Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди фаъолияти иқтисодии кишвар бо дарназардошти шароитҳои зудтағйирёбандаи иқтисоди байналмилалӣ ва тозатарин тасмиму навгониҳо дар арсаи ҷаҳонӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Зимни ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ баррасӣ гардидани рӯзномаи ҷаҳонӣ, ки ба моҳияти ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон алоқамандӣ доранд, воқеияти дурнамои рушди устуворро дар кишвари мо исбот менамояд. Аз ин рӯ, таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирии аз равандҳои муосири байналмилалӣ ҳамчун омили муайян намудани рушди соҳаҳои гуногуни кишвар арзёбӣ мегардад.

Дар ин росто, Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодӣ (минбаъд – Форум) – ҳамчун заминаи ҳамоҳангсози ҳамкории давлатӣ ва бахши хусусӣ дар тарҳрезии рӯзномаи ҷаҳонӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ҷаласаҳои солонаи Форуми мазкур чун анъана дар моҳи аввали соли тақвимӣ дар шаҳри Давоси Конфедератсияи Швейтсария баргузор мегардад, ки раванди баргузорӣ ва натиҷаҳои он таваҷҷуҳи тамоми ҷонибҳои манфиатдори рушди иқтисодиро дар арсаи ҷаҳонӣ ба худ ҷалб месозад.

Соли ҷорӣ, зимни ҷаласаи солонаи 55-ум Форуми мазкур, ки санаи 20 – 25 январ баргузор гардид, тақрибан 3000 иштирокчӣ аз 130 кишвари ҷаҳон бо мақсади баррасии масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ сабти ном намуданд. Илова бар ин, 1600 нафар роҳбарони сатҳи олӣ, аз ҷумла 900 нафар директорони генералӣ аз ташкилоту ширкатҳои гуногун дар Форум ширкат варзида,  рӯзномаи сиёсӣ аз ҷониби беш аз 50 нафар сарони давлату ҳукуматҳо дастгирӣ ёфт, ки сармоягузоронро ҷиҳати саҳмгузорӣ намудан ба кишварҳои худ даъват карданд.

Бояд зикр намуд, ки дар марҳилаи кунунӣ Форуми мазкур ҳамчун ташкилоти ҷаҳонӣ ва ғайритиҷоратӣ дар самти густариши робитаҳои созанда миёни ҷонибҳои манфиатдор, эҷоди эътимод ва таҳияи ташаббусҳои муштарак муаррифӣ мегардад. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ аввалин маротиба мавқеъгириҳои қудратҳои ҷаҳонӣ маҳз дар доираи ин Форум рӯнамоӣ гардида, манфиатҳои субъектҳои калидӣ оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ муайян карда шуд.

Дар робита ба масъаҳои рузнома рӯзномаи пешбинишуда директори иҷроияи Форум Ҷереми Юрген, иброз намуд, ки дар робита ба шароити кунунии рушди суст ва сатҳи баланди қарз, ҷаҳон ба рушди устувор ниёз дорад, ки дар он афзалият ба мавқеи инсон дода шавад [1].

Вобаста ба ин, дар доираи чорабиниҳои канории Форум коршиносон таваҷҷуҳи асосиро ба омилҳое равона намуданд, ки эҳтимол дар соли 2025 ба буҳрони назаррас дар миқёси ҷаҳонӣ оварда мерасонанд. Аз ҷумла, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутериш зимни суханронии худ дар Форум (22 январи соли 2025) роҷеъ ба ду таҳдиди нав ва амиқ, яъне буҳрони иқлим ва паҳншавии идоранашавандаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуд [2].

Ҳамин тавр, дар доираи ҳамоиш шумораи таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ дар ҳаҷми 27 адад муайн карда шуд, ки ба он дохил мешавад: тағйироти ҷиддӣ дар системаҳои сайёра, коҳишёбии имкониятҳои иқтисодӣ, бекорӣ, инчунин поймол гардидани ҳуқуқи инсон, нобаробарӣ ва муҳоҷирати иҷборӣ.

Тибқи натиҷаҳои Форум, масъалаҳои экологӣ, технологӣ, геополитикӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун омилҳои асосии муайян намудани таҳдидҳои эҳтимолӣ арзёбӣ гардид, ки моҳиятан ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, алоқамандӣ ва вобастагии ногусастанӣ дорад.

Ҳамин тариқ, дар сомонаи расмии Форум зикр мегардад, ки солҳои охир ҳамкориҳои ҷаҳонӣ суст шуданд ва хавфи ба меъёри нави “ғайридӯстона” ворид шудани муносибатҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад. Мушкилоти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҷараёни Форум ба таври мушаххас ҳамчун омили нигаронкунанда дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои ҷомеаи мутамадини ҷаҳонӣ маҳсуб гардид. Масалан, танҳо 17% ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 дар муҳлати муайяншуда амалӣ карда мешаванд [3].

Илова бар ин, ҳамасола, кумитаи тадорукоти форуми мазкур, қабл аз баргузории ҳамоиш, дар асоси андешаҳои коршиносони соҳаҳои гуногун, “Гузориш дар бораи таҳдидҳои эҳтимолӣ”-ро таҳия мекунад. Тибқи ин гузориш, дар соли ҷорӣ таваҷҷуҳи асосӣ на ба хатарҳои иқтисодӣ, аз қабили таназзули иқтисодӣ, балки пеш аз ҳама ба низоъҳои байнидавлатӣ равона гардидааст. Муаллифони гузориш “манзараи афзояндаи харобиовари ҷаҳониро пешбинӣ мекунанд, ки дар он чолишҳои афзояндаи геополитикӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ ба субот ва пешрафт таҳдид мекунанд”.

Тибқи ин гузориш, коршиносон даргириҳои мусаллаҳона дар сатҳи давлатиро бузургтарин хатари глобалӣ дар соли 2025 арзёбӣ намуданд. Яъне тақрибан чоряки (23%) пурсидашудагон низоъҳои мусаллаҳона дар сатҳи давлатиро мушкилоти бузургтарин арзёбӣ мекунанд. Дар ҷои дуюм масъалаи тағйирёбии иқлим (14%) қарор дошта, инчунин муқовимати геоиқтисодӣ (8%) низ ташвишовар мебошад.

Дигар хатарҳои маъмулан зикршуда маълумоти бардурӯғ ва тамоюли афзояндаи ихтилофи иҷтимоӣ мебошад, ки метавонанд ба интихобот ё низоъҳо таъсир расонанд. Баръакси ин, танҳо 5% пурсидашудагон таназзули иқтисодиро бузургтарин хатар арзёбӣ намуданд.

Аммо, дурнамои хатарҳои эҳтимолӣ барои 10 соли оянда нисбатан фарқкунанда ба назар мерасад. Дар ин ҷо хатарҳои экологӣ дар мақоми аввал қарор доранд, ки ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим, коҳиш ёфтани гуногунрангии биологӣ ё камбуди захираҳои табииро дар бар мегиранд.

Ба иттилои кумитаи тадорукоти Форум, ҷиҳати таҳияи гузориши мазкур 900 нафар коршиносон ба пурсиш фаро гирифта шудааст ва  тадқиқот аз моҳи сентябр то октябр баргузор гардидааст.

Рӯзноманигори бритонёӣ Ҷанан Ганеш вобаста ба афзалият пайдо намудани масъалаҳои геосиёсӣ дар форуми мазкур иброз намудааст, ки “маркази иқтисодиёии ҷаҳон ба шарқ ҳаракат менамояд”.

Ҳисороти аз ҳисоби қатъ шудани робитаҳои тиҷоратӣ ба вуқӯъ пайваста, метавонад аз оқибатҳои даврони пандемия ва буҳрони молиявии соли 2008 гаронтар бошад. Омили асосии чунин вазъро ба манфиати геосиёсӣ истифода бурдани тиҷорат, роҳандозӣ намудани фишорҳои саноатӣ ва дигар таҳримҳои иқтисодӣ марбут медонанд, ки ҳаҷми онҳо ба ҳисоби биржаи фондии Лондон аз соли 2017 то 2024 ба 370% афзоиш ёфтааст. Мураккабшавии муносибатҳои байналмилалӣ ва шиддати бархӯрди манфиатҳо омили мушикилоти асосии умумиэътирофшуда мебошад.

Ҳамин тариқ, монеаҳои рушди иқтисодӣ аз ташаннуҷи вазъи геополитикии ҷаҳон вобаста аст. Бо вуҷуди ин мушкилот ва сарфи назар аз ихтилофоти мавҷуд буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ нуқтаи манфиатҳои умумиро дар самти ҳифзи муҳити зист, рушди энергияи сабз, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дарёфт менамояд. Ин манфиатҳо бо фарогирии масъалаҳои тағйирёбии иқлим, таъминоти энергетикӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҷассум ёфта, барои таҳкими ҳамкории минбаъдаи байналмилалӣ заминаи навро фароҳам месозад.

Аммо ин манофеъ бе таъмин намудани суботи сиёсӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки манфиатҳои умумии байналмилалиро фаро мегиранд ғайриимкон мегардад. Дар натиҷа нуқтаҳои ҳамгироии муносибатҳои байналмилалӣ дар Форуми Умумиҷаҳонии Иқтисодӣ ба маҷрои манфиатҳои геосиёсӣ таваққуф менамояд.

Дар асоси натиҷаҳои форуми мазкур, метавон хулоса намуд, ки минбаъд масъулини қабули қарор дар сатҳи ҷаҳон дар назди худ ду интихоб доранд:  «таҳкими ҳамкорӣ ва таъини субот ё мубориза бо ноустувории афзоянда». Маҳз ин нуктаи муҳим дар шиори форум таҳти унвони «Ҳамкорӣ барои асри маърифат» инъикос гардидааст.

Дар воқеъ пуртазод гардидани авзоъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, номуайянӣ ва бесуботӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати инкишофи иқтисодӣ заминаи заруриро фароҳам оварда наметавонад. Бо дарназардошти оқибатҳои манфии дарозмуддати равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мазкур ҷалб намуда, ҷиҳати қабули қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” даъват намуданд [4].

Ҳамзамон, ин ташаббус масъалаҳои пешгирии фалаҷшавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва расидагӣ ба ҳалли саривақтии мушкилот дар сайёраро таъкид менамояд, ки бори дигар аҳамияти таърихӣ ва башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Бешубҳа метавон гуфт, ки ин ташаббус ҷиҳати мусоидат ба ҳалли дурандешонаи масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодии муносибатҳои байналмилалӣ нигаронида шуда, тамоюлҳои пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ мубрамияти онро инъикос менамояд.

Сарчашмаҳои истифодашуда:

  1. Давос-2025 открывается вопросом “Как возобновить экономический рост?”. // Манбаи электронӣ: https://ru.euronews.com/2025/01/20/davos-sasha-opening (санаи муроҷиат – 28.01.2025)
  2. World Economic Forum. Davos 2025: Special Address by António Guterres, Secretary-General, United Nations // Манбаи электронӣ: https://www.weforum.org/stories/2025/01/davos-2025-special-address-by-antonio-guterres-secretary-general-united-nations// (санаи муроҷиат – 29.01.2025)
  3. United Nations. (2024). World on Track to Achieve Only 17 Per Cent of 2030 Agenda Targets, Speakers Warn, as Second Committee Takes Up Sustainable Development Reports. // Манбаи электронӣ: https://press.un.org/en/2024/gaef3604.doc.htm#:~:text=With%20only%20six%20years%20remaining,as%20it%20took%20up%20that. (санаи муроҷиат – 31.01.2025)
  4. Суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ // Манбаи электронӣ: https://president.tj/event/news/47775 (санаи муроҷиат – 04.02.2025)

Фаттоев М.С. – муовини сардори Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед