Ҷаҳони куниниро вабои нав бемории сирояти короновирус “COVID-19” фаро гирифта, ин вирус охири моҳи декабр амнияти ҷаҳонро зери таҳдид қарор додааст. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 28 апрели соли ҷорӣ дар дунё зиёда аз 3млн нафар гирифтори коронавирус шуда ва зиёда аз 200 ҳазор нафар фавтидаанд. Ин вирус тавонист ҷаҳонро ба ҳолати карантинӣ расонад. Имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё бахусус Америка ва кишварҳои Аврупо қатъи рафту омади шаҳрвандон дар кучаҳо, аз фаъолият мондани садҳо ширкатҳои ҳавоӣ, бастани садҳо маконҳои сайёҳӣ, аз кор мондани ҳазорҳо корхонаву заводҳо ва ҳамсоли онҳоро мушоҳида мешавад, ки оқибатҳои манфиро ба вуҷуд овардааст.
Бо дарназардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар бештари кишварҳои ҷаҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои зиёд нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марг ва дар беморхонаҳо бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст. Воҳимаи паҳншавии коронавирус ҳар рӯз бештар мешавад.
Баъд аз таҳлили хабару овозаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба гирифтор шудани нафарони зиёд ба коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фавтидани даҳҳо нафар аз ин беморӣ чунин хулосаҳо кардан лозим аст:
- Бештари хабарҳои паҳншаванда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи бемории сироятии коронавирус, ки гӯё дар кишвар ин вирус доман паҳн мекунад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазъият ҷидди наменигарад асоси воқеӣ надошта, бештари иттилоотҳо аз ҷониби сомонаҳои мамнуъшуда ва ғаразнок нашр мешаванд. Аслан то имрӯз ин беморӣ дар мамлакат расман ба қайд гирифта нашудааст.
- Ҳамасола дар кишвар аз бемории илтиҳоби шуш (Пневмония) садҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо ин мавҷудияти коронавирусро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намекунад. Омори фавт аз бемории роҳи нафас аз ҷумла илтиҳоби шуш дар кишвар тибқи ҳисоботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
- Соли 2015 1798 нафар
- Соли 2016 1811 нафар
- Соли 2017 1335 нафар
- Соли 2018 1067 нафар
- Соли 2019 1031 нафар
- Дастрасии бештари шаҳрвандон ба интернет боиси ба тааллука афтидани онҳо гардидааст. Бо сабти як видео ва нашри он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби як истифодабарандаи он дар бораи фавти бемор аз зуком ё илтиҳоби шуш боиси сарзадани даҳҳо хабару овозаҳо дар фазои иттилотии кишвар гаштааст. Вале табиист, ки фавти инсонҳо аз ин беморӣ ҳамасола наздик ба ҳазор ва зиёдтар аз он ба қайд гирифта мешавад;
- Имрӯз фавтидагони беморони илтиҳоби шуш ки ба коронавирус бисёр шабеҳ аст, ба тариқи махсус, яъне тавассути мошини ёрии таъчилӣ ва аз ҷониби табибон бо либосҳои махсусгардонидашуда ба хок супурда мешавад. Ин иқдоме ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеша кардааст баҳри бехатарии шаҳрвандон аст ва чораҳои пешгирӣ аз ин вирус мебошад.
Ҳамзамон, аз ҷониби баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мамнуъшуда оид ба карантин эълон накардан дар кишвар хабару иттилооти зиёд паҳн шуда истодааст. Онҳо бар он ақидаанд, ки эълон нашудани карантин боиси доман паҳн кардани коронавирус дар кишвар мегардад. Вале мақсади баъзе аз гурӯҳҳои мухолифин ва созмонҳои мамнуъшуда бо нашри ин хабарҳо мехоҳанд бесамарии фаъолияти мақомоти давлатиро нишон диҳанд. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки бо пайдоиши ин вирус дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои аввалини худро аз баргардондани шаҳрвандони худ дар ин кишвар оғоз карда буд. Дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъйю кӯшиши худро баҳри пешгирӣ аз ин вирус карда истодааст.
Иқдомҳое, ки баҳри пешгирӣ аз коронавирус дар кишвар дида мешавад:
- Таъсиси ситоди ҷумҳуриявӣ дар мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус;
- Бастани сарҳад;
- Безарагардонии (дезинфексия) тамоми мақомотҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ;
- Хабаррасонӣ ба аҳолӣ аз роҳҳои пешгирии коронавирус тавассутии Воситаҳои ахбори омма;
- Таҷҳизонидани беморхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва либосҳои махсусгардонидашуда барои беморон;
- Эълони таҳтил барои муассисаҳои то мактабӣ ва таълимӣ ба муҳлати ду ҳафта аз 27.04 то 10.05.2020;
- Таъсиси курсҳои омузишӣ барои табибон бо унвони пешгирӣ аз бемории сирояти короновирус “СOVID-19 “, ки бештари кормандони тибии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ин курс гузаштанд.
Ҳукумату давлат баҳри пешгирии бемории сирояти коронавирус иқдомҳои зиёде пеш гирифта истодааст, дар ҳоле ки нафаре ба ин беморӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ, эълони карантин дар саросари кишвар айни ҳол ба манфиат нест. Ҳамин тавр ҳам тамоми сарҳадҳо баста шудааст ва вуруд ба мамлакат ғайри имкон аст. Ин ҳолат аллакай аз нигоҳи созмонҳои умумиҷаҳонӣ ҳолати карантинро дорад. Чунин технологияи пешгирӣ аз ин вабо барои таъмини бехтари шаҳрвандони кишвар аз ин вирус ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад, зеро ҳолати карантинӣ ҷаҳонро давра ба давра ба як ҳолати буҳрони иқтисодӣ оварда мерасонад.
Шоҳрухи Ҷаббор,
Коршиноси масоили сиёсӣ