Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар ҳаёти маънавию фарҳанги мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикону форсизабон, инчунин, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, мақому манзалати бузурге дорад. Аз ҳамин ҷост, ки натанҳо дар эҷодиёти шифоҳӣ, балки дар адабиёти китобӣ қариб ҳамаи суханварони форсу тоҷик, аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то шоирони имрӯза, ин ҷашни фархундаи миллиро васфу тараннум намудаанд.
Инак, чун муште аз хирвор намунае чанд аз ашъори наврӯзии шоирони маъруфи тоҷик ва форсизабонро манзури дӯстдорони Наврӯзи хуҷастапай менамоем.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-он гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш абри тираву боди сабо –нақиб,
Наффот – барқи рӯшану тундар-ш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб…
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯси ба ҳинно шуда хазиб.
Булбул ҳамебихонад дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв шуда мар-ӯро муҷиб.
Сулсул ба сарвбун бар бо нағмаи куҳан,
Булбул ба шохи гул бар бо лаҳнаки ғариб…
***
Бихандад лола бар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун, ба сони дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯйи гулоб ояд,
Дар он шустаст пиндорӣ, нигори ман рухи гулгун.
Фаррухии Систонӣ
Марҳабо, эй Балхи Бомӣ, ҳамраҳи боди баҳор,
Аз дари Нӯшод рафтӣ, ё зи боғи Навбаҳор.
Эй хушо он навбаҳори хуррами Нӯшоди Балх,
Хоса акнун, к-аз дари Балх андарун омад баҳор.
Ҳар дарахте парниёни чинӣ андар сар кашид,
Парниёни хурднақши сабзбуми лаълкор.
Арғувон бинӣ чу дасти некӯвон пурдастбанд,
Шохи гул бинӣ чу гӯши некӯвон пургӯшвор.
Боғ гардад гулпарасту роғ гардад лолагун,
Бод гардад мушкбӯю абр марворидбор.
Боғбони баргирифта дил ба моҳи дай зи гул,
Пур кунад ҳар бомдоде аз гули сурӣ канор.
Балх бас хуш аст, лекин балхиёнро бод Балх,
Мар-маро бо шаҳрҳои Гузгонон аст кор…
Манучеҳрии Домғонӣ
Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,
Мурд зимистону баҳорон бизод,
З-абри сияҳ рӯйи суманбӯй род,
Гетие гардида чу дорулқарор.
Рӯйи гули сурх биёростанд,
Зулфаки шамшод бипиростанд,
Кабкон ба кӯҳ ба тан тохтанд,
Булбулакон зеру сито хостанд,
Фохтакон ҳамбари биншостанд
Нойзанон бар сари шохи чанор.
Лола ба шамшод баромехтанд,
Жола ба гулнор даровехтанд,
Бар сари он мушк фурӯ бехтанд,
В-аз бари ин дур фурӯ рехтанд,
Нақшу тамосил барангехтанд
Аз дили хоку ду рухи кӯҳсор.
Саъдии Шерозӣ
Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз.
Чу оташ дар рухат афканда гулнор,
Дигар манқал манеҳ, оташ наяфрӯз.
Чу наргис чашми бахт аз хоб бархост,
Ҳасад гӯ душманонро дида бардӯз.
Баҳори хуррам аст, эй гул, куҷоӣ,
Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.
Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,
Бародар, ҷуз накӯномӣ маяндӯз.
Накӯӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,
Мабар фармони бадгӯйи бадомӯз.
Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,
Ки бар гунбад нахоҳад монд ин рӯз.
Ҳофизи Шерозӣ
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.
Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи лаъл аст,
Ки зад бар чархи фирӯза сафири бахти фирӯзӣ.
Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам биафшонӣ,
Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист?
Магар ӯ низ ҳамчу ман ғаме дорад шабонрӯзӣ?
Мае дорам чу ҷон софеву сӯфӣ мекунад айбаш,
Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ!
Май андар маҷлиси Осаф ба Наврӯзи Ҷалолӣ нӯш,
Ки бахшад ҷуръаи ҷомат ҷаҳонро сози наврӯзӣ.
Ҷавобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида,
Ҷабинаш субҳхезонрост рӯзи фатҳу пирӯзӣ.
На Ҳофиз мекунад танҳо дуои Хоҷа Тӯроншоҳ,
Зи мадҳи Осафе хоҳад идиву наврӯзӣ.
Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирӣ ёд,
Ба маҷлис ой, к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.
Иқболи Лоҳурӣ
Фасли баҳор инчунин, бонги ҳазор инчунин,
Чеҳра кушо, ғазал саро, бода биёр инчунин.
Ашки чакидаам бубин, ҳам ба нигоҳи худ нигар,
Рез ба найситони ман, барқу шарор инчунин.
Боди баҳорро бигӯ пай ба хаёли ман барад,
Водии даштро диҳад, нақшу нигор инчунин.
Зодаи боғу роғро аз нафасам таровате,
Дар чамани ту зистам бо гулу хор инчунин.
Олами обу хокро бар маҳаки дилам бисой,
Равшану тори хешро гир аёр инчунин.
Дил ба касе набохта, бо ду ҷаҳон насохта,
Ман ба ҳузури ту расам, рӯзи шумор инчунин.
Фохтаи куҳансафир, нолаи ман шуниду гуфт:
Кас насуруд дар чаман нағмаи пор инчунин!
***
Хез, ки дар кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор,
Масти тараннум ҳазор,
Тутию дурроҷу сор,
Бар тарафи ҷӯйбор,
Кишти гулу лолазор,
Чашми тамошо биёр,
Хез, ки кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор.
Хез, ки дар боғу роғ, қофилаи гул расид,
Боди баҳорон вазид,
Мурғ наво офарид,
Лола гиребон дарид,
Ҳусн гули тоза чид,
Ишқ ғами нав харид.
Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид.
Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурӯш,
Хуни чаман гарми ҷӯш,
Эй, ки нишинӣ хамӯш,
Даршикан ойини ҳуш,
Бодаи маънӣ бинӯш.
Нағма саро, гул бипӯш,
Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурӯш.
Ҳуҷранишинӣ гузор, гӯшаи саҳро гузин,
Бар лаби ҷӯе нишин,
Оби равонро бубин,
Наргиси нозофарин,
Лахти дили фарвадин,
Бӯсазанаш бар ҷабин,
Ҳуҷранишинӣ гузор, гӯшаи саҳро гузин.
Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар,
Нимаи оташ ба бар,
Лола камар дар камар,
Мечакадаш бар ҷигар,
Шабнами ашки саҳар,
Дар шафақ анҷум нигар,
Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар.
Хоки чаман во намуд, рози дили коинот,
Буду набуди сифот,
Ҷилвагариҳои зот,
Он чӣ ту донӣ ҳаёт,
Он чӣ ту хонӣ мамот,
Ҳеҷ надорад субот,
Хоки чаман во намуд рози дили коинот.
Абулқосим Лоҳутӣ
Наврӯзи Аҷам омаду ҳангоми баҳор аст,
Имрӯз ба маҷлис маю маъшуқ ба кор аст.
Ман бе маю маъшуқ ҷаҳон ҳеч нахоҳам,
Моро ба ҷаҳон бе маю маъшуқ чӣ кор аст?
Гар шуд дилам ойинаи тавҳид, аҷаб нест,
Ин рутбатам аз марҳамати ойинадор аст.
Эй аҳли сафо, нақди равон пешкаш оред,
Ид асту ба хоки дари ӯ вақти нисор аст…
Дар кӯйи муҳаббат ба раҳи ишқи ту, эй дӯст,
Хуррамдил аз онам, ки маро чеҳра нигор аст.
Дар боғи санои ту аз он баркашам оҳанг,
К-ин нағмаи ишқ аст, на гулбонги ҳазор аст.
Наврӯзи баҳори ту муборак шавад аз Ҳақ,
Хуш бош, ки ҳар рӯзи ту Наврӯзу баҳор аст.
Лоҳутии шайдо, ки чунин хуб ғазал гуфт,
Дар боғи санои ту беҳ аз сулсулу сор аст.
Лоиқ Шералӣ
Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!
Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!
Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!
Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!
Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.
Дар рӯйи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.
Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.
Дар базми иди Наврӯз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менӯшамаш ба шодӣ бо кулли мардуми даҳр
Рӯйи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон.
Гирдоварӣ ва таҳияи
Қиёмиддин Сатторӣ