Рӯзи 24 декабри соли 2021 ҷамъомади умумии кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, зимнан қайд кард, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.

Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Ба ифодаи дигар, Паём сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти марҳалавӣ ва барномавӣ дошта, паёми марҳалаи рушди устувори кишвар мебошад. Чунин моҳияти Паёми имсола аз он бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии соҳибистиқлол марҳалаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро ҷамъбаст намуда, ба марҳалаи рушди устувори худ гузаштааст. Бинобар ин, маҳз баррасии ҳадафу вазифаҳои марҳалаи рушди устувор дар меҳвари Паёми навбатӣ қарор гирифтаанд.

Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун санади ҷомеъ ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дар бар мегирад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст. Дар баробари ин, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба чунин фаслҳо ҷудо намуд:

  1. Натиҷаҳои бадастомада дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлоли давлатӣ
  2. Нақшаҳои бунёдӣ барои давраҳои минбаъда
  3. Натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2021
  4. Дастовард ва мушкилоти соҳаҳои асосии иқтисодӣ (саноат, энергетика, нақлиёт ва роҳҳо, сохтмон, кишоварзӣ)
  5. Дастовард ва мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, масъалаҳои бонувону занон, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш).
  6. Қонуният ва ҳифзи тартибот
  7. Сиёсати хориҷӣ
  8. Нуктаҳои хотимавӣ

Ҳамин тавр, Паёми навбатӣ бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба ифода ва инъикос менамояд.

Баъдан муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии  сиёсати дохилӣ Мирзо Ашӯров,  котоби илмии Марказ Рухшона Одилова, Раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯзи Рамазон ва дигарон дар бораи  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, нуктаҳои муҳим ва ҷанбаҳои гуногуни ин  санади сарнавиштсозро шарҳу тавзеҳ доданд.

Сипас муаарифии китоби  “Нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (аз таърихи 21 декабри соли 2021)”, ки ҳамчун маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳӣ аз ҷониби кормандони Марказ таҳия гардидааст, баргузор гардид.  Ҳозирин пиромуни ин маводи арзишманд фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Дар фарҷом директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҳамоишро ҷамъбасту натиҷагирӣ  карда,  изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳимми давлатӣ минбаъд низ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Паёми навбатиашон талош меварзанд ва бо таҳияи маводи таҳлилӣ ва таклифу пешниҳодҳои муфиду арзишманд дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.

    Р.S. Барои дарёфти матни пурраи “Нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз таърихи 21 декабри соли 2021 аз ин ҷо дастраст намоед.

Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед