Тавре маълум аст, субҳи 22.07.2021 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии санҷиши омодабошии ҷангии “Марз-2021” дар сатҳи бисёр ҳам баланд ва бо тантанҳои хос баргузор гардид. Ҳамон тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ин чорабинии мудофиавии сатҳи умумимиллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори аввал доир гардид. Дар робита ба сатҳу раванди баргузорӣ ва муносибату бардошти мардум аз чорабинии “Марз-2021” то ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма даҳҳо мавод аз ҷумла мақолаву гузориш, шеъру наворҳои ҳувиятсоз нашру паҳн гардиданд, ки то андозае моҳияти чорабинии мазкурро бозкушоӣ намуданд. Албатта, дар ин раванд аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ таҳлилҳои сиёсие низ пешкаш гардиданд, ки дар инъикоси “Марз-2021” нақши муҳим доранд. Вале новобаста аз ҳамаи он маводу таҳлилу гузоришҳои нашргардида, чунин ба назар мерасад, ки муҳиммияти баргузории чорабинии “Марз-2021”, мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва сиёсати сулҳхоҳонаи Роҳбари давлат, мушкилоти кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба суботу амнияти давлатҳои ҳавза зарур аст, ки як тасвири мушаххас ва як рӯнамоии сиёсӣ-таҳлилӣ пешниҳод гардад. Аз ҳамин лиҳоз дар ин мақола кӯшиш гардидааст, ки муҳиммияту зарурати баргузории чорабинии “Марз-2021” равшан карда шавад
Оё амнияти Осиёи Марказӣ таъмин аст?
Бояд қайд намуд, ки Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои муҳимми стратегӣ дар геополитика ба шумор меравад. Мавқеи ҷойгиршавии давлатҳо, захираҳои табиӣ, ҷуғрофиёи минтақа ва имкони таъсиргузорӣ ба дигар минтақаҳо, мақоми Осиёи Марказиро афзоиш додааст. Аз ҳамин лиҳоз аз оғози таърих то кунун ин минтақа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи абарқудратҳо қарор доштааст. Ҳуҷуми Искандар, арабҳо, муғулҳо ва русҳо далели воқеии гуфтаҳои болоянд. Вале, новобаста аз ин таҳоҷумҳо мардуми минтақа тавонистанд, урфу одат, арзишҳои миллӣ ва таъриху фарҳанги худро ҳифз намуда, дар ниҳоят давлатҳои мустақилу миллии худро ташаккул диҳанд. Давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар шароити муосир барои ҳифз ва таҳкими давлатдорӣ, истиқлол ва бақои худ, дар доираи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ва паймону аҳдномаҳо муттаҳид гардида, манфиатҳои миллии худро ҳимоя намуда истодаанд. Давлатҳои минтақа имрӯз аъзои Созмони миллали муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошанд, ки ин як намунаи муҳимми ҳамкорӣ ва ҳифзи амнияту суботи минтақа аст.
Бояд қайд намуд, ки дар даҳсолаи охир яке аз мушкилоте, ки давлатҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистонро ба ташвиш овардааст, ин буҳрони сиёсӣ ва моҷароҳои дарозмуддати Афғонистон аст. Гарчанде, ки давлатҳои атрофи Афғонистон ҷонибдори истиқрори сулҳ ва барқарории субот дар ҳамсоякишвари худ ҳастанд, аммо гуруҳҳои манфиатҷӯ ва давлатҳои абарқудрат солҳост аз “лаҳзаи геополитикӣ”истифода намуда, кишварро ба майдони бархурди манфиатҳои худ табдил додаанд. Ҳузури созмонҳои экстремистиву террористӣ дар Афғонистон ва таҳдиди эҳтимолии онҳо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ то андозае, ин давлатҳоро нигарон намудааст. Махсусан, ҳодисаҳои чанд вақти охир натанҳо ҳамсоякишварҳои Афғонистон балки, аксари давлатҳои ҳавзаи Осиёву Аврупоро ба ташвиш оварданд. Хуруҷи нерӯҳои қудратии Амрико аз хоки Афғонистон, таҳоҷум, ғасб ва муқобилияти шадиди Ҳаракати экстремитӣ-террористии Толибон вазъи дохилии Афғонистонро мураккаб намуда, хатарҳои эҳтимолиро ба давлатҳои Осиёи марказӣ ба вуҷуд овард.
Маврид ба таъкид аст, ки то ҳол ҳеҷ таҳдиди мустақиме аз ҷониби нерӯҳои террористии хоки Афғонистон ба давлатҳои минтақа мавҷуд нест. Аммо, новобаста аз он, ки имрӯз суботу амният дар Осиёи Марказӣ пойдор аст, давлатҳои минтақа бо роҳандозии як қатор чорабиниҳои мудофиавӣ хатти марзҳои худро мустаҳкам намуда истодаанд, ки ин тадбири саривақтӣ дар самти ҳифзи суботи минтақа баҳисоб меравад. Як нуктаро зикр намудан муҳим аст, ки дар масъалаи ҳифзи субот ва пойдории амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ нақш ва ҷойгоҳи Тоҷикистон калидӣ аст. Маҳз марзҳои тулонии Тоҷикистон бо Афғонистон чунин ҳолатро тақвият медиҳанд. Сафарбарнамоии 20 ҳазор афсари эҳтиётӣ ба хати марз ва баргузор намудани чорабинии санҷиши омодабошии ҷангии “Марз-2021” аз ҷумлаи талошҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи амнияти Осиёи Марказӣ аст. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар назди хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ба таври зайл баён доштанд: “Бояд гуфт, ки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун минтақаи буферӣ мавқеи бисёр муҳим дорад. Яъне сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд”.
Таҳлили воқеияти равандҳо ва хулосаи дидгоҳи коршиносон ҳаминро собит менамояд, ки новобаста аз вазъи мурккаб ва печидаи Афғонистон амнияту субот дар қаламрави давлатҳои Осиёи Марказӣ таъмин аст.
Чаро бояд амнияти марзҳо ҳифз карда шавад?
Таъмин будани амнияти минтақа маънои онро надорад, ки давлатҳо дар нисбати мушкилоти бавуҷуд омада бетаваҷҷуҳӣ намоянд. Нуфуз пайдо намудани ҳаракати экстремистӣ-террористии Толибон дар Афғонистон эҳтимоли ба миён овардани мушкилоти ҷиддӣ аз ҷумла хатари терроризму ифротгароиро ба кишварҳои ҳавза дорад. Манфиатҳои сиёсии баъзе абарқудратҳо ва истифода намудан аз чунин созмонҳои экстремистӣ-террористӣ ин фарзияро собит менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки чунин воқеият ва раванд алакай тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намуда, амнияти марзҳои худро мустаҳкам намуда истодааст. Албатта, барои ҳар як давлат дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ ҳифзи марз аз омилҳои муҳимми бақои давлат ба шумор меравад. Дар чунин шароит барои ҳар як давлат ҳифзи хатти марз, ин ҳифзи хатти сарнавишти ояндаи давлат арзёбӣ мегардад. Барои Тоҷикистон, ки давлати мустақил, соҳибистиқлол ва ягона аст, ҳимояи сарҳад аз хатару таҳдидҳои замони муосир аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ хеле муҳим аст. Махсусан, дар шароите, ки имрӯз бори дигар вазъи кишвари Афғонистон ноором гардида, гуруҳҳои террористӣ нуфуз пайдо намудаанд, ҳимояи марз ва таъмини амният дар сарҳад вазифа ва ҳадафи калидии давлатро ташкил медиҳад. Воқеан имрӯз вазъи минтақа ва ҷаҳон бори дигар мураккаб гардидааст. Зуҳури бемориҳои сироятӣ, раванди канораи ҷаҳонишавӣ, манфиатҷӯйии абарқудратҳо, фаъол гардидани ташкилотҳои экстремистиву террористӣ давлатҳоро водор менамояд, ки беш аз пеш атрофи ҳифзи суботу амнияти худ таваҷҷуҳ намоянд. Дар чунин раванди печида ҳифзи сарҳад ва мудофиаи Ватан яке аз василаҳои асосии таъмини амният ва субот дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
“Марз-2021” – омодагии ҷиддии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро нишон дод
Ҳамон тавре, ки дар боло зикр намудем, санаи 22.07.2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, омодабошии ҷангии худро изҳор доштанд. Ҳамчунин, дар чорабинии «Марз-2021» 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ истифода гардиданд, ки гувоҳӣ устуворӣ ва қудрати кифоя доштани Қуваҳои Мусаллаҳро ба намоиш гузошт.
Мусаллам аст, ки баробари зуҳури хатар дилхоҳ давлат дастбакор шуда, омодагии худро дар самти рафъи хатари бавуҷудомада таҳким мебахшад. Дар воқеъ хуруҷи неруҳои Амрико аз хоки Афғонистон ва ҳуҷумҳои Ҳаракати террористии Толибон барои ғасби ҳокимият вазъи афғонистонро мураккаб ва давлатҳои ҳамсояро нигарон намуд. Ҳолати бавуҷудомада Тоҷикистонро водор намуд, ки дар самти мустаҳкам намудани марзи давлат чанд тадбири муҳим андешад, ки баён доштани онҳоро дар ин ҷо ба маврид медонем.
- Сафарбарсозии 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайатҳои эҳтиётӣ ба минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон яке аз тадбирҳои ҷиддӣ ва муҳимми Ҳукумати Тоҷикистон аст. Албатта, чунин сафарбарсозӣ ҳам зарфияти физикии муҳофизони кишварро боло бурда, ҳам руҳияи онҳоро қавӣ гардонд.
- Баргузор намудани чорабинии санҷиши омодабошии ҷангии “Марз-2021” бо фарогирии теъдоди зиёди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва истифода воситаҳои техникӣ ҳам аз нигоҳи стратегӣ ва ҳам аз нигоҳи омодабошӣ ҷумҳуриро муаррифӣ намуд. Яъне, ин ҳолат далел бар он аст, ки Тоҷикистон зарфияти азим, иқтидори бузурги ҳарбӣ ва захираҳои муҳимми муҳофизатиро доро аст, ки онҳо имкон медиҳанд дар дилхоҳ вақту соат суботу амният ва ягонагии кишвар таъмин бошад. Дар чорабинии «Марз-2021» истифода гардидани 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ далели гуфтаҳои болост. Новобаста аз он, ки имрӯз вазъияти амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ноором аст ва эҳтимоли таъсири манфии он ба кишварҳои Осиёси Марказӣ вуҷуд дорад, гуфтан мумкин аст, ки давлати мо иқтидори кифоя барои ҳимоя ва ҳифзи марзи Тоҷикистонро дорад. Чорабинии «Марз-2021» маҳз шаҳомати устувории давлатро нишон дод.
“Марз-2021” – намоиши муттаҳидӣ ва ягонагии мардум
Бояд гуфт, ки чорабинии санҷиши омодабошии ҷангии “Марз-2021” дар баробари он, ки иқтидори мудофиавӣ ва омодагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро нишон дод, ҳамчунин он собит намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳид гардида, ваҳдату сарҷамъиро асосӣ пешрафти худ медонанд. Чунин ҳолатро метавон бо нуктаҳои зерин собит намуд.
Нуктаи аввал ин аст, ки ин чорабинӣ аз нигоҳи равонӣ ва тантанавӣ тамоми шаҳрвандони кишварро фаро гирифта буд ва он бо 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ маҳдуд набуд. Агар ба таври мустақим дар ин чорабинӣ теъдоди 230 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ ширкат намуда бошанд, ҳамчунин дар баробари онҳо дар паси экранҳои телевизиону шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ҳар як хонаи тоҷик, хурду бузург, зану мард баробари онҳо қадам мезаданд, ифтихор менамуданд ва ҳувияти миллии худро таҳким мебахшиданд. Яъне, аз нигоҳи фарогирии равонӣ ва тантанавӣ чорабинии “Марз-2021” тамоми шаҳрвандони кишварро дарбар гирифт.
Нуктаи дуюм ин аст, ки санҷиши омодабошии ҷангии “Марз-2021” бори дигар собит намуд, ки мардуми Тоҷикистон муттаҳид гардида, ваҳдати миллӣ ва ягонагиро омили асосии пешрафти худ қарор додаанд. Мавҷ-мавҷ ҳаракату қадмзании хурду бузург аз Бадахшон то Зарафшон ва аз Хатлон то Хуҷанд аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳам ваҳдати миллӣ таҳким ёфтааст ва ҳам миллат барои муҳофизати марзи Тоҷикистон омодааст. Албатта, зуҳури доираи васеъи шаҳрвандон дар майдони номус ва сангари ҳифзи Ватан кафолати ояндаи босубот ва дурахшони мамлакат аст. Ҳамчунин, ин чорабинӣ собит намуд, ки даъво ва андешаҳои радикаливу экстремистии гуруҳҳои иртиҷоӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик асоси воқеӣ надорад.
Нуктаи сеюм ин аст, ки “Марз-2021” собит намуд, ки миллати тоҷик маҳз дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гардида, сиёсатгузорӣ ва ҳадафҳои олии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор додаанд. Даъватҳои ҳувиятсоз ва бунёдкорона, сиёсатгузориҳои сулҳмеҳвару ваҳдатпарвар, ва нигоҳҳои дурбинонаву андешамеҳвари Роҳбари давлат ҳолатеро ба миён овардаанд, ки аз хурд то бузурги кишвар барои ҳимояи Ватан бархезад. Аз ҳар маҳалу ноҳия ва аз ҳар водиву минтақа гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омадани мардум баҳри ҳифзи сарҳад худ гувоҳии ватандӯстиву худшиносии қавии сокинон ва фаъолияти пурсамари Пешвои миллат аст.
Нуктаи чорум ин аст, ки чорабинии “Марз-2021” дар баробари ифодаи муттаҳидиву ягонаги мардум дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин шаҳрвандон ва насли наврасро аз нигоҳи сиёсӣ тарбияи муҳим дод. Яъне, агар ин чорабинӣ аз нигоҳи вақт муддати кутоҳеро фарогир буд, пас аз нигоҳи тарбияи сиёсии шаҳрвандон пояи мустаҳкам ва мактаби бузургеро замина гузошт, ки ҳам эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳам эҳтирому эътиқоди шаҳрвандонро қавӣ гардонид.
Хулоса
Ҳамин тавр, бо дарназдошти вазъи мураккаби Афғонистон ва минтақа, Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кифии мудофиаи сарҳад ва таъмини амнияти шахс ва ҷомеаро доро аст. Бо такя ба баргузории чорабиниҳои муҳимми омодабошӣ ва сафарбарсозии шумораи зиёди афсарони эҳтиётӣ гуфтан мумкин аст, ки имрӯз давлати Тоҷикистон низоми қавии ҳарбиро дорад. Неруҳои дифоӣ ва қудратӣ ҳамеша барои муҳофизати сарҳад ва ҳифзи манфиатҳои милли кишвар омодаанд. Маҳз, ҳамин нигоҳи воқеӣ боварӣ ва эътиқоди қавиро ба низоми мудофиавии Тоҷикистон бавуҷуд овардааст.
Алиназар Ашуров,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон