Васоити ахбори омма ба рушди равони кӯдакон ва наврасон таъсири калон мерасонад. Ҳамин тавр, мусоҳибаи духтурону равоншиносон бо волидайн дар бораи чӣ тавр кӯдакон ба таъсири васоити ахбори омма мутобиқпазиранд, хеле муҳим аст.
Ҳадафи ин гуфтаҳо дар он аст, ки таъсири мусбат ва манфии васоити ахбори омма ба саломатии руҳию ҷисмонии кӯдакон муайян карда шавад ва духтурон тавонанд ба беморон ва оилаҳои онҳо барои дуруст истифода кардани воситаҳои техникии иттилоотрасон маслиҳату машварат диҳанд.
Телевизион яке аз воситаҳои асосии ахбори омма буда, нақши калидиро дар фазоии иттилоотӣ мебозад. Телевизион метавонад оқибатҳои мусбат ва манфиро эҷод намояд. Дар бисёр тадқиқотҳо таъсири барномаҳои телевизионӣ ба ҷомеа, махсусан, ба кӯдакону наврасон, омӯхта шудааст. Ин тадқиқотҳо нишон додаанд, ки сатҳи рушди кӯдакон дар алоҳидагӣ вазъияти ташвишовар аст, зеро ки таъсири барномаҳои телевизионӣ оқибатҳои неку бадро ба вуҷуд хоҳад овард. На ҳамаи барномаҳои телевизионӣ бад аст, аммо маълумотҳои пахшшаванда хислати манфӣ дошта, он ба зӯроварӣ, кирдорҳои шаҳвонӣ, суханҳои қабеҳу дағалона вобаста аст. Бо вуҷуди ин, духтурон ва равоншиносон аз таъсири манфӣ ва мусбати васоити ахбори омма ба мафкураи кӯдакону наврасон доимо бояд баромадҳои телевизионӣ дошта бошанд.
Бештари кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон барномаҳои телевизиониро тамошо мекунанд, вале ба барномаҳои шабакаҳои ватанӣ завқ надоранд. аксарияти онҳо вақтҳои худро дар тамошои силсилафилмҳои туркӣ ва барномаҳои шабакаҳои хориҷӣ мегузаронанд. Ҳамчунин, филмҳои тасвирии ба забони тоҷикӣ тарҷумашудае, ки ҳазломез ҳастанд, дӯстдорони онҳо гашта, аз суханҳои пучу бемаънии онҳо бештар ҳангоми гуфтугӯ истифода мебаранд.
Мақсад ин аст, ки барномаҳои телевизионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакон ва наврасон чӣ таъсир мерасонанд ва онҳо чӣ қадар вақти худро дар тамошои барномаҳои телевизионӣ мегузаронанд муайян ва омӯхта шавад.
Тамошои барномаҳои телевизионӣ барои кӯдакону наврасон ҳамеша бояд меъёр дошта бошад ва ё ин меъёр муайян карда шавад, зеро фаъолиятҳои дигари муҳимтар аз он хониши китоб, навъҳои гуногуни варзиш, омӯзиши муносибат бо оила ва атрофиён, забономӯзӣ, иштирок дар маъракаҳои варзишию фарҳангӣ, ки ба рушди кӯдакону наврасон замина мегузорад, вақтро талаб мекунад.
Телевизион муаллими қавӣ аст. Баъзе барномаҳои телевизионӣ ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро дар сатҳи баланд ташвиқ менамояд ва видеои таълимӣ, бешубҳа, як воситаи пуриқтидори омӯзиши иҷтимоӣ буда метавонанд. Нишон додани видеороликҳои ахлоқӣ, таблиғи ғояҳои инсондӯстию бародарӣ ва рафтори намунавии инсонӣ барои наврасон мактаби зиндагист. Омӯзиш ва таҳлили ин масъала нишон медиҳад, ки ҳатто 1-2 соат тамошои телевизион беназорат метавонад ба тафаккури мактаббачагон таъсири манфӣ расонад.
Аксар вақт зӯроварӣ дар барномаҳои телевизионӣ ва филмҳо бисёртар таблиғ карда мешавад. Кӯдакон ва наврасон ҳар сол ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ амалҳои зиёди зӯроварӣ (куштор, таҷовуз ва азобу шиканҷа)-ро мебинанд. Зиёда аз садҳо тадқиқотҳо тасдиқ мекунанд, ки дучор шудан ба амалҳои зиёди зӯроварӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ рафтори хашмангезу бадахлоқиро хусусан, дар писарон афзоиш медиҳад. Тадқиқотҳои дигар, таблиғоти худкуширо дар телевизион ё рӯзномаҳо бо хатари худкушӣ рабт медиҳанд. Гурӯҳҳои зерини кӯдакон метавонанд ба зӯроварии телевизионӣ бештар осебпазир бошанд:
– фарзандони гурӯҳҳои ақаллиятҳои миллӣ ва муҳоҷирон;
– кӯдакони эҳсосоти парешон;
– кӯдакони дорои мушкилоти душвори таҳсил;
– кӯдаконе, ки аз ҷониби волидайнашон таҳқир шудаанд;
– кӯдакони оилаҳои носолим;
Барои чунин гуруҳҳои кӯдакон тамошои барномаҳою филмҳое, ки оқибатҳои зӯровариро нишон медиҳанд, тавсия дода мешавад. Яъне амали бад оқибати нек надорад.
Имрӯз телевизион дар пешрафти маърифати ҷинсии одамон ҷойгоҳи хоссаро соҳиб аст. Дар муқоиса аз солҳои қаблӣ шумораи алоқаҳои ҷинсӣ ва кирдорҳои шаҳвонидошта дар шабакаҳои телевизионӣ дар шакли кинофилмҳо ва видеороликҳои ҳазломез зиёд пахш карда мешавад. Чунин амал имрӯз нишон дод, ки кирдорҳои шаҳвонӣ байни зану мардони бе ақду никоҳ назар ба алоқаи ҷинсии зану шавҳар ба маротиб афзудааст, дар ҳоле ки сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ҳамлҳои номатлуб кам ба назар гирифта мешавад. Наврасон васоити ахбори омма-ро манбаи пешбари иттилоот дар бораи алоқаи ҷинсӣ медонанд. Омӯзиши ин масъала ҳассосияти наврасонро бо таъсири васоити ахбори омма ба муносибатҳои ҷинсӣ аз эътиқоди онҳо ба иттилооти гирифташуда рабт медиҳанд.
Хулоса, тавассути васоити ахбори омма, махсусан шабакаҳои телевизионӣ, нишон додани пешбурди назорати таваллуд ва пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ истифодаи рифоларо муносиб дониста, таблиғот зиёд карда шавад.
Ду хислати баде, ки имрӯз миёни ҷавонон рушд кардаст майнушӣ ва тамокукашӣ мебошад. Ҳамасола наврасон аз 1000 то 2000 тиҷорати пивою тамокуро мебинанд ва мегӯянд, «мардони воқеӣ пиво менӯшанд ё тамоку мекашанд». Имрӯз наврасони мо, ки рӯ ба шабакаҳои телевизионии хориҷӣ оварданд, дар онҳо чунин амалҳо бештар таблиғ карда мешаванд. Рушди ин амалро мо дар ҷомеа бештар эҳсос мекунем. Ташвишораш ин аст, ки миёни наврасон, бахусус, ҷавондухтарон, тамокукашӣ ва шаробнушӣ рушд карда истодааст.
Телевизион роҳи ягонае, ки кӯдакону наврасон дар бораи истифодаи тамоку ва машруботи спиртӣ маълумот мегиранд ва мушкилӣ дар он аст, ки оқибатҳои ин рафтор дар барномаҳои телевизионӣ аниқ нишон дода намешавад. Дар нисфи филмҳои аниматсионии G-рейтингӣ, ки дар видеоклип мавҷуданд ва инчунин, дар бисёр видео-мусиқӣ истифодаи машрубот ва тамоку ҳамчун рафтори меъёрӣ дониста мешавад, аммо таъсири дарозмуддати он ба назар гирифта намешавад.
Аз ин рӯ, назорати кӯдакону наврасонро дар фазои иттилотӣ, бахусус дар тамошои барномаҳои телевизионӣ ва кинофилмҳои хориҷӣ аз ҷониби волидайн муҳим мебошад.
Шоҳрухи Ҷаббор,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии Назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон