Интихоботи президентии дар пеш истода баҳри мардуми тамаддунофари тоҷик барои расидан ба зиндагии шоиста ва рушди минбаъдаи давлатдорӣ, маъракаи муҳиммӣ тақдирсоз ба ҳисоб меравад. То имрӯз халқ шоҳиди чор даври интихоботи президентӣ буд, ки бо як ҳамдилию ҳамоҳангӣ тавонист номзади арзандаи хешро интихоб намуда, онро дар фазои орому осӯда ба таври шаффофу боадолатона доир намояд. Инак ба ин мардуми хуштолеъ даври панҷуми ин маъракаи муҳиммӣ сиёсӣ фаро расидааст, ки аз халқи шарифи тоҷик тақозо менамояд, ки дорои фарҳанг ва тамаддуни воло будани хешро бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намоянд.
Халқи тоҷик бо интихоби номзади арзанда ва ҳизби арзанда дар давоми 7 соли сипаришуда шоҳиди якқатор пешравиҳо дар ҳаёти сиёси, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ва боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум гардид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо барномаи 7 солаи хеш тавонист кишвари моро дар ҳама зинаҳо дар рейтинги умумиҷаҳонӣ боло бурда, дар ҳалли як қатор масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ саҳмгузор бошад.
Аз нигоҳи мавқеи шахсӣ бояд қайд намуд, ки дар ҳама давраи интихоботи президентӣ, як номзад аз ҳизби сиёсии дар ҷумҳурӣ фаъолият дошта, бо барномаи таҳиянамудаи босамару ояндадор ва нақшаи ҳафтсолаи рушди минбаъдаи кишвар вориди рақобат мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо барномаи таҳия намудаи хеш, ки нисбат ба солҳои қабли устувортар ба назар мерасад, вориди рақобат ба ин маъракаи сиёси гардидааст. Дар ҳақиқат барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз солҳои қабли нисбатан фарқ дошта аз барномаҳои дигар ҳизбҳо низ фарқи куллӣ дорад. Дар барномаи ҳизби мазкур ҳама он мушкилоту норасоии сокинон ва барномаҳои барои давлат муҳим дарҷ гардидааст, ки метавонад омили асосии интихоб гардидани ҳизб аз ҷониби шаҳрвандон гардад. Инак Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҲХДТ бо як барномаи ба таври кулли фарқкунанда аз дигар номзадҳо номзадии хешро ба мансаби президентӣ барои ҳафт соли дигар пешниҳод намудааст. Воқеан чунин шахсияти сиёсии миллати тоҷик, баҳри расидан ба ин мақоми роҳбарӣ номзади арзанда ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ миллат дар интихоботи президентии дар пешистода, нақши муҳимеро касб менамоянд, ки ҳафт соли ояндаи кишвар аз интихоби онҳо вобаста аст.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шиори “ Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” пешниҳод гардидааст. Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021- 2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳиммӣ ҷомеа, ки дар бандҳои 4 ва 6 – и барнома аз қабили фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ дарҷ гардидааст, равона гардидааст.
Воқеан ҲХДТ фарҳангро ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа эълон намуда, барои рушди маънавиёти ҷомеа тадбирҳои навро роҳандозӣ карда, дар ҳафт соли оянда дар инкишофи фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон якқатор тадбирҳоро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, аз якчанд тадбирҳои барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ-ро, ки дар банди 4 – и барномаи мазкур зери номи “ Фарҳанг, маънавиёт, ва иттилоот” дарҷ гардидааст, метавонем баррасӣ намоем:
- таҳким бахшидан ба сатҳи маънавиёти ҷомеа ва таъмин намудани рушди забони давлатӣ ва фарҳангу санъат ҳамчун самти муҳимми сиёсати давлатӣ;
- ҳавасманд гардонидани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат ва муҳайё намудани шароити арзанда барои истеъдодҳои ҷавон;
- пешгири кардани паҳншавии афкори радикаливу ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳ надодан ба таъсири равияҳои хатарноки мафкуравӣ,
- оммавӣ гардонидани китобхонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои болоравии сатҳи маънавиёт ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа.
- ба тарғибу ташвиқи ҳадафҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, озодӣ, давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон васеъ ҷалб намудани воситаҳои ахбори омма.
Дар ҳақиқат аз барномаи таҳия намудаи ҲХДТ пай бурдан мумкин аст, ки ҳар банди дарҷгардидаи он барои пешрафти ояндаи давлат ва муҳайё сохтани шароити осоишата барои 7 соли минбаъда тақозои замон буда, лоиқ ба дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намудан аст. Аз ин рӯ боварии комил дорем, ки дар ин маъракаи муҳиммӣ сиёсӣ, мардум бо иродаи қавии сиёсӣ номзади арзандаеро ба мансаби перзидентӣ интихоб намуда, боз як қадами устувори хешро ба самти ояндаи дурахшони ин сарзамин мегузорад.
Шодбахт Сабуров, мутахассиси Раёсати таҳли
ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон