Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст.

Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки чунин вазъи нобасомон буҳронро шиддат бахшида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин гардонида истодааст. Дар баробари низоъҳои сиёсию низомӣ ва таҳримҳои иқтисодию молияӣ, тағйирёбии иқлими сайёра, ки камобӣ, хушксолӣ ва офатҳои табииро дар пай дорад, омили дигари нигаронкунанда ба ҳисоб меравад. Инчунин, идома пайдо кардани пандемияи коронавирус боиси камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо гардидааст.

Ҳоло яке аз масъалаҳое, ки натанҳо мардуми кишвари мо, балки аксари мамлакатҳои ҷаҳон, ҳатто кишварҳои аз лиҳози иқтисоди пешрафтаро бештар ба ташвиш овардааст, ин ба таври бесобиқа боло рафтани нархи молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, ки омилҳои беруниро дар пай дорад мебошад.

Вазъи баамаломада, ба раванди таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии пурраи аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва дар маҷмӯъ ба сабади истеъмолии аксар кишварҳои сайёра, аз ҷумла кишвари мо низ таъсири манфӣ расонидаистода аст.

Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳоло ба далели паёмадҳои буҳрони баамаломада нархи ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла гандум, орд, ҷуворимакка, равғани рустанӣ, инчунин, қанду шакар, гӯшт ва шир  ба сатҳи рекордӣ боло рафтааст.

Индекси нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, ки аз ҷониби Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои чен кардани тағирёбии ҳармоҳаи нархҳои ҷаҳонӣ дар як сабади панҷ гурӯҳи асосии ғизо истифода мешавад, танҳо дар моҳи март ба ҳисоби миёна 159,3 нуқтаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи феврал 12,6 дарсад  зиёд аст. Ин рақам, яъне индекси нархҳо дар муқоиса бо моҳи марти соли 2021 33,6 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамин тавр, дар ин давра, нархи ҷаҳонии гандум 19,7%  ҷуворимакка ва ҷав 19,1 дарсад боло рафта ба сатҳи рекордӣ расид.

Тибқи маълумоти ташкилоти мазкур, дар давраи таҳлилӣ индекси нархи равғани рустании аз сабаби нархгузории баланди равғани офтобпараст, ки қисми зиёди он ба Украина содир мешавад, 23,2 дарсад, равғани лӯбиё ва рапс низ дар натиҷаи болоравии нархи равғани офтобпараст, инчунин, болоравии нархи нафт ба таври назаррас боло рафта аст. Яке аз сабабҳои асосии болоравии нархи равғани лӯбиё дар коҳиши ҳаҷми содироти он аз Амрикои Ҷанубӣ арзёбӣ мегардад. Дар давраи баррасигардида, индекси нархи шакар 6,7%, гӯшт 2,6%, шир ва маҳсулоти ширӣ 4,8 дарсад  афзоиш ёфтааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо дар моҳҳои январ–марти соли 2022 арзиши маҳсулоти озуқворӣ дар Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон 15–20 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин рақам дар Узбекистон, 12–15%, Федератсия  Русия 8–10%, ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 20–22 фоизро ташкил медиҳад.

Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҳаҷми истеҳсоли ҷаҳонии гандумро дар соли 2022 784 миллион тонна пешбинӣ намуда, ки ин нисбат ба соли 2021 1,1 дарсад зиёд аст. Дар ин раванд шароити мусоиди обу ҳаво дар Федератсия Русия ва ҳаҷми пешбинишудаи истеҳсолот дар Чин, Иттиҳоди Аврупо, Ҳиндустон, Амрикои Шимолӣ ва минтақаҳои дигар низ ба назар гирифта шудааст. Вале, мутаассифона, ҳоло вазъ чунин ба назар намерасад.

Ташкилоти мазкур, дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли ҷаҳонии ғалладонаро 2 миллиарду 799 миллион тонна арзёбӣ мекунад, ки нисбат ба соли 2021 каме бештар аст. Дар ҳаҷми пешбинигардида  ҳаҷми истеҳсоли шолӣ ба дараҷаи рекордӣ  расида, 520,3 миллион тоннаро  ташкил медиҳад.

Ин созмон ҳаҷми  истеъмоли ҷаҳонии ғалладонаро дар солҳои 2021–2022 2,789 миллиард тонна пешбинӣ намудааст. Ҳамчунин, ташкилоти мазкур, афзоишёбии ҳаҷми захираҳои ҷаҳонии ғалладона дар охири соли 2022–ро нисбат ба сатҳи ибтидоии худ 2,4 дарсад пешбинӣ намудааст. Ин вазъро асосан ба зиёд шудани ҳаҷми захираи гандум ва ҷуворимакка дар Русия ва Украина, дар ин замина коҳиши ёфтани ҳаҷми пешбинишудаи содироти ин намуди маҳсулот рабт медиҳанд.

Мувофиқи пешгӯйиҳои Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҳаҷми тиҷоратӣ ғалладона дар соли 2022 то 469 миллион тонна коҳиш хоҳад ёфт, ки ин нисбат ба солҳои 2020–2021 хеле зиёд аст. Ташкилоти мазкур сабаби асосии ин вазъро дар буҳрони баамаломада маънидод менамояд.

Ба андешаи мо чунин вазъ, агар аз як тараф  ба боз ҳам болоравии нархи маҳсулотҳои асосии озуқаворӣ ва камчинии он оварда расонад, аз ҷониби дигар ба раванди таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дасрасӣ ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муйян гардидааст, монеа эҷод хоҳад кард. Илова бар ин, аз рӯйи арзёбиҳои коршиносони масоили иқтисодӣ дар соли 2023 эҳтимоли рух додани бузургтарин буҳрони ғизоӣ дар таърих ҷой дошта,  дар ин замина гуруснагии ҷаҳон ба садҳо миллион нафар таҳдид хоҳад кард.

Вазъи баамаломада ҳар як кишваро водор месозад, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои дастрасу хушсифат ва муътадил нигоҳ доштани болоравии нархи молу маҳсулот тадбирҳои заруриро амалӣ созад.

Ҳоло дар кишвар Нақша–чорабиниҳо доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ аз 18 марти соли 2022, №116 ва дар ин замина, ташкили ситоди байниидоравӣ доир ба пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ амал намуда, яке аз чораҳои муҳим ва саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба ҳисоб меравад. Вале ба андешаи мо, дар доираи Нақша–чорабинӣ ва фаъолияти Ситоди мазкур ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин бояд тавваҷуҳи бештар зоҳир карда шавад:

  • вусъат бахшидани корҳои тарғибтию ташвиқотӣ доир ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва аз заминҳои обӣ рӯёнидани се – чор ҳосил. Ба андешаи мо, ин яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ буда метавонад;
  • аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ташкил намудани нуқтаҳои махсусӣ фурӯши маводҳои сӯхт ва нуриҳои минералӣ танҳо барои соҳибкону тоҷирони дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияткунанда;
  • пешгирии аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, хусусан замини обӣ. Мувофиқи омори расмӣ ҳоло дар кишвар 672609 гектар заминҳои корам мавҷуд буда, аз он мутаассифона, ҳоло беш аз 5 ҳазор гектари он бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла зери сохтмонҳои ғайриқонунӣ қарор доштан, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот, набудани об барои обёрӣ, корҳои ғайриқаноатбахши ташкили хоҷагидорӣ ва амсоли инҳо аз истифода берун монданд;
  • бурдани назорати ҷиддӣ доир ба истифодаи самараноки замин, махсусан заминҳое, ки дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)–и қарор дорад;
  • маҳв ё барҳам додани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқоние, ки ҳадди ақал ҳолати одии истифодаи самараноки заминро таъмин карда наметавонад. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо замин истифодабарандаи аслии худро пайдо намояд, балки ба хоҷагиҳои даромаднок имкон фароҳам мегардад, ки майдони заминҳои дар ихтиёрдоштаро аз ҳисоби хоҷагиҳои зараровар васеътар намуда, самаранокии истеҳсолотро дар ин соҳа таъмин намояд;
  • ҷоннок намудани ҳамкории Тоҷикматлубот ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) доир ба афзоиш додани фармоишҳои хариди давлатии молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ;
  • ташкили назорати ҷиддии ҳолатҳои ба таври сунъи боло бурдани нарх бо истифода аз вазъи баамаломада дар бозорҳо аз ҷониби баъзе аз соҳибкорони манфиатдор. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ даҳҳо тоҷирро бо далели беасос боло бурдани нархи маҳсулот дар ҳаҷми зиёда аз ду миллион сомонӣ ҷарима бастаанд. Тавре маълум аст, нархи маҳсулоти озуқаворӣ аз аввали соли ҷорӣ мунтазам тамоюл ба афзоиш дорад. Ба андешаи соҳибкорон, поёну болоравии нарх ба онҳо ва хостаашон рабт надорад, балки ин равандҳое, ки дар ҷаҳону минтақа ва бозори асъор мегузарад, вобаста аст.

Ҳамин тавр, ба андешаи мо, боз ҳам вусъат бахшидани корҳо доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои ба миёнгузошташуда, ҳамчун тадбирҳои зидди– буҳронӣ аз бисёр ҷиҳат метавонад ба коҳиш додани таъсири манфии ҳар гуна таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба амнияти иқтисодӣ, муътадил нигоҳ доштани нарх ва камчинии маҳсулоти асосии озуқаворӣ дар заминаи истифодаи самараноки замин заминаҳои воқеиро фароҳам созад.

Одинаев А.И.,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии
МТС-и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед