Рӯзи 9 январи соли 2020 ҷамъомади умумии кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, зимнан қайд кард, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.
Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти марҳалавӣ ва барномавӣ дошта, паёми марҳалаи рушди устувори кишвар мебошад. Чунин моҳияти Паёми имсола аз он бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии соҳибистиқлол марҳалаи эҳё ва барқарории давлатдории миллиро ҷамъбаст намуда, инак, ба марҳалаи рушди устувори худ гузаштааст. Бинобар ин, маҳз баррасии ҳадафу вазифаҳои марҳалаи рушди устувор дар меҳвари Паёми навбатӣ қарор гирифтаанд.
Паёми имсола бо таҳлили дастовардҳои кишвар дар ҳафт соли охир оғоз гашта, дар асоси онҳо дар назди Ҳукумати мамлакат вазифаҳои нав гузошта шудааст. Чунин равиши таҳлилӣ, ҷамъбастӣ ва оянданигарӣ саросари Паёмро фаро гирифта, қадамҳои устувори кишвар ва дурустии роҳи пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат дар ҳар бахши Паём ба таври асоснок ифода ёфтааст.
Аз назари мазмун ва муҳтавои умумии он, Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба ҳашт бахши асосӣ тақсим намуд, ки ҳар яке барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд:
Бахши 1: Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар ҳафт соли охир ва вазифаҳои нав дар назди Ҳукумати мамлакат.
Бахши 2: Авлавиятҳо ва дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар дар марҳилаи нав.
Бахши 3: Арзёбии дастовардҳои муҳимми кишвар дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ.
Бахши 4: Рушди сайёҳи ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди кишвар.
Бахши 5: Шарҳи самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат дар марҳалаи нави рушду пешрафт.
Бахши 6: Масъалаҳои таҳкими волоияти қонун ва таъмини амнияти миллӣ.
Бахши 7: Арзёбии моҳият ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бахши 8: Таъкидҳо ва ҳидоятҳои ҷамъбастии Пешвои миллат барои таъмини ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун санади ҷомеъ ва фарогир, таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа қарор гирифтааст. Дар баробари ин, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Ҳамин тавр, Паёми имсола бори дигар дидгоҳи мардумсолор ва сиёсати халқпарвару инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба ифода ва инъикос менамояд.
Сипас мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Шаҳзода Қаюмова, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Абдураҳмон Қурбонов, Раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯзи Рамазон пиромуни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, нуктаҳои муҳим ва ҷанбаҳои гуногуни ин санади сарнавиштсозро шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҷамъомадро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ минбаъд низ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Паёми имсолаи ӯ талош меварзанд ва бо таҳияи маводҳои таҳлилӣ ва таклифу пешниҳодҳои муфиду арзишманд дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон