӣ, то охири соли 2019 дар ҷумҳурӣ ба 126 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст.
Солҳои охир мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар масъалаҳои татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, омӯзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои низоми тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютерикунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.
Масъалаҳои ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолӣ дар баробари 4 афзалиятҳои стратегии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари амалҳои давлат дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон дар мадди аввал қарор доранд. Солҳои охир мавриди муҳокимаи пайваста ва тафсири дақиқ қарор додани ҷанбаҳои гуногуни хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба ҳар як қишри ҷомеа дар маҷлисҳои ҳукуматӣ, ҷаласаю машваратҳои шӯроҳои амният, ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бо бемориҳои сил, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа, мубориза бо нашъамандӣ ва ғайра дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ба масъалаҳои иҷтимоӣ шаҳодат медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мунтазам роҳбарияти давлат ба рушди маблағгузории соҳаи тандурустӣ диққати хоса дода, давра ба давра онро зиёд менамояд. Дар ин муддат буҷети соҳаи тандурустӣ 25 маротиба афзоиш ёфта, музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ низ зиёда аз 19 маротиба баланд карда шудааст. Ҳамзамон пардохти саривақтии музди маош, кумакҳои иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо таҳти назорати қатъии Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қарздории пардохти ин маблағҳо, ҳамзамон беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ чораҳои бетаъхир андешида шуда истодаанд.
Тибқи ҳисоботи Вазорати тандурустӣ, дар соли 2019 чорабиниҳои зиёде вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конфронси байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо ВНМО, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ, 20 – солагии вориднамоии тибби оилавӣ, Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон, Шӯро оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ ва Шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” (Саммит – 9)” гузаронида шуданд.
Хулоса, марҳилаи солҳои 2010–2019 –ро ҳамчун солҳои бобарору пурмаҳсули соҳаи тандурустӣ ҳисобидан мумкин аст, чунки дар давоми ин солҳо як қатор рӯйдодҳои муҳимми таърихии фаромушнашаванда ба амал омаданд, хусусан дар соли 2019, ки таҳлили амиқ ва баҳогузории нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ санаи 26 декабри соли 2019 зимни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Боиси фараҳмандист, ки Роҳбари давлат дар баробари дастовардҳои дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар инчунин тамоюли беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ, аз ҷумла дарозумрӣ, нишондиҳандаҳои умумии фавт, хусусан фавти кӯдакони синни то панҷсола, беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори соҳа тавассути ба истифода додани иншоотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қайди саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон, нисбат ба солҳои пешин ва рушди ҳифзи солимии модарону кӯдаконро ҳамчун дастовардҳои назаррас қайд намуданд.
Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат эълон гардидани солҳои 2019– 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маънои хоса дорад, зеро ин раванд анъанаи нав дар сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар ин раванд дар соли 2019 дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути сохтмони зиёда аз 125 муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ рушди инфрасохтори соҳа дар сатҳи деҳот вусъат дода шуд.
Ҳамин тариқ, нақши сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаи тандурустӣ бо фароҳам овардани шароити мусоид, рушди муносибатҳои баробарӣ ва боадолатӣ дар ҷомеа вазъи солимии ҳар як қишри ҷомеаро беҳтар мегардонад. Ҳамчунин хизматрасониҳои босифати тиббӣ аз нерӯ ва донишу малакаҳои кормандони соҳа ва мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ нақши муҳим дорад.
Дар маҷмӯъ, дастовард ва навгониҳое, ки айни замон дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд, худ далели раднопазири онанд, ки соҳаи мазкур дар мамлакат рӯ ба рушд аст. Вале бархе норасиҳо дар баъзе бахшҳои тиб ҳоло ҳам мушоҳида карда мешаванд, ки барои боз ҳам рушд ва муккамал намудани бахши тандурустии Тоҷикистон ҳалли худро тақозо менамоянд. Яке аз мушкилоти глобалӣ, ки айни замон ба сатҳи хизматрасонии тибби ватанӣ таъсири манфӣ мерасонад, ин аз даст додани кадрҳои касбии ботаҷрибаи ин соҳа мебошад, ки бо сабабҳои гуногун ҷумҳуриро тарк мекунанд.
Беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, бешубҳа бе беҳтар кардани сифати таълим ғайриимкон аст. Барои қонеъ гардонидани талаботи соҳа ба мутахассисони соҳибихтисос, ки маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ доранд, зарур аст:
– ҳамасола афзоиши фарогирии донишҷӯёнро тибқи фармоиши давлатӣ таъмин намуда, бо назардошти талаботи байналмилалӣ стандартҳои нави давлатӣ, ки ҳатмии маълумоти олии тиббӣ ва фармасевтӣ мебошанд, таҳия ва татбиқ намоянд;
– ба таври назаррас мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии тиббӣ. Барои ин дар донишгоҳҳои тиббии кишвар марказҳои таълимӣ ва клиникии донишҷӯён барои таҷрибаомӯзии малакаҳои амалӣ, омӯзиши омӯзгорони донишгоҳҳои тиббӣ дар технологияҳои нави таълимӣ (ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили кишвар) бо ҷалби мутахассисони пешбари хориҷӣ зарур аст;
– ба омодагии клиникии донишҷӯён диққати махсус дода шавад, таҷрибаи байналмилалии марказҳои таълимӣ ва клиникии донишгоҳҳои пешбари тиббии хориҷиро омӯхт, дастгирии методологии ҷараёни таълим, кори мустақилона, арзёбии малакаҳои клиникӣ ва амалии донишҷӯёнро таъмин намояд.
Барои ба даст овардани самаранокӣ ва сифати тайёр кардани кадрҳои тиббӣ интихоб ва қабул ба донишгоҳҳои тиббӣ аҳамияти муҳим дорад. Бо ин мақсад, зарур аст, ки меъёрҳо ва талабот ба сатҳи тайёрии ҳатмии пеш аз донишгоҳ дар соҳаи илмҳои табиӣ ва ташкили санҷиши психометрӣ таҳия карда шаванд.
Фарзона Худойдодова – муовини сардори
Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон